Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони Муҳаммад Мурсӣ ба артиши Миср


Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, ба артиши кишвараш фармон додааст, дар остонаи раъйпурсии умумӣ дар бораи тарҳи Қонуни Асосӣ, “ниҳодҳои давлатиро муҳофизат кунанд.” Бар асоси ин фармон, ки рӯзи якшанбе содир шуд, афсарони артиши Миср ҳақ доранд, мардумиро мулкиро дастгир кунанд ва барои “таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” бо пулис ҳамкорӣ намоянд. Фармони Муҳаммад Мурсӣ дар замоне содир шуд, ки мухолифони давлати Миср барои тазоҳуроти оммавӣ дар рӯзи сешанбе омодагӣ мегиранд. Ба гуфтаи мухолифон, тарҳи Қонуни Асосӣ, ки исломгароёни ҳаводори раиси ҷумҳур шитобкорона тасвиб кардаанд, ба ҳуқуқи на ҳама эҳтиром мегузорад ва раъйпурсии оянда тафриқа дар миёни ҷомеаи Мисрро амиқтар хоҳад бурд. Дар саъйе барои фӯру нишондани таниш миёни ду тараф, Муҳаммад Мурсӣ, як дастур аз моҳи гузаштаро беэътибор кард, ки салоҳиятҳои васеъе ба ӯ дода буд. Аммо Мурсӣ гуфт, ки раъйпурсӣ дар рӯзи муқарраршуда баргузор мешавад. Ҳафтаи гузашта баъди муноқишаи хунини тарафдорон ва мухолифони Муҳаммадр Мурсӣ дар назди кохи раиси ҷумҳур дар Қоҳира, дар атрофи ин кох тонкҳои артишро гузоштанд.
XS
SM
MD
LG