Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

293 миллион доллар бурд аз лоторея


Як хонавода дар аёлати Миссурии Амрико 293 750 000 доллар, яъне нисфи 587,5 миллион доллар ҷекпоти ҷамъшуда дар лотореяи Powerball-ро бурд. Марк Ҳилл, механики 52-сола ва ҳамсари бекори ӯ Синдӣ рӯзи ҷумъа бо даъвои пирӯзӣ ба дафтари ин лоторея сар заданд. Вале дар як даст ба онҳо танҳо 193 миллион доллар хоҳанд дод, ки баъди пардохти молиёт танҳо 136,5 миллионаш дар ҷайби Марк ва Синдӣ хоҳад монд.
Нисфи дувуми ҷекпоти Powerball насиби як нафар дар аёлати Аризона шуд, вале ӯ ҳанӯз аз худ дарак надодааст.
XS
SM
MD
LG