Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз раҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадасти Хоруғ хабари боздошт ва ба Душанбе интиқол ёфтанашро рад кард.

Рӯзи 24-уми август, баъд аз пахш шудани хабари ин ки гӯиё Толиб Аёмбеков, муттаҳами аслии куштори генерал Абдулло Назаров (дар таърихи 21 июл), барои идомаи бозпурсиҳо ба Душанбе интиқол ёфтааст, ӯ бо Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд. Вай гуфт, дар манзилаш ба сар бурда, ҳаққи тарк кардани шаҳрро надорад.

Ӯ гуфт, розӣ аст танҳо дар мавзӯи будубошаш дар Хоруғ ба саволҳои Радиои Озодӣ посух бидиҳад.

Айёмбеков: "Ман ба ҳеҷ куҷо нарафтаам, дар хона ҳастам. Ман "под подписку о невыезде" ҳастам."

Озодӣ: Мегуфтанд, ки замоне Шумо дар шифохона будед, Шуморо ОМОН ҳимоят мекард...

Айёмбеков: "Бале, ин рост аст. Ман рӯзи 21-ум август ҳамон санади "под подписку о невыезде"-ро имзо кардам ва бе конвой озод ҳоло дар шаҳр ҳастам."

Озодӣ: Шуморо ҳоло кӣ ҳимоят мекунад?

Айёмбеков: "Ман танҳо дар амони худо ҳастам."

Озодӣ: "Баъд аз кушта шудани Имомназар Имомназаров мегӯянд, ки хатари рух додани ҳама гуна ҳодиса вуҷуд дорад. Оё Шумо худро муҳофизат карда метавонед?

Айёмбеков: "Бо дасти холӣ чӣ хел муҳофизат мекунед? Бачаҳо ҳастанд, аммо бо дасти холӣ ҳеҷ кас муҳофизат карда наметавонад. Фақат Худо ҳаст дар болои сари мо."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG