Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлат Худоназаров: "Дубора ба сиёсат барнамегардам"


Давлат Худоназаров

Давлат Худоназаров

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори Радиои Озодӣ бо Давлат Худоназаров, коргардони маъруфи тоҷик.

Давлат Худоназаров аз коргардонҳои маъруфи тоҷик тайи беш аз бист соли охир дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ҳафтаи гузашта Худоназаров барои ширкат дар ҷашнвораи "Дидор" ба Душанбе омада буд ва мо бо ӯ аз наздик сӯҳбате доштем. Табиист, ки нахустин саволи мо дар бораи бозгашти ӯ ва ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон буд.

Давлат Худоназаров: “Бояд гӯям, ки ҳар сари чанд вақт ба Тоҷикистон меоям. Барои ширкат дар ҷашнвораи синамои “Дидор”дар шаҳри Душанбе бо хоҳиши худ омадам. Чун ширкати ман як сабаб дорад. Аввали сентябри соли ҷорӣ маро ба ҳайси раиси ҳайати ҳакамон дар як кинофестивали байналмилалӣ, ки дар шаҳри Қазон ҳамасола баргузор мешавад, даъват карданд. Дар Қазон киноҳои зиёдеро тамошо кардам. Фикрҳои гуногуне ба сарам омаданд. Ба хулосае омадам, ки ба Душанбе оям, то бубинам, ки кинои тоҷик дар чӣ вазъ қарор дорад. Синамои тоҷик зинда аст, намешавад гуфт, ки мурда аст. Лекин коре бояд кард, ки сифати он боло биравад ва аз сӯи дигар он ифодакунандаи воқеият ва ҳақиқатҳои зиндагии мо дар марҳилаҳои гуногун бошад."

Радиои Озодӣ: Яъне ҳоло Шуморо ангезаҳое бештар таҳрик медиҳанд, ки дубора ба кино андеша кунед ва ба сохтану таҳияи он машғул шавед?

Давлат Худоназаров (чап) ва Абдуқаюми Қаюмзод (рост)

Давлат Худоназаров (чап) ва Абдуқаюми Қаюмзод (рост)

Давлат Худоназаров: “Аммо на ба сифате, ки шахсан худам офарандаи он филмҳо бошам. На. Ин тавр нест ва на аз он ҷиҳат, ки ончиро ман анҷом додаам, ҷавонҳо такрор кунанд. Ҳар касе, ки дар арсаи фарҳангу санъат фаъолият мекунад, бояд симои худро дошта бошад. Чеҳраҳо набояд якранг бошад. Бигзор ӯ ба ман монанд набошад, ки ман аз он боз бештар хурсанд мешавам. Лекин ончи ки аз тавони ман вобаста аст, маслиҳатеву машварате, ки агар қабул кунанд, омода ҳастам кӯмак намоям. Чунки барои ман муҳим номи худи ман не, муҳим он аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ, дар хориҷ аз Шӯравии собиқ кинои тоҷик мақому манзалат касб кунад ва дар бораи он дар маҳфилҳову дар расонаҳо сӯҳбатҳо ороянд. Номи тоҷик барои ман муҳим аст."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба чӣ корҳо бандед?

Давлат Худоназаров: “Аз соли 1995 то ба имрӯз худам ва ҳамсарам Гавҳар Ҷӯраева бо масоили муҳоҷирони кории тоҷик машғулем. Агар то соли 1997 онҳо муҳоҷир буданд, баъд аз он онҳо мардикоранд. Ҳам дар шаҳрҳои бузурги Русия ва ҳам дар музофоти он ҳоло шумори зиёди тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд. Вақте дар хиёбонҳои Маскав қадам мезанед, даҳҳо бор садои тоҷикӣ ба гӯшатон меояд. Яъне, тоҷик хеле зиёд аст ва азбаски на танҳо тоҷикҳо, миллатҳои дигар низ дар Русия муҳоҷиранд, миллатгароӣ дар ин кишвар ба худ шаклу симои дигар гирифта, ба сатҳи дигар расид. Ин моро водор мекунад, ки мардуми худро дифоъ ва ҳимоят намоем. Агарки бо онҳо ноодилона ва ғайриқонунӣ бархӯрд карданд, ба дифоашон бархезем. Умдатан бо ҳамин гуна корҳо, аз ҷумла бо муҳоҷирони мариз, маҷрӯҳ ва муҳтоҷи кӯмак сару кор дорем. Аммо бояд гуфт, на ба ҳама метавон кӯмак кард ва ҳамватанони мо бояд дасти ҳамдигар бигиранд."



Радиои Озодӣ: Соли 1991 Шумо номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби нерӯҳои мардумӣ ва дигарандеш будед, ки дар интихобот беш аз 35 дарсади раъйро ба даст овардед. Яъне, як шахсияти матраҳ ва сиёсатмадори соҳибмақом будед. Аммо дар солҳои даргирии 1992-1997 сукут варзидед. Чаро?

Давлат Худоназаров

Давлат Худоназаров

Давлат Худоназаров: “Дар бораи ман чизҳои гуногун зиёд навиштанд, ки ба ягонтои он ҷавоб намедиҳам. Аслан аҳамият ҳам намедиҳам. Акнун, ки Шумо ин саволро матраҳ кардед, бояд бигӯям, ҳамон вақт низ он қадар тарафдори номзадии худ набудам. Ман ду-се бор бо президенти Академияи илмҳо Собит Неъматуллоев сӯҳбатҳои як ба як доштам ва бисёр талош кардам, ки ӯ номзадиашро пешбарӣ кунад. Гуфтам, омодаам, ки раиси Ситоди интихоботии ӯ бишавам ва маъракаи интихоботиро пеш бубарем. Бо сабабҳои гуногун ин кор сурат нагирифт ва ман роҳи дигар надоштам, чун гуфтанд, ки аз мардум рӯ гардонӣ, дуруст нест. Бояд бигӯям, ки инчунин бо хоҳиши худ раиси Иттифоқи кинометографистон нашудаам. Аммо ин зиндагӣ аст. Дар баъзе марҳилаҳо Шумо зиёдтар дар саҳна ҳастед, баъзе вақтҳо дар беруни он. Лекин тақдири Тоҷикистон, меҳр ба Тоҷикистон ҳама вақт бо ман аст, то ман зинда ҳастам. Аз солҳои 1992 то 95 ман хеле корҳоеро ба анҷом расонидам, ки сулҳ дар Тоҷикистон пойдор шавад. Дидору мулоқоти зиёде буданд бо афроду созмонҳои гуногун. Муҳим намедонам, ки дар бораи онҳо чизе бигӯям. Лекин дар баргузории он вохӯрие, ки моҳи майи соли 1995 раисиҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин устод Нурӣ доштанд аз аввал то охир ҳузур доштам ва дар омода кардани он саҳм гузоштаам. Ман ҳамчун тоҷик аз Тоҷикистон бо устод Раббонӣ, бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва бо намояндаҳояшон дар Амрико ба таври ғоибона хеле дар ин бора сӯҳбатҳо кардаам. Дар Русия низ бо намояндаҳои ҳукумат сӯҳбат кардам, то ки ин мулоқот баргузор шавад. Соли 1994 аз Амрико ба Теҳрон парвоз кардам. Тӯли се-чор рӯз аз субҳ то бегоҳ бо домулло Нурӣ сӯҳбатҳо доштем. Хулосаи сӯҳбатҳои ман ин буд, ки ин ду нафар бо ҳам дидор бинанд ва ҳамсӯҳбат шаванд. Агар ҳамсӯҳбат мешуданд, қадам ба қадам роҳ барои сулҳ боз мегардид. Ҳазор ташаккур ба устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ки хеле бародарона чун инсон ва чун тоҷик ба мо кӯмак карданд, ки алангаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон хомӯш шавад."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки ҳамвора муҳаббат ва меҳри ватан дар дилатон ҳаст ва чун як шахси матраҳ ва сиёсатмадор намехоҳед, ки ба сиёсат бозгардед?

Давлат Худоназаров: “Не. Зеро ҳар як кор марҳилаи худро дорад. Агар он вақт ҳам медидам, ки ягон нафаре ҳаст, ки ба ин кор биравад, ӯро дастгирӣ мекардам. Зеро ман дар муҳити тамоман дигар калон шудаам. Ман аз синни 14-солагӣ дар муҳити кино ворид шудам. Дар ҳамин син ба унвони ёвари оператор дар филми “Қисмати шоир” кор кардам. Шоҳиди он будам, ки устод Улуғзода ҳангоми наворбардорӣ дар даст матни сенарияаш меомад. Ин ҳама манзараҳоро аз каноре истода мушоҳида мекардам. Хуллас, дар як чунин муҳит тарбия ёфта будам. Он бо табиати ман омехта шуда буд. Ман ба сиёсат ҳамчун кинометографист омадам. Азбаски ҳис мекардам, шояд ҷанги дохилӣ бишавад ва роҳи онро гирифтан лозим аст, ба сиёсат наздик шудам."

Радиои Озодӣ: Назари Шумо дар бораи ҳаводиси ахири Хоруғ чӣ аст?

Давлат Худоназаров: “Ин ҳодисаҳо қисме аз ҷавонҳоро ба марг дучор кард. Барои ман фарқ надорад, ки аз кадом тараф кушта шуданд, чун ҳарду тараф тоҷик ҳастанд. Дар гузашта, дар ҳамон солҳои нооромиҳо ман бисёр талош мекардам, ки дар кишвар сулҳ ҳукмфармо бошад. Мегуфтам, ғайримкон аст, ки дасти рост бо корд дасти чап ва дасти чап дасти рости як танаро бибурад. Мо як тана ҳастем. Кӯҳҳо байни мо ҳастанд, байни мо дарёҳо вуҷуд дорад. Мардуми он диёр бо забонҳои гуногун гап мезанад. Лекин ин забонҳо забонҳои аҷдодамон ҳаст. Забонҳое, ки аз гузаштаи аҷдодонамон боқӣ мондааст. Забонҳои бегона нестанд ва аз берун наомадаанд. Ин забонҳои қадими эрониҳои шарқ аст. Тоҷикҳо-Тӯронзамин, ориёиҳои шарқанд. Ҳар як ҳодиса ва задухӯрде, ки рух дод, мо аз Худованди таоло орзу кунем, ки дигар такрор нашавад. Дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон як чиз мехоҳам бигӯям. Ҳар касе аз дасташ ҳарчи биёяд анҷом диҳад, то акнун ба оромӣ ва нармӣ бигзарад ва доғ дар оянда намонад."

Радиои Озодӣ: Хеле аз сокинони Бадахшон табаият (шаҳрвандӣ)-и Русияро дарёфт кардаанд. Оё имкон дорад, ки масалан Русия барои ҳимоят аз онҳо аз амалҳое, ки дар Гурҷистон анҷом дод, кор бигирад?

Давлат Худоназаров: "Ҳеҷ вақт. Вазъияте, ки дар Осетия ва Абхазия пеш омад, комилан ранги дигар дорад. Агар Шумо китобҳои сайёҳони англису русро дар асрҳои пеш хонед, хеле чизҳо гуфта шудааст. Бинобар навиштаи яке аз сайёҳони англис, ки соли 1834 аз ин тарафҳо, Ватани мову Шумо дидан карда ва бо одамони сарҳади соҳили Панҷ вохӯрдааст, онҳо ҳамагӣ худро на вахониву ишкошимӣ, балки тоҷик гуфтаанд. Шириншо Шотемури 23-сола ба Тошканд омад ва аз Архангелский, раиси соҳаи маорифи Туркистон китобҳои ба забони тоҷикиро пурсид. Гуфт омадам, то ин китобҳоро бибарам. Архангелский гуфт, ягон китоби тоҷикӣ нест. Гуфт, чаро нест? Гуфт, ки тоҷик дар инҷо нест. Гуфт чи хел тоҷик инҷо нест? Архангелский гуфт «если вы себя считайте таджиком, то вы первий кто ко мне обратился». Ин ҳодисаро худи Архангелский соли 1967 ба ман ҳикоят карда буд."



Радиои Озодӣ: Назари Шумо дар бораи мамнӯъ эълон кардани филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон чист?

Давлат Худоназаров: “Ҳар кас дар касби худ доҳиҳо дорад. Ман ҳам дар касби худ номҳое дорам, ки бароям басо азизанд. Яке аз онҳо филмбардори ҳиндӣ Сата Ҷидрей буд. Ҳатто ман сафар карда, бо ӯ дидору мулоқот намудам. Дар Тоҷикистон синамоклуб бо номи Сата Ҷидрей доштам. Қариб 12 сол ин клуб кор кард ва барои кӯдакон аз филмҳои ӯ намоиш додаам. Лекин вақте ки филми Юлмаз Генеро дидам, ӯ бароям ба мисли як ситора буд. Филмҳои ӯ ба ҳиссиётам ва ба фалсафаи зиндагиам бисёр наздик буданд. Ӯ аз миллати курд аст, аммо коргардони турк. Набояд бардошту назар ин тавр бошад, ки тамоми киноҳои як миллатро бад гуфт. Хубаш ҳам ҳасту бадаш ҳам. Дар Русия ҳам ҳамчунин. Вале муҳим ин бояд бошад, ки чунин киноҳо фарҳанги моро хароб насозанд. Барои ман, ҳоло масоили сиёсӣ дуюмдараҷа шудааст. Ҳоло дилам месӯзад барои онки мардуми зиёди мо мераванд ба Русия ва бо муҳити фарҳангии дигар меафтанд. Ин ҷавонҳо ба масал аспи тозиеро мемонанд, ки лаҷомашон ба дасти дигарҳо афтодааст. Онҳо, интизомашон ва тарзи зиндагиашон аз мо дур мешавад. Ҳоло барои ман фарҳанг муҳим аст, чунки фарҳанг метавонад якҷоя бо дину маҳзаб мардумро дар як чаҳорчӯба муҳофизат кунад.”

Радиои Озодӣ: Давлат Худоназаров ҳама он чизеро, ки мехост, он нақшаву ниятеро, ки дошт, амалӣ кард ва анҷом дод ва ё ин ки ҳоло нақшаҳое дигаре дорад?

Давлат Худоназаров: “Мехоҳам пеш аз ҳама ёвари филмбардорони ҷавон бишавам ва дар навбати аввал барои филмбардорони Тоҷикистон, албатта, агар кӯмакам ба онҳо даркор бошад. Вақте синни одам ба 70 мерасад, бояд фикр кунад, ки чӣ қадар вақти дигар дорад ва ин вақтро бояд ба насли наврас дод. Ин хеле муҳим аст. Он умедҳое, ки доред, то дар нимароҳ намонад. Ба гуфтаи устод Лоиқ:

Агар худ нимароҳу ноумедед,
Умедеро ба манзил мерасонед.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG