Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон боз як фармондеҳи "Ал-Қоида" кушта шуд


Кормандони амниятии манотиқи қабоилнишини Покистон хабар доданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ се фарди мусаллаҳ, аз ҷумла, як фармондеҳи аршади шабакаи “Ал-Қоида” кушта шуд.

Ҳавопаймо ба мавзеи Табӣ, воқеъ дар канори шаҳри Мироншоҳ, маркази вилояти Вазиристони Шимолӣ, чаҳор мушак андохт. Хабаргузории Рейтер бо такя ба масъулини хадамоти кашфи низомӣ навишааст, ки миёни кушташудагон Муҳаммад Аҳмад Ал-Мансур, як фармондеҳи аршади “Ал-Қоида” низ ҳаст.

Аз ин пеш бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар ҳамин минтақаи Покистон 11 нафар, аз ҷумла, яке аз афроди бонуфузи шабакаи “Ал-Қоида” Абӯ Зайд ба ҳалокат расида буд. Абу Зайд тобистони соли равон дар раҳбарияти “Ал-Қоида” ҷойгузини Абӯ Яҳё ал-Либӣ шуд. Ёдовар мешавем, ки Ал-Либӣ ҳам бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ҷон бохта буд.
XS
SM
MD
LG