Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тан аз рабудашудагон дар Сурия шаҳрвандони Русияанд


Сафорати Русия дар Сурия ғайб задани ду русиягӣ дар ин кишварро тайид кард. Бар пояи хабарҳо, дирӯз дар шоҳроҳи Тартус-Ҳумс се хориҷӣ – ду шаҳрванди Русия ва як итолиёвӣ аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос рабуда шуданд.

Сергей Марков, як тан аз масъулини сафорати Русия дар Димишқ, ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки ҳарсеи онҳо дар корхонаи оҳангудозии "Хмишоико» кор мекарданд.Яке аз рабудашудагон Абдусаттор Ҳассун шаҳрванди ҳам Русия ва ҳам Сурия аст.

Ба гуфтаи Сергей Марков, сафорати Русия дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар пайи ҷустуҷӯи рабудашудагонанд.

Ахиран рабуда шудани ду шаҳрванди Русия аз сӯи вазорати умури хориҷии кишвар ҳам тасдиқ шуд.
XS
SM
MD
LG