Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Блейк аз 3 тавсияи WB ба Душанбе


Муовини вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк бо истиқбол аз таҳқиқоти ахири Бонки ҷаҳонӣ(WB) дар бораи роҳҳои рафъи буҳрони барқи Тоҷикистон дар мавсими сармо гуфт, Амрико омода ҳаст, дар иҷрои ин барнома ҳамдастӣ кунад. Бонки ҷаҳонӣ дар гузоришаш навишт, ки Тоҷикистон бо афзоиши воридот, коҳиш додани талафоти он ва тавлиди бештари барқ дар марказҳои гармидиҳӣ метавонад алакай то соли 2016 ба лимити барқ хотима диҳад. Бонки ҷаҳонӣ хароҷоти ин барномаро барои 8 соли оянда 3,4 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Аммо дар ин гузориш ба тарҳи Роғун, ки Душанбе танҳо роҳи халосии кишвар аз буҳрони барқ мешуморад, ишорае нарафтааст.
XS
SM
MD
LG