Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳасани Ҳайдар: "Санъат ҳам қурбонӣ мехоҳад..."


Дар акс: Ҳасани Ҳайдар бо ҳамроҳии Ноҳиди Зайналпур

Дар акс: Ҳасани Ҳайдар бо ҳамроҳии Ноҳиди Зайналпур

Ҳасани Ҳайдар, овозхони маъруфи тоҷик, вақтҳои ахир, ба қавли мардум, хеле камнамо шудааст.

Хабарнигори "Озодӣ" ҳам дар як мусоҳиба бо ин овозхони тоҷик, аз ӯ пурсид, ки ҳоло дар куҷост ва чаро бештар дар маҳфилу ҷашнҳои низомӣ таронасароӣ мекунад?

Ҳасани Ҳайдар: "Ҳоло дар гурӯҳи созу овозии "Ватан"-и вазорати мудофиа кор мекунам. Чанд бор бо ин гурӯҳ дар озмунҳои байнулмилалӣ ҳам баромад кардем. Муваффақ ҳам шудем. Дар ҷашнҳои Артиши милливу Иди ғалаба ҳам барномаҳо омода мекунем."

Радиои Озодӣ: Бубинед, мо Ҳасани Ҳайдарро асосан сарояндаи таронаҳои ошиқонаву ҳикматдор мешиносем. Чаро рӯ ба таронаҳои низомӣ овардед?

Ҳасани Ҳайдар: "Эҷодиёти санъаткор бояд гуногунранг бошад. Мо ҳамеша дар як равиш намеистем, зеро ба назари мо, сурудҳои ватандӯстиву ҳарбӣ, ошиқонаву баҳоронаву пандомӯз бояд омехта бошанд."

Радиои Озодӣ: То ба ҳол кадом таронаҳои низомиро иҷро кардаед?

Ҳасани Ҳайдар: "Лашкари тоҷикон" ном як таронаро соли 2008 омода карда будам, ки чанд бор дар садову симо пахш шудааст. Соли гузашта як таронаро таҳти унвони "Аскари тоҷик", бар матни Мирзо Файзалӣ омода кардам, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки дар озмуни байнулмилалии "Виват, победа!" дар Маскав ҳам садо дод."

Ноҳиди Зайналпур

Ноҳиди Зайналпур

Радиои Озодӣ: Қаблан бо Шумо хонуматон Ноҳид Зайнулпур ҳам баромад мекарданд, ки он касро як скрипканавози беҳтарини Тоҷикистон мешинохтем. Он кас ҳоло бо чӣ кор машғуланд?

Ҳасани Ҳайдар: "Ин ҳолат хоси навозандагони касбӣ аст. Соли гузашта мо дар Маскав будем. Он ҷо як гурӯҳе ташкил шуд бо номи "Мерос". Ин гурӯҳ таронаҳои шарқиро менавозаду мехонад. Ноҳид бар асоси озмун ба ин гурӯҳ гузашт. Виолон - скрипка менавозад. Кораш шартномавӣ аст. То моҳи майи соли равон дар ин гурӯҳ мебошад. Хурсандиовар аст, ки аз номи Тоҷикистон Ноҳид баромад мекунад."

Радиои Озодӣ: Боз киҳо дар он гурӯҳ ҳастанд?

Ҳасани Ҳайдар: "Бештарашон аз Эрону Ҳиндустону Афғонистонанд. Як гиторнавози узбак ҳам ҳаст, ки дар гурӯҳи Юлдуз Усмонова буд. Муассиси гурӯҳ як афғонистонӣ бо номи Фарид Қаюмӣ аст, ки худаш ҳам навозанда аст. Онҳо чанд консерти бузург дар Маскаву хориҷ аз он доштанд. Раҳбарияти шаҳри Маскав ҳам дар ин консертҳо ширкат кардааст."

Радиои Озодӣ: Оё набудани ҳамсаратон барои Шумо мушкил нест?

Ҳасани Ҳайдар: "Мегӯянд, ки "санъат қурбонӣ мехоҳад". Аз ҳамдигар дурем, лекин пайваста дар тамос ҳастем. Моҳи январ дар Русия ҳамроҳ чанд консерт ҳам доштем. Албатта, набудани ӯ ҳис мешавад. Дар ҳама баромадҳо, ки якҷо будем, ҳоло набудани ӯро эҳсос мекунам. Аммо барои пешрафти кор, сайқал додани ҳунару маҳорат ин қурбониҳо ногузиранд."

Радиои Озодӣ: Аз овозхонҳои ҷавони имрӯза ягон нафаре ҳаст, ки писандида бошед?

Ҳасани Ҳайдар: "Ҳамаро ном ба ном гуфта наметавонам. Аммо кӯшишҳоеро, ки писари устод Ҷӯрабеки Мурод – Ҷонибеки Мурод ҳоло барои муаррифии суруди тоҷикӣ дар хориҷ – Русияву Амрико мекунад, шоистаи таҳсин аст. Хуб аст, ки ҳунару маҳорати худро дар он ҷойҳо такмил медиҳад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG