Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзунаи Муҳаммадалӣ, хабарнигори нашрияи «Овоза ва ҳақиқат», тасмим дорад овозхон, Ҷонибеки Муродро барои таҳқиру таҳдид ба додгоҳ бикашад.

Ин хабарнигор мегӯяд, барои дарёфти посух ба суоли хонандагони нашрия, дар бораи фурӯпошии оилаи Ҷонибеки Мурод ва муносибаташ бо Шабнами Сураё ба ҳамсари Ҷонибек, Машҳура муроҷиат кардааст. Машҳура дар аввал ба суолҳои хабарнигор посух дода, вале гуфтааст барои нашри мавод бояд бо падараш машварат кунад. Аммо рӯзи дигар нафаре бо Мавзуна тамос гирифтаву худро ёвар ва баъдан бародари Ҷонибек муаррифӣ карда, аз хабарнигор хостааст аз баҳри таҳия ва нашри ин мавод бигзарад ва ӯро дашному таҳдид ва таҳқир кардааст.

Мавзуна мегӯяд, дар ин ҷо ӯ вазифаи хабарнигории худро анҷом дода, хостааст ба суоли хонандагони нашрия посух дарёфт кунад: «Як сол зиёд мешавад, ки хонандаҳо аксаран дар ҳамин бора аз мо суол мекарданд, мактубҳои зиёд дорем. Ҳар як нашрия ин минбари озоди хонанда аст ва ман ҳам аз рӯйи меъёрҳои журналистика амал кардам, виҷдонам намегузорад, ки ягон суоли хонанда беҷавоб монад. Ман хостам беҳунарии худро чун як хабарнигор нишон надиҳам ва тасмим доштам бо ҳар ду ҷониб ҳам Ҷонибек ва ҳам ҳамсари ӯ суҳбат кунаму дақиқ кунам, ки зиндагии якҷоя доранд ё на? Ин таҳдиду таҳқир на танҳо ба ман, балки ҳам барои ҳафтанома ва ҳам ба дигар ҳамкасбону хонандаҳои мо буд. Ва мо бо ҳайати эҷодии ҳафтанома тасмим гирифтем, Ҷонибекро ба додгоҳ кашем.»

Тасмими ба додгоҳ кашидани овозхон Ҷонибеки Мурод аз сӯйи рӯзноманигор Мавзунаи Муҳаммадалӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки худи овозхон ин рӯзҳо берун аз Тоҷикистон аст.

Беҳрӯз Зеваров

Беҳрӯз Зеваров

Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ҷонибек, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кард ва гуфт фикр намекунад, ки худи Ҷонибек аз ин ҳодиса огоҳ бошад. Зеваров афзуд, ки Ҷонибек бо рӯзноманигорон ҳамкорӣ ва муносибати хуб дорад ва ҳатман баъди бозгашт аз сафар бо кормандони нашрияи «Овоза ва ҳақиқат» суҳбат кардаву забон хоҳад ёфт: «Ман шахсан ин нашрияро мутолиа ва кормандони онро эҳтиром мекунам. Ҷонибек аз ин ҳодиса воқиф нестанд. Ин ҷо як нофаҳмӣ шудааст ва вақте бозгашт аз сафар мо ҳатман ин нофаҳмиҳоро бо роҳи хуб бартараф хоҳем кард. То имрӯз Ҷонибек ба ҳар суоли хабарнигорон оромонаву хуб посух медод ва ягон мушкиле дар ин маврид набуд.»

Аммо хабарнигоре, ки мегӯяд, аз сӯи ёвари Ҷонибек таҳқир шудааст, бовар дорад, ки худи овозхон аз ин қазия хуб огоҳ аст. Ба қавли Мавзуна бо ӯ аз рақами телефони шахсии Ҷонибек тамос гирифта, таҳдиду таҳқир кардаанд.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ҷонибеки Мурод ва таҳлилгари шоу- бизнеси тоҷик мегӯяд, дар воқеъ баъзан хабарнигорон бидуни риояи меъёрҳои журналистӣ бо суолҳое, ба овозхонон муроҷиат мекунанд, ки як навъ дахолат ба зиндагии шахсии онҳост. Аммо ба гуфтаи ӯ, Ҷонибек аз овозхононест, ки аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон намегурезад ва борҳо роҷеъ ба муносибатҳояш ва омилҳои фурӯпошии оила ва ҳам дуэташ бо Шабнам ба суоли онҳо посух гуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, агар тарафи овозхон Ҷонибеки Мурод намехост ба суоли рӯзноманигор посух бигӯяд, бояд бидуни истифода аз таҳқиру таҳдид, бо пеш овардани меъёрҳои қонун, ки дахлнопазирии ҳаёти шахсиро кафолат медиҳад, бархӯрд мекарданд. Қаршибоев меафзояд, дар сурати муроҷиати расмии рӯзноманигор ба ин созмон ва баъди шикояти бурдани ӯ ба додгоҳ онҳо метавонанд ба таҳқиқи ин қазия пардохта, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ барояш кӯмак расонанд.

Аммо Мавзунаи Муҳаммадалӣ, ки ҳоло дар таътил ва сафари корӣ аст мегӯяд, агар Ҷонибек ва ёвари ӯ ба дарки иштибоҳи худ рафта барои сӯҳбат бо нашрия изҳори омодагӣ кунанд, ба хотири эҳтироми Ҷурабеки Мурод, падари Ҷонибек, шояд ӯ аз даъвои худ гузарад. Мавзуна мехоҳад ин қазия барои овозхонҳои дигар як навъ дарси ибрат шавад, ки дар муносибат бо хабарнигорон аз эҳтиром кор бигиранд.

Дар зимн Нуриддин Қаршибоев раҳбари анҷумани милии расонаҳои мустақил мегӯяд, то имрӯз даъвову муроҷиат ба ин маънӣ аз сӯйи рӯзноманигорон сурат мегирифт, аммо ин баҳсҳо то ба додгоҳ нарасида ҳалли худро пайдо мекарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG