Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду бародари "сияҳкор" дар Флорида


Мақомоти Амрико аз боздошти ду зодаи Покистон дар минтақаи Форт Лаудердейли аёлати Флорида бо иттиҳоми пуштибонӣ аз террористҳо ва қасди истифодаи силоҳи қатли омм дар дохили Амрико хабар доданд. Ба гуфтаи мақомот, Шаҳриёр ва Раис Аламқозӣ бародарони яке 30 ва дувумӣ 20- сола буда, ҳарду шаҳрванди Амрико шудаанд. Айбномаи расмӣ мегӯяд, ки онҳо дар чорчӯби қасди ба даст овардани силоҳи қатли омм пулу манзил, васоили мухобира ва нақлиётро таъмин мекарданд. Ҷузъиёти зиёдтаре дастрас нест, вале ба гуфтаи додситонҳо, “ҳар навъ таҳдид”-и ношӣ аз ин ду бародар хунсо шудааст.
XS
SM
MD
LG