Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари "хуш" барои муҳоҷирони корӣ дар Русия


Ҳукумати Русия бо судури як қарор меъёри ҷалби нерӯи кори хориҷӣ ба муассисаҳои савдои хурдафуруширо то 25 дар сад боло бурдааст, ки аломати дигаре аз эҳтиёҷи Русия ба муҳоҷирони корӣ дониста мешавад. Қарори мазкур аз рӯзи як декабр бо имзои Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар торнамои ҳукумати ин кишвар нашр шудааст. Бар асоси ин дастур, муассисаҳои савдои чакана, бахусус фурӯшгоҳҳои маҳсулоти спиртӣ дар Русия метавонанд, сар аз якуми январи соли 2013 то 25 дар сади кормандони худро аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ бигиранд. Аммо ҷалби муҳоҷирон барои кор дар дорухона ва бозорҳои Русия мумкин нест. Русия мизбони тақрибан як миллион нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки дар мағоза ва асосан сохтмонҳо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG