Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Внуково 4 нафар аз оташ гирифтани ҳавопаймо ҷон додаанд


Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфтааст, ки дар фурудгоҳи Внуковои Маскав дар ҳодисаи оташ гирифтани ҳавопаймо 4 нафар ҷон додаанд.

Дар ин фурудгоҳ ҳавопаймои ТУ 204 ба фоҷеа дучор шудааст. Тавре, ки манобеи Русия хабар медиҳанд, ин ҳавопаймо аз хати нишаст берун рафта оташ гирифтааст.
Мақомоти фурудгоҳ мегӯянд, ки ҳавопаймо сахт осеб дидааст.

Сабабҳои аз хат берун рафтани ҳавопаймо дақиқ карда мешавад. Ҳангоми нишасти ҳавопаймо барфи сабук меборидааст.

Ҳавопаймо аз Чехия парвоз мекардааст. Дар наворе, ки дар интернет гузошта шудааст, дида мешавад, ки ҳавопаймо оташ гирифтааст ва месӯзад.
XS
SM
MD
LG