Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омодаем марзро аз таҳдиди нерӯҳои берунӣ ҳимоя кунем"


Акс аз бойгонии ББС.
Акс аз бойгонии ББС.

Толиб Аёмбеков тайи баёнияе дар Хоруғ, хабарҳо дар мавриди пайвастани аъзои гурӯҳаш ба ҷангиёни хориҷиро рад кард.

Ба гуфтаи Аёмбеков, вай гурӯҳ ва фарди мусаллаҳи ғайриқонунӣ надорад ва бештар аз 16 сол дар Кумитаи давлатии марзбонӣ фаъолият карда, ба вазифааш содиқ мемонад.

Толиб Аёмбеков баён дошт: «Ман хабарҳо дар бораи вуруди ҷангиёни тоҷикро аз қаламрави Бадахшони Тоҷикистон ба деҳоти марзии Афғонистон тӯҳмати навбатӣ ба мақсади сиёҳ кардани худам ва кӯшиши ноором кардани вазъ дар минтақа мешуморам. Мо дар ҳалли мушкилоти дохилӣ ҳеҷ вақт ба қувваи беруна умед намебандем ва баръакас дар мавриди лозим, марзро аз таҳдиди нерӯӣ беруна ҳимоя мекунем.»

Ба гуфтаи Толиб Аёмбеков, вай ягон бор, ҳатто дар солҳои душвортарини ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон набудааст ва айни ҳол бо мақомоти қудратии кишвар ҳамкорӣ дошта, Тоҷикистонро тарк карданӣ ҳам нест, зеро таҳти ҳимояи қонун қарор дошта, ба амнияти худаш ва наздиконаш таҳдиде намебинад.

Ин баёнияи Толиб Аёмбеков, аз фармондеҳони гурӯҳои мусаллаҳи Бадахшон дар ҳоле пахш шуд, ки қаблан бархе мақомоти маҳаллии афғон бидуни бурдани ном ба хабарнигори Радиои Афғонистони Озод гуфтаанд, ки бархе аз ҷангиёни марбут ба Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон низ гӯё ба ин гурӯҳи ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшони Афғонистон пайвастаанд.


Кишварҳои минтақа аз вуҷуди мусаллаҳон дар марз огоҳанд

Дар ҳамин ҳол сардори гурӯҳи фаврӣ-ҳарбии Помири кумитаи давлатии сарҳадоти Тоҷикистон Холбаш Холбашев хабари таҷаммӯъи ҷангиёнро дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон рад кард. Вай гуфт, ки онҳо ба манзури таҳқиқи хабар бо ниҳодҳои марзбонии кишвари ҳамҷавор якҷоя кор бурданд, вале аз ҳузури ҷангиён дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон асаре наёфтанд.

Холбаш Холбашев гуфт: «Мо ҳамаи шӯъбаҳоеро, ки оиди ин масъалаҳо кор мекунанд, ҷалб кардем, аммо ягон далели дақиқ наёфтанд, ки ҳақиқатан ин гурӯҳҳо бошанд дар марз. Ман бо оқои Фалакноз, кумандони минтақаи Ҷомарчи Дарвоз сӯҳбат кардам ва вай гуфт, ки дар минтақа ягон гурӯҳ ҷамъ нест ва нафарони Толиб ҳам дар байнашон нестанд."

Ин изҳори назари Холбаш Холбашев дар ҳолест, ки дар пайи даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиён дар Бадахшони Афғонистон, 2 пулис ва 2 ҷангӣ кушта шудаанд. Як манбаъ дар мақомоти амниятии Афғонистон рӯзи шанбеи 8-уми сентябр ба Озодӣ гуфт, ҷангиён ҳадаф доштанд, ки вулусволии Юмгонро таҳти назорат гиранд, аммо дар пайи ҷанги 5 соата шикаст хӯрда, рӯ ба фирор овардаанд. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир вазъи дараи Вардуҷ ва вулусволиҳои Юмгону Ҷурм низ нигаронкунанда аст ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамла аз сӯи Толибон ва ҳамсангаронашон аз Ҳаракати исломии Узбакистон ва «Ал-қоида» сурат гирифтааст. Вай афзуд, шахсияти кушташудагон аз ҷумлаи ҷангиён муайян карда нашудааст ва эҳтимол меравад, яке афғон ва дигаре тоҷик ё узбак бошанд.

Хабарҳо оиди ҷангиёни хориҷӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон пас аз он ба миён номад, ки қаблан Абдулаввал, як масъули амниятии Арғанчхой аз зуҳури 70 нафар ҷангиёни хориҷӣ дар марзи Тоҷикситону Афғонистон ва пайвастани афроде аз гурӯҳи Толиб Айёмбеков ба онҳо изҳори назар карда, мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки аз ҳузури ин ҷангиён дар марз хабар доранд.
XS
SM
MD
LG