Пайвандҳои дастрасӣ

Аз фармондеҳони Хоруғ даъват шуд, ба бозпурсӣ ҳозир шаванд


Мақомоти амниятӣ аз се фармондеҳи дигари Бадахшон ҳам даъват кардаанд, ки ба тафтишот ҳозир шуда, бегуноҳии худро исбот кунанд.

Ёдгор Файзов, сарвари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни музокироте, ки миёни мақомот ва се фармондеҳи дигар идома дорад, танҳо ин масъала матраҳ аст, ки дар пайравӣ бо Толиб Айёмбеков онҳо низ ба тафтишот ҳозир шаванд. Вай афзуд, музокирот бо ширкати танҳо мақомот ва фармондеҳон идома дорад.

Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамаи фармондеҳони Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Ёдгор Шомусалламов ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро дар қочоқи инсон, маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, тамоку ва аз худ кардани маблағи давлат муттаҳам карда буд.

Рӯзи душанбе Толиб Айёмбеков, афсари Раёсати марзбонии КДАМ – и Тоҷикистон зимни як муроҷиат аз ҳамкории худ бо мақомот сӯҳбат карда, гуфта буд, ки даст доштани ӯ дар куштори генерал Абдулло Назаров одилона баррасӣ шавад.

Ёдгор Файзов, ки дар музокироти ӯ бо мақомот миёнарав будааст, мегӯяд, Айёмбеков мегӯяд, ки дар куштори генерал Назаров умуман даст надорад ва ба касе ҳам чунин фармоиш надодааст. Вай афзуд, бародар ва писари ӯ низ ҳамчун шоҳид боздошт шудаанд.

Сарвари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дар бораи мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро, ки бино ба иттилои бархе расонаҳо, субҳи имрӯз, 15-уми август сурат гирифтааст, рад кард. Вай афзуд, дирӯз ба хотири мулоқот бо як ҳайати хориҷӣ ба Душанбе омада, фардо боз ба Хоруғ сафар хоҳад кард.

Хабари даъват шудани ин се фармондеҳ барои ҳузур дар тафтишот дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 14-уми август намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳузури вакилони дифоъ ба пурсиши Толиб Айёмбеков оғоз кардаанд. Толиб Айёмбеков, яке аз чаҳор фармондеҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ аст, ки дар куштори генерал Абдулло Назаров дар вохири моҳи июл муттаҳам дониста мешавад.

Манбаи мо мегӯяд, ҳоло додситонии вилояти Бадахшон се вакили мудофеъ (адвокат)-ро барои пуштибонӣ аз Толиб Аёмбеков ҷалб намудааст, ки ду нафари онҳо аз як Созмони адвокатураи шаҳри Душанбе буда, яке аз онҳо аз худи Бадахшон аст. Ин манбаъ афзуд, пурсиши додситонҳо марбут ба ҳодисаи қатли сардори бахши амнияти вилояти Бадахшон, генерал Абдулло Назаров мебошад.

Баъд аз куштори генарал Абдулло Назаро ва амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ҷои будубоши Толиб Айёмбеков номаълум буд. Аммо ӯ шоми 12-уми август аз тариқи телевизиони маҳаллии Бадахшон суханронӣ карда, аз таслим шудани худ ба мақомот хабар додааст. Айёмбеков гуфтааст, ин иқдоми худро ба хотири таъмини сулҳ дар минтақа ва барқарории адолат дар таҳқиқи куштори генерал Абдулло Назаров маънидод намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG