Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиб Айёмбеков: "Ҳама медонанд, мо мамнуъулхуруҷем"


Толиб Айёмбеков, яке аз раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон
Толиб Айёмбеков, яке аз раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон

Пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон мегӯянд, аз эълон шудани худ дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ, ҳайратзада шудаанд.

Толиб Айёмбеков, яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯву ҳамсафонаш то ба имрӯз аз ҳамчунин тасмими ҳукумати Тоҷикистон, ки онҳоро ба ҷустуҷӯи Интерпол додааст, хабар надоштанд. Ӯ мегӯяд, шахсан бо кормандони додситониву милиса ва ҳатто сарварони ниҳодҳои қудратӣ мулоқот мекунад: "Рости гап, нафаҳмидам, ки ин ба кӣ даркор бошад. Ҳамаи Тоҷикистон медонад, ки мо "подписка о не виезде" дорем, яъне мамнуъулхуруҷ ҳастем. Дар хонаам ҳастам, беморхона рафта меоям. Касе аз мо нагурехтааст. Ягон касе ягон гап ҳам дар ин бора нагуфтааст. Нав аз интернет ин гапро фаҳмидем. Оромӣ аст. Ёдгор паси зиндагии худ аст. Боқир бо мошини худ дар шаҳр мегардад. Ростӣ, намедонам."

Расонаҳои Тоҷикистон қаблан бо такя ба иттилои торнамо ё сайти пулиси байналмилалӣ – Интерпол хабар доданд, ки Толиб Айёмбеков, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов ва ҳам Имомназар Имомназаров, ки ҳангоми амалиёти Бадахшон кушта шуд, бо иттиҳомоти даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир,
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
истисмори ҷинсӣ ва ҷиноят алайҳи ҳаёту саломатии инсон, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ба ҳол аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунад. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат гуфт, аз қазия огоҳ нест, аммо афзуд, ин ниҳод бо Интерпол аз панҷ сол ба ин сӯ ҳамкорӣ мекунад. Вай илова кард, ки "барои кофтукоби Интерпол он нафаронеро пешниҳод мекунем, ки ҷинояткорони махсусан хафвнок ҳастанд. Онҳо ҷиноятро дар Тоҷикистон содир намуда, аз ҳудудҳои кишвар фирор кардаанд."

Дар ҳамин ҳол, коршиносон рӯи замони ҷой додани ин иттилоъ дар сомонаи Интерпол назарҳои мухолиф доранд. Иддае мегӯянд, ин иттилоъ пас аз 21-уми июли соли равон, рӯзи ба қатл расидани Абдулло Назаров, сарвари Раёсати КДАМ-и вилоят ва шурӯи ноамниҳо дар Бадахшон ба Интерпол дастрас шудааст.

Аммо ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов бо такя ба манобеи худ мегӯяд, ҷустуҷӯи пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон қабл аз ин ҳодисаҳо - 8 июли соли равон иттифоқ афтодааст: "Агар 8-уми июл онҳоро мавриди ҷустуҷӯи Интерпол қарор доданд, ду номафҳумӣ аст. Якум, он замон Толиб Аёмбеков, корманди Раёсати марзбонии КДАМ буд. Чӣ тавр як корманди давлатиро ба ҷустуҷӯи Интерпол супориданд? Дувум, вақте маълум аст, ки ҳамаи онҳо дар хонаи худ, дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, чаро бояд тариқи Интерпол онҳоро ҷустуҷӯ кард?"

Қудратов мегӯяд, эҳтимол ин як гуна омодагии ҳукумат ба амалиёти Бадахшон буд, то дар ҳоли фирори фармондеҳони собиқ ба хориҷ, онҳоро барои ҷомиаи байнулмилалӣ як ҷинояткори хавфнок муаррифӣ карда тавонанд.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик
Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик
Бино ба маълумоти торнамои Интерпол, тариқи ин ниҳод Тоҷикистон ҳудуди 140 нафарро ҷустуҷӯ мекунад, ки аксаран шаҳрвандони ин кишвар буда, ҳудуди 20 тани онҳо атбои Аморати Муттаҳидаи Араб, Узбакистон, Украина, Эрон, Нигерия, Ғана, Туркманистон ва Чин ҳастанд.

Аммо коршиносон нақши Интерполро дар боздошти афроде, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунад, заъиф ва тасмимҳояшро сиёсӣ унвон мекунанд. Ба қавли онҳо, Абдумалик Абдуллоҷонов, Нарзулло Дӯстов, Маҳмуд Худойбердиев ва дигар мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ки ҷинояткори ашаддӣ муаррифӣ мешаванд, аз 15 сол ба ин сӯ дар рӯйхати Интерпол қарор доранд, аммо бо вуҷуди маълум будани макони зист, кишварҳои паноҳдиҳанда ба истирдоди онҳо майле надоранд.

Ахиран Абдувосит Латифов, собиқ фармондеҳи ИНОТ, ки низ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт, дар Русия боздошт ва ба қавле, ба Тоҷикистон истирдод шудааст, ки ба назари коршиносон, хидмати Интерпол нест.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG