Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд мегӯяд, ду сарбозаш дар Кашмир кушта шудаанд


Фармондеҳони артиши Ҳинд мегӯянд, ки нерӯҳои покистонӣ ду сарбози онҳоро дар маҳалле, ки Вилояти ҷанҷолии Кашмирро ду тақсим мекунад, куштаанд. Мақомоти Ҳинд гуфтанд, рӯзи сешанбе баъди онки нерӯҳои Покистон вориди марзи Кашмири таҳти контроли Ҳиндро убур карданд, миёни ду тараф даргирӣ ба вуқӯъ пайваст. Сухангӯи артиши Ҳинд даргириро “иғвои бузург” номид. Ду рӯз пеш аз ин Покистон гуфт, ки нерӯҳои Ҳинд як сарбози онро дар посгоҳи хате, ки Кашмирро ду тақсим мекунад, куштанд. Ҳинду Покистон аз соли 1947 то кунун се маротиба барои Вилояти Кашмир ҷангидаанд.
XS
SM
MD
LG