Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА хабари ғайб задани ҳавопаймои бесарнишинро рад кард


Нерӯҳои дарёии ИМА изҳор намуданд, ки ягон ҳавопаймои бесарнишини кишвар дар ҳарими ҳавоии халиҷи Форс ғайб назадааст.

Мақомоти низомии Эрон имрӯз хабар доданд, ки дар ин фазои халиҷи Форс ҳавопаймои бесарнишини ScanEagle, як ҳавопаймои хурд ва сохти кӯҳнаро барои фуруд омадан маҷбур сохтанд. Контр-адмирал Алӣ Фадавӣ ба хабаргузории Форс гуфтаааст, ки ин ҳавопаймои бесарнишин аз ин пеш дар халиҷи Форс ба ҷамъоварии иттилои сиррӣ машғул буд.ScanEagle аз сӯи як филиали ширкати Боинг сохта шудааст.

Алӣ Фадавӣ ҳамчунин гуфт, ки ин гуна ҳавопаймоҳои бесарнишин, таври маъмул, аз киштиҳои бузурги низомӣ парвоз мекунанд.

Моҳи гузашта азорати дифоъи Амрико хабар дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Эрон ба як ҳавопаймои бесарнишин ва ғайримусаллаҳи ИМА дар Халиҷи Форс ҳамла кардаанд. Ҷорҷ Литл сухангӯи вазорат ба хабарнигорон гуфт, ки ин ҳодиса дар фазои қаламравҳои обии байналалмилалӣ ва тақрибан 26 километр дуртар аз соҳили Эрон сурат гирифт. Ба ҳавопаймои бесарнишини "Предатор" тир нарасидааст ва он беосеб ба пойгоҳ баргашт."
XS
SM
MD
LG