Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби умумихалқии нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев (рост) бо ҳамтои туркмани худ Сафармурод Ниёзов дар нишасти сарони ИДМ дар Маскав, 6-уми июли соли 1992.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев (рост) бо ҳамтои туркмани худ Сафармурод Ниёзов дар нишасти сарони ИДМ дар Маскав, 6-уми июли соли 1992.

Ин матлаб бори нахуст дар моҳи ноябри соли 2006 дар торнамои Радиои Озодӣ мунташир шудааст. Муттассифона, бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дигар дар қайди ҳаёт нестанд.

НӮҲ НОМЗАД, ДУ РАҚИБ

Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1991 худро вақте аз гирдоби тазоҳуротҳо берун оварду роҳии нахустин интихоботи саросарии раёсатҷумҳуриаш шуд, ки то ин маърака ҳамагӣ якуним моҳи дигар фурсат боқӣ монда буд.

Барои дарёфти ин мақом 9 нафар худро номзад карда буданд: Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Сайфуддин Тӯраев, Ҳикматуллоҳ Насриддинов, Қадриддин Аслонов, Исмоил Давлатов, Акбар Махсумов ва ҳам афроди барои ҷомиа ноошное ба мисли Бобишоҳ Шоев ва Бӯрихон Салимов.

Аммо осори ихтилофоте, ки кишвар дар он тирамоҳ шоҳидаш буд, дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботӣ низ ҳувайдо буд ва аз ибтидо тақрибан маълум буд, ки мардум дар рӯзи 24 ноябр интихоби худро аз байни ду қутби гуногун, яъне Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров хоҳанд кард. Нирӯҳои мухолифин ҳамин тавр дар атрофи Худоназаров, вале тарафдорони давлат дар атрофи Набиев муттаҳид шуданд.

Набиев, ки ба ҳайси ноибаш узви Шӯрои Олии вақт Назруллоҳ Дӯстовро баргузида буд, номзади номенклатураи Ҳизби коммунист низ дониста мешуд.

Аммо Шарофат Усмонова, котиби идеологии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар соли 1991 мегӯяд, анҷумани ин ҳизб усулан аз ҳеҷ яки номзадҳо ҳимоят накард ва ҳаққи интихобро ба худи коммунистон вогузошт:

"Як қисми коммунистон мехостанд, ки аз номи ҳизб Раҳмон Набиев пешбарӣ карда шавад. Лекин ба фикри ман, раҳбарияти ҳамонвақтаи Ҳизби коммунист ва алалхусус раисаш Шодӣ Шабдолов пухтагӣ нишон доданд. Аз кадом ҷиҳат? Шабдолов мегуфт, агар мо яке аз номзадҳоро тарафдорӣ кунем, вобаста ба рафтори ӯ обрӯи ҳизб метавонад ё паст шавад ва ё баланд. Ва мо аз ин чиз даст кашидем ва қарор қабул кардем, ки мо ҳеҷ яке аз номзадҳо ба мақоми раҳбарии ҷумҳуриро ба таври кушоду равшан дастгирӣ намекунем. Чунки вазъ дар он замон чунон буд, ки мо бояд асоси ҳизбро нигоҳ медоштем. Агар мо дар он давра кори ҳизбро як сӯ гузошта, вориди бозиҳои сиёсӣ мешудем, обрӯи ҳизб тамоман мерехт."

Шарофат Усмонова иқрор мекунад, дили онҳо аз Раҳмон Набиев чандон пур набуд ва аз ин рӯ, коммунистон намехостанд, сарнавишти ҳизбро вобастаи нафаре ба мисли ӯ гардонанд:

"Вақте ки Раҳмон Набиев аз кор рафт, дар давоми 7-8 сол ӯ ба ҳайси раҳбари идораи кабудизоркунӣ, як идораи аз сиёсат хеле дур кор мекард ва табъан аз сиёсат фарсахҳо дур шуда буд. Навигариҳое, ки он солҳо дар сиёсат пайдо шуд, барои Набиев як чизи тамоман нав ва бегона буд. Бадбахтии ҷумҳурии мо дар он солҳо ин буд, ки як раҳбари чашмрас, як раҳбари дилсӯз, як раҳбари омода ва тайёр набуд ҳамон вақт. Мо аз он чизе ки буд, бояд интихоб мекардем."

Аҳзоби мухолиф ба навбаи худ аз номзадии Давлат Худоназаров, ки узви дигари парлумон Аслиддин Соҳибназаровро номзад ба мақоми ноиби раисиҷумҳур интихоб карда буд, пуштибонӣ мекарданд. Аз ҷумла, Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони мардумии Растохез, ки мегӯяд, номзадии худро аз интихобот ба хотири Худоназаров фаро хонда буд:

"Ба ҳар сурат, Давлати Худоназар андешаҳои озод дошт, ҷонибдори демократия буд, ҷонибдори ҳалли масъалаҳое буд, ки аз солҳо дар Тоҷикистон ҳал намешуданд. Ва дар Маскав ҳам, ки ба масобаи намояндаи Тоҷикистон кор мекард, дар он ҷо ҳам хеле фаъол буд ва ошноҳои зиёде ҳам дошт, ки ҳамфикр буданд бо ӯ. Аз он ду нафар номзади асосӣ, ки доштем, табъан номзадии Давлати Худоназар кашиши бештар дошт. Барои онҳое, ки хостори таҳаввулоту дигаргуниҳо, пешрафту истилқлолияту ин гуна чизҳо буданд, ин қобили қабултар буд."

Аммо Имомназари Холназар, сардабири собиқи Адолат, нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, пуштибонии на ҳама нирӯҳои мухолифин аз Давлат Худоназаров самимона буд: :"То он вақт нирӯҳои демократӣ як рақиби умумӣ доштанд: Қаҳҳор Маҳкамов. Ва ба дасти кӣ задани Маҳкамов чандон муҳим набуд барояшон. Аммо ин ҳам як хатои нирӯҳои демократӣ буд. Баъди рафтани Маҳкамов талабгорони мансаби раҳбарӣ хеле зиёд шуданд. Ҳизби демократ Шодмон Юсуфро пешбарӣ кард, Растохез - Тоҳири Абдуҷабборро.. Ибтидо ҳар кас худаш президент шуданӣ буд. Баъдан мо чанд ҷаласа доир кардем. Ёдам ҳаст, устод Бозор Собир гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон нафари бообрӯтар Давлати Худоназар аст, биёед ҳаминро дастгирӣ кунем. Аммо нисбат ба Раҳмон Набиев, фикр мекунам, барқасдкорӣ шуд. Барқасдкорӣ, ки як бало кунем, Маҳкамовро афтонем ва вақте ки Маҳкамовро "афтонданд", пеш аз интихобот гуфтанд, ки акнун як бало карда, Набиевро чаппа кунем. Дар атрофи номзадии Давлати Худоназар ҳам, ростӣ, баъзе нирӯҳо маҷбурӣ ҷамъ омаданд. Дар Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам як гурӯҳаш инро намехост."

Давлати Усмон, муовини раиси Ҳҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 1991 низ ин ҳарфи оқои Холназарро таъйид мекунад ва мегӯяд, Ҳизби наҳзатро дар он тирамоҳ ҷараёни таҳаввулот ба сангари тарафдорони Давлат Худоназаров овард: "Ҳанӯз қабл аз шурӯъи рӯёрӯиҳо дар майдон як ҷаласае шуда буд ва дар он ҳама уламои мӯътабари рӯҳонии Тоҷикистон ва сиёсиюн аз Ҳизби наҳзати исломӣ ба тавофуқ расиданд, ки номзади ягона аз ҷониби нирӯҳои исломӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии вақти мусалмонони ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Ва дар он ҷаласа банда ҳатто ба ҳайси раиси ситоди пешазинтихоботии оқои Тӯраҷонзода ҳам интихоб шудам ва ба манзури шурӯъи корҳо як миқдор маблағ ҳам ҷудо шуда буд. Вале муттаассифона, ғайричашмдошт як ҳафта қабл аз анҷоми марҳалаи пешбарии номзадҳо оқои Тӯраҷонзода номзадиашро пас гирифт, ки дар натиҷа ба маҳзи маҳдуд будани вақт Ҳизби наҳзати исломӣ ва нирӯҳое, ки бо он буданд, натавонистанд як номзади дигари муносиб пешниҳод кунанд. Ва ин нирӯҳо маҷбур шуданд, аз номзади Ҳизби демократ, ки оқои Давлати Худоназар буд, ҳимоя кунанд. Бо вуҷуди ин ки дар дохили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тақрибан 70 дарсад ба ин мухолиф буд."

Худи Давлат Худоназаров мегӯяд, танҳо дар пайи аз мубориза даст кашидани академик Неъматуллоев вориди муборизаҳои интихоботӣ шудааст: "Намояндагони гурӯҳҳои гуногун дар он тирамоҳ ба ман муроҷиъат карданд, ки ман дар интихобот ширкат кунам. Ман худам бо раиси вақти Академияи улуми Тоҷикистон академик Собит Неъматуллоев музокирот доштам. Ман ба ӯ муроҷиъат кардам, ки агар номзад шавад, ман ӯро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам. Ман дар ин бора бо академик Неъматуллоев се бор сӯҳбат доштам ва дар сӯҳбати охир дар Душанбе ӯ ба ман ҷавоби манфӣ дод. Бевосита ба худи ман аввалин шуда, як гурӯҳ ба раҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев ҳанӯз дар моҳи сентябр муроҷиъат карданд. Онҳо ба Маскав омаданд ва аз ман хостанд, ки номзадиамро гузорам. Ин яъне як мулоқоти дар паси парда буд. Вале расман аввалин шуда, номзадии маро дар анҷумани созмони комсомолӣ пешниҳод карданд. Баъдан Ҳизби демократ ҳам аз ман тарафдорӣ кард, баъд Растохез ва охирин нирӯе, ки аз ман тарафдорӣ кард, Ҳизби наҳзати исломӣ буд."

Имомназари Холназар аз зовияи имрӯз ба таҳаввулоти 15 соли пеш нигариста мегӯяд, Раҳмон Набиев дар он замон як чеҳраи аллакай барои ҷомиа муаррифишуда буд ва нирӯҳои мухолифин бояд ба ӯ такя мезаданд: "Мо ин фикрро мегуфтем, вале садои мо дар байни овозҳои зиёд ношунида монд. Мехостем, намехостем, Набиев президент мешуд. Агар ӯ намешуд, пас каси дигар мешуд. Ҳамон вақт дар гирди Давлати Худоназар муттаҳид шудан даркор буду ба шарте ки Худоназаров номзадиашро ба ноибии Набиев мегузошт. Нағз мешуд ва дар чунин сурат гирду атрофи Раҳмон Набиев ҳам тоза мешуд. Ин гап ҳамон вақт буд, вале агар 20 дарсади раҳбарони оппозисиюн инро қабул карда метавонист, 80 дарсадаш аслан қабул надошт."

ДАЪВАТ БА ҲАМКОРӢ?

Ба эътиқоди оқои Холназар, хатои дигари мухолифин рӯ тофтан аз ҳамкорӣ бо давлати Раҳмон Набиев дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва ҳам дар пайи пирӯзии ӯ дар интихоботи рӯзи 24 ноябр буд: "Баъди интихобот маҷлис доир кардем, ки оё чӣ бояд кард? Бо кадом роҳ бояд акнун биравем? Садорати Ҳизби демократ ду тақсим шуд. Як қисм мегуфт, ки хуб аст, нохуб аст, мардум ҳамин Набиевро интихоб кард, биёед, бо ӯ ҳамкорӣ кунем. Лекин Соҳибназаров барин одамони заминиро чандон гӯш намедоданд. Пешниҳод шуд, ки биёед, мо ақаллан Набиевро ба пирӯзӣ табрик кунем, ба ҳамкорӣ даъват намоем. Ҳатто баъди ин ҳама мо ӯро табрик накардем. Бо ин вуҷуд Набиев даъват кард моро, папкаи вазоратҳоро партофт пеши Шодмон Юсуфу Абдуллоҷон Очилов, гуфт, кадомеашро ӯҳда карда тавонед, бигиред. Намедонам, чиро мунтазир буданд раҳбарони мухолифин, ки ҳамин чизҳоро қабул накарданд."

Пешниҳоди чунин ҳамкорӣ аз сӯи ситоди Раҳмон Набиевро Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари созмони мардумии Растохез низ таъйид мекунад, вале мегӯяд, ин пешниҳодро радд карда буд: "Чунин пешниҳод ба ман ҳам шуда буд, ки ба командаи онҳо ҳамроҳӣ шавам. Аммо ман радд кардам. Ман розӣ нашудам ба хотири ин ки барои сохтани пояҳои давлати Тоҷикистон, ки тоза истиқлолияташ эълон шуда буду халос, касе лозим буд, ки ин чизҳоро нек бидонад."

Ба фарқ аз ҳамсафони собиқаш Давлат Худоназаров мегӯяд, на дар ҷараёни муборизаҳои интихоботӣ ва на баъд аз ҷониби Набиев пешниҳоде чунин нагирифтааст: "Ин як ривояти дур аз ҳақиқат аст. На худи Набиев ва на ягон нафар аз гирду атрофаш ба ман дар ин бора муроҷиъат накардааст. Ба онҳое, ки Набиевро ҳаққу ноҳаққ ба сари қудрат оварданд, ҳеҷ лозим набуд, ки маро дар паҳлуи ӯ бубинанд. Баъди интихобот низ ман аз сӯи Набиев пешниҳоде нашунидам. Баъди интихобот ман ба Маскав баргаштам ва кори Иттифоқи кинематографистонро идома додам."

Давлат Худоназаров мегӯяд, баъди интихобот ҳам бори аввал Раҳмон Набиевро дар баҳори соли 1992 дидааст. Дар рӯзҳое, ки мардум дар ду майдони Озодиву Шаҳидон сангар зада буданд ва ҳавои Душанбе дубора бӯи ташаннуҷ мекард.

Ва аммо Ҷӯрабеки Мурод, овозхони маъруфи тоҷик ва аз аъзои фаъоли ситоди Раҳмон Набиев: "Ман худам ҳам рафта будам. Маро пеши Шодмон Юсуф фиристода буданд як бор. Ба Сайфуддин Тӯраев ҳам, ба Тоҳири Абдуҷаббор ҳам гуфта будам, ки биёед, ҳамин ҷумҳуриро ҳамроҳ обод кунем, ҷангу ҷанҷол нашавад. Ҳамин гапҳо ҳамааш буд."

ИНТИХОБИ НАХУСТИНИ РАИСИ ҶУМҲУРИ НАХУСТИН. ВА АММО ОЁ ШАФФОФ?

Ба ҳар сурат, рӯзи 24 ноябри соли 1991 нахустин интихоботи саросарии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ва рӯзи баъдаш эълон карданд, ки ин маъракаро бо касби 58 дарсади оро Раҳмон Набиев бурдааст. Кумиссиюни марказии интихобот ҳамин тавр ҷамъи орои Давлат Худоназаровро 30 дарсад баровард кард. Билофосила баъди эълони ин натоиҷ издиҳоми бузурге аз ҷонибдорони мухолифин дар ҳавлии Кохи синамои Душанбе, ки ситоди Давлат Худоназаров буд, гирди ҳам омаданд. Вале Худоназаров бар зинаҳои ин кох баланд шуд ва мардумро аз ҳар навъ тазоҳуроти эътирозӣ манъ кард.

«Чаро?» - мепурсам имрӯз аз Давлати Худоназар. Ӯ мегӯяд: "Як далели ширкати ман дар интихобот аз хавфи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот додани Тоҷикистон буд. Агар ман мардумро баъди интихобот ба намоишҳои эътирозӣ даъват мекардам, он метавонист ба кашмакашҳои кӯчагӣ табдил ёбад. Ва шояд ҷанг ҳамон шабу рӯз оташ мегирифт. Ҳамин буд сабаби худдории ман аз барпо кардани эътирозҳо баъди эъломи натиҷаҳои интихобот."

Бо ин ҳол, оқои Худоназаров мегӯяд, интихобот орӣ аз тақаллуб пирӯзии Набиев дар ин маърака бидуни шакк набуд: "Охир 10 рӯз пас дар бозорҳо меваву сабзавотро ба бюллетенҳои овоздиҳӣ печонида мефурӯхтанд. Ин нишонаи он буд, ки фиребгариҳо дар он интихобот дару девор надошт, ҳарчиро хостанд, карданд. Ба ҳисоби мутахассисоне, ки он рӯзҳо ба Тоҷикистон омада буданд, Набиев 41- 42 фоиз ва мо тақрибан 39-40 фоиз овоз гирифта будем ва бояд даври дуввум доир мешуд. Вале натиҷаҳоро тағйир доданд ва Набиевро ғолиби интихобот эълон карданд."

Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони мардумии Растохез низ вуҷуди тахаллуфот дар интихоботи тирамоҳи соли 1991-ро эътироф мекунад, вале мегӯяд: "Ба ҳар сурат, ман фикр мекунам, ки мухолифин як миқдор орои бештар ба даст оварда буданд. Тақаллуб шуда буд, ман худам дар ҳавзаҳо мегаштам ва шахсан шоҳиди чунин корҳо будам. Орои Давлати Худоназар шояд 50 дарсад набуд, вале хеле бештар аз он 30 дарсаде буд, ки расман эълон карданд."

Ва аммо Давлати Усмон, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке дигар аз ташаккулҳои сиёсии фаъол дар саҳнаи соли 1991: "Агарчанде тақаллуб буд, бояд бигӯям, ки ин як интихоботи хеле озод дар таърихи Тоҷикистон буд. Ман фикр мекунам, ки дар ҳамон шабу рӯз ва ҳамон шароит 30 дарсаде, ки мо гирифтем, шояд агар дар ҳудуди 2 ё 3 дарсад тақаллуб шуда бошад, шояд овозҳои гирифтаи Набиев на 54, балки шояд 48-49 дарсад буд, вале дар маҷмӯъ интихобот хеле мунсифона буд."

Ҷӯрабек Муродов, ки дар он маърака аз Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ мекард, натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар 15 соли пешро воқеӣ медонад: "Дар дунё чунин нашудааст, ки 10 нафар довталаби курсии раисиҷумҳур бошанду касе дар даври аввал бо 60 дарсад гузарад. Дар ҳақиқат дуруст ҳам буд, чунки дар он шабу рӯз ягон кас дурӯғкорӣ карда наметавонист, чунки қувваҳо бисёр буд- ку, ҳизбҳо бисёр буд."

Дар муқоиса бо соъир интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон озоду демократитар будани интихоботи президентии соли 1991-ро ҳамин тавр раҳбарони мухолифини вақт эътироф мекунанд. Аз ҷумла Давлат Худоназаров. Вале ӯ мегӯяд, ки бояд баъди интихобот байни давлат ва аҳзоби мухолиф гуфтугӯ сурат мегирифт.

Ҳамин тавр, Раҳмон Набиев дар моҳи декабри соли 1991 ба ҳайси раисиҷумҳури Тоҷикистон савганд ёд кард. Тибқи қонунгузории соли 1991, раисиҷумҳур барои 5 сол интихоб мешуд, вале дар он айём ҳанӯз касе намедонист, ки Набиев дар ин курсӣ барои камтар аз 1 соли дигар менишинад.Дар моҳи 7 сентябри соли 1992 Набиевро як гурӯҳи ҷавонони мусаллаҳ дар фурӯдгоҳ ҳангоме ки ӯ роҳии Хуҷанд буд, гирд мекунанд ва раисиҷумҳури дуввуми Тоҷикистон зери фишори силоҳбадастон ба аризаи истеъфояш имзо мегузорад.
XS
SM
MD
LG