Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гардишҳои сиёсии истиқлолияти Тоҷикистон


Моҳи феврали соли 1990
Моҳи феврали соли 1990

Дар ин ду даҳа назария ва амалияи сиёсат дар Тоҷикистон аз даҳҳо таҳаввули сарнавиштсоз убур кард.

Бо эълони истиқлолият дар соли 1991 Тоҷикистон аз зери султаи сиёсати коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ берун шуд ва дар давоми 20 соли охир дар ҷустуҷӯ ва ташаккули мушаххасоти сиёсии худ аст.

Тоҷикистон дар шароите истиқоли худро расман эълон дошт, ки кишвар гирифтори майдонишиниҳо ва майдонсозиҳои нерӯҳои мухталиф, аз ҷумла саҳнаи тарафдорони коммунистҳои норозӣ дар муқобили демократихоҳону озодихоҳон буд.

ҲИЗБҲО ВА МАЙДОННИШИНИҲО

Ин таҳаввулот дар ҳоле иттифоқ меафтод, ки рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990, мавсум ба "баҳманмоҳи хунин" яке аз аввалин саҳнаҳои танҳо ба танҳо бо воқеият рӯбарӯ шудани сиёсат дар кишвар буд.



Тазоҳуроту майдоннишиниҳои давомдор, баҳсҳои расонаии чеҳраҳои сиёсӣ ва муҳимтар аз ҳама нахустин интихоботи умумихалқии президенти Тоҷикистон ва махсусан рақобати номзадҳои аслии он Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров баёнгари он буданд, ки ҷомеа дар гирдоби мухолифати андешаи коммунистии кӯҳна ва дидгоҳи навсозии демократӣ ва миллию мазҳабӣ афтодааст.

Боқимондаҳои ҳукумати замони Шӯравӣ аз котиби пешини Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва ҷунбишу созмонҳои нави сиёсию ҷамъиятӣ аз коргардони синемо ва собиқ узви ҷиноҳи демократҳои Анҷумани вакилони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Давлат Худоназаров пуштибонӣ карданд.

"ҶАНГ"-И МАРКС ВА МУҲАММАД

Аммо ҷудо аз шиору хитобҳои расмӣ ва ҳам ҷудо аз тамоюлҳои шадиди маҳалгароёна, набарди сиёсӣ асосан байни коммунизм ва ислом ҷараён мегирифт. Бесабаб нест, ки яке аз таҳлилгарони машҳури ғарбӣ Дилип Ниро таърихи он давраи кишварҳои Осиёи Марказиро часпу талоше дар байни Маркс ва Муҳаммад ном ниҳод ва китоби ӯ низ бо ҳамин ному зерсарлавҳаи “Симои дар ҳоли тағйири Осиёи Марказӣ” борҳост, ки нашр мешавад.

Аз ин лиҳоз дар зери чатри Ҳизби наҳзати исломӣ қарор гирифтани созмону ҷунбишҳои демократиро бархе аз коршиносон як амри табиӣ шуморанд, бархи дигар онро иштибоҳе меноманд, ки ба нокомиҳои баъдӣ сабаб гардид.

ДАР ЗЕРИ ЧАТРИ ҲНИТ

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова, собиқ узви Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки он вақт сарварии онро муассиси ҳамин ҳизб Шодмон Юсуф бар дӯш дошта буд, мегӯяд: "Дар ибтидо демократҳо мустақил буданд ва дар доираи як ҳамкорӣ наздикии онҳо пеш мерафт. Аммо баъдан ҳамин тавр ҳам шуд, ки демократҳо ва дигарон таҳти таъсири Ҳизби наҳзати исломӣ қарор гирифтанд. На танҳо Русия ва кишварҳои Аврупо ва ҳатто Амрико дигар бим карданд, ки агар демократҳо ба сари қудрат биёянд, ҳатман Тоҷикистон кишвари исломӣ мешавад."

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ мегӯянд, дар ин асно як шонсе барои Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш оамада буд, ки хатти маши сиёсии худро ба унвони як кишвари демократӣ ва шаҳрвандӣ пайрезӣ кунад. Вале ҳамон носталгияи зист дар даврони Шӯравӣ ҳамчунон дар мағзҳои сиёсатмадорон зиндагӣ мекард.

Бо ба сари қудрати омадани Раҳмон Набиев ҳамчун президенти Тоҷикистон арзишҳои демократӣ зери по карда шуд ва нахустин гомҳо сӯи демoкратия беҳадаф монданд ва ҳамчунон рӯшан набуд, ин роҳе, ки Тоҷикистон мерафт ба куҷо буд?

ТӮРАҶОНЗОДА ДАР БОРАИ ИШТИБОҲҲОИ НАБИЕВ

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Зеро ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раиси Идораи қозиёти вақти ҷумҳурӣ, Раҳмон Набиев ҳанӯз аз оғози кори президентии худ муртакиби чанд ҷиноёти фоҳиш шуд: "Аввал Набиев дар интихоби кадрҳо баланси минтақавиро риоя накард. Мебоист ба раъси порлумон намояндаи минтақаи Бадахшон ва ё Рашт оварда мешуд, вале ӯ Сафаралӣ Кенҷаевро, ки нафари шимол дониста мешуд, раиси порлумон таъйин кард. Дуввум, раиси ҳукуматҳое, ки дар интихоботи президентӣ ба тарафдории Давлат Худоназаров овоз дода буданд, барканор кард, ки ин мардуми ин минтақаро дар ташвиш гузошт. Севвум, Кенҷаев алайҳи чеҳраҳои маъруфи ҳаракатҳои мардумӣ ба монанади Мирбобо Мирраҳимов, Қорӣ Муҳаммадҷон, Эшони Қиёмиддин парванда боз кард. Ин мардум эҳсоси хатар карданд, ки дигар мехоҳанд, бо ҳар баҳона инҳоро зиндонӣ кунанд. Иштибоҳи бадтарини дигар ин буд, ки Кенҷаев вазири умури дохилаи вақт Навҷувоновро дар порлумон истинтоқ кард ва он аз тариқи телевизион намоиш дода шуд. Ин корро агар мекард, бояд президент Набиев мекард, на Кенҷаев. Чунки вай вазири ҳукумат буд. Ин манзараи таҳқиромез сабаб шуду бадахшониҳо ба майдон баромаданд ва наҳзатиҳое, ки алайҳи онҳо парванда боз шуда буд, низ ҳамроҳ гардиданд. Вале талабҳои ин майдон истеъфои Кенҷаев ва интихоботи шаффофу дубораи интихоботи порлумон буд. Чунки интихоботи порлумонӣ дар соли 1990 дар шароити изтирорӣ сурат гирифта буд. Узбакистону Русия ба ин фикр буданд, ки агар интихоботи нави порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад, нерӯҳои миллию исломию демократӣ пирӯз хоҳанд шуд ва инро кишварҳои дигар ҳам пайравӣ хоҳанд кард. Ба хотири ин ки ҳамин интихобот сурат нагирад, номенклатураи коммунистӣ аз
Раҳмон Набиев

минтақаи Кӯлоб мардумро бо шиорҳои мухолиф ба баргузории интихоботи порлумонӣ ва бо шиори барқарор кардани Кенҷаев ба Душанбе оварданд, ки дигар вазъ куллан печидаву тира шуд."

Аксари сиёсатмадороне, ки дар он замон вазифа ё масъулият доштанд ва бевосита дар воқеаҳо шарик буданд, мегӯянд, ин воқеа Тоҷикистони навпои демократиро ба зону шинонд. Зеро агар коммунистҳо бо шиори кӯҳнаи худ, яъне тафриқа андозу ҳукумат рон, ба хотири аҳдофи худ кӯлобиҳоро ба майдони Душанбе кашониданд, аз тарафи дигар бадахшониҳо барои Навҷувонови ҳамшаҳрии худ ба майдони дигар рехтанд, ки қартаи маҳаллу маҳалбозӣ ба чархидан даромад. Бо назардошти вазъи изтирорӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҳаводиси "баҳманмоҳи хунин" асос ёфта буд, ҷонибҳо ба ин хулоса омаданд, ки ҳукумат дигар карда шавад.

ҲУКУМАТИ МУРОСОИ МИЛЛӢ

Дар ҳоле ки рақобати байни коммунизм ва ислом идома дошт, акнун ҷоҳталошӣ дар сатҳи олии қудрат ба авҷи худ расид ва муборизаи сиёсиро ба муборизаи қудрат ва кашмакаши байни маҳалҳо табдил дод. Ин кор ба ҷое расид, ки ҳукумати Набиев аз ҳаракат бозмонд ва дигар наметавонист ҳузури зарурии худро нишон диҳад.

Ин печидагиҳо ба ҳадде вазъи кишварро тира сохтанд, ки билохира нерӯҳои демократӣ, аз ҷумла Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҷунбиши мардумии "Растохез", "Лаъли Бадахшон" ва дигар созмонҳои мардумӣ бо ҳукумати Набиев паси мизи гуфтушунид нишастанд ва ба хотири поён додан ба ин бебандубориҳо хостори таъсиси як ҳукумати муросои миллӣ шуданд. Ин ҳукумати шашмоҳа низ натавонист Тоҷикистони ғарқа дар сиёсатҳои норӯшанро берун кашад.

Вазири умури хориҷаи вақти Ҳукумати муросои миллӣ Худойбердӣ Холиқназаров: "Шаҳри Душанбе дар муҳосира қарор дошт, мардуми Ҳисор то Регар мухолиф буданд. Мардуми вилояти Ленинобод ва Кӯлоб ҷонибдор набуданд. Ҳатто телевизиони марказиро тамошо намекарданд. Кишварҳои муштаракулманофеъ таъкид карданд, ки бо ин ҳол намешавад вазъ идома кунад ва онҳо пешниҳод намуданд, як ҳукумате сари кор биёяд, ки тавонад кишварро пеш барад."

ФРОНТИ ХАЛҚӢ, "ЧАРОҒИ РӮЗ" ВА РАҲМОНОВ

Эмомалӣ Раҳмон
Ба қавли таҳлилгарон ҷараёни ҳаводиси Тоҷикистон ҳамчунон бо чархидани қартаи маҳалбозӣ ва гурӯҳбозиҳо идома мекард. Дар Қӯрғонтеппа ва дар баъзе маҳалҳои атрофи Душанбе рӯёрӯии мусаллаҳонаи командирони Фронти халқӣ, ки аз ҳукумати конститсусионӣ, яъне аз ҳукумати Набиев дифоъ мекарданд, бо фармондеҳони ба истилоҳ ҳукумати муросои миллӣ идома мекард.

Бо вуҷуди ин ҳама, дар ин марҳила матбуот озод буд. Рӯзномаҳое ба мисли "Чароғи рӯз", "Адолат", "Сухан", шабакаҳои телевизиону радио озодона таҳавулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро инъикос мекарданд. Билохира, тамоми нерӯҳои сиёсӣ, вакилони мардумӣ, командирону фармондеҳон дар Қасри арбоби Хуҷанд ҷамъ омаданд ва баъд аз баҳсу кашокашҳо аз онҷо собиқ раиси совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара бо таҷрубаи думоҳаи раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб, узви Ҳизби коммунистӣ, Эмомалӣ Раҳмонов (ҳоло Эмомалӣ Раҳмон) берун омад ва ҳамчун раиси Шурои олӣ ба парчами ин кишвар бӯса зад ва ҳамаи нерӯҳоро ба оромиву субот даъват кард.

УЗБАКИСТОН КИРО РАИСИ ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДИДАН МЕХОСТ?

Ин дар ҳоле буд, ки Узбакистони ҳамсоя дар машварат бо Русия ҳам ба таври мустақим ва ҳам ғайримустақим ба сиёсати Тоҷикистон дахолат мекард. Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд: "Дар ҳамон рӯзҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ як гурӯҳ ба Тирмиз рафтанду бо намояндаҳои ҳукумати Узбакистону Русия мулоқот карданд ва дар бозгашт гуфтанд, ки ба ҳеҷ сурат Раҳмон Набиев раиси Шӯрои олӣ интихоб
Ваҳҳоб Воҳидов

нашавад. Номзадии Акбаршоҳ Искандаров ҳам рад карда шуд. Зеро Узбакистон инро намехост. Сипас, номзадии Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд моҳ раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб буд, ба ин вазифа пешниҳод шуд ва интихоб карда шуд."

Дахолати рӯирости Узбакистон ба ҳаводиси Тоҷикистонро коршиноси мустақил Султони Ҳамад шарҳ дода мегӯяд, дигар Тошканд хостори он набуд, ки нерӯҳои мухталиф пас аз Иҷлосияи 16-ум ба ифоқа оянд. Узбакистон, ки ба хотири манфиатҳои худ аз нерӯҳои исломӣ бим дошт, мехост, ки тоҷикҳо бо дасти худ исломиҳои кишвари худро ҷисман нобуд кунанд: "Ҳамин хел тасмим гирифтанд, модоме, ки ин нерӯҳо аз ҷиҳати сиёсӣ шикаст хӯрданд, бояд физикӣ ҳам аз байн бурда шаванд. Ин боиси оғози як ҷанги нави дохилӣ дар кишвар шуд. Ин тасмим дар мулоқоти Тирмиз гирифта шуд. Узбакистон мехост, ки нерӯҳои демократӣ ва исломӣ бо дасти худи мардуми тоҷик нобуд карда шаванд. Онҳо огоҳона як қисмати тоҷиконро мусаллаҳ карданд, ки қисмати дигарро нобуд кунанд. Зеро Узбакистон ва Русия бештар аз исломиҳо дар Тоҷикистон бим доштанд. Вале таъқиб ба тамоми нерӯҳои озодихоҳу демократӣ сурат гирифт."

МУДОХИЛАИ ТОШКАНДУ МАСКАВ БА СИЁСАТҲОИ ДУШАНБЕ


Ба қавли шоҳидони айнӣ дар моҳҳои аввали ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон нерӯҳои интизомии Узбакистон бо ниқоби сиёҳ дар канори сарбозони Фронти халқӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мардумро таъқиб мекарданд ва ҳар нафареро, ки бо риш ва ё шубҳанок медиданд, ба қатл мерасониданд.

Ин фазои мудҳиш ва тира дигар Тоҷикистонро аз раванди ислоҳталабии сиёсӣ берун андохт ва кишварро барои панҷ соли дигар вориди як ҷанги бародаракуш намуд. Сипас, ҷанги дохилӣ, мудохилаи Русия ва Узбакистон сиёсати кишварро пурра ба Маскав тобеъ намуд. Дар ҳоле ки ҳамаи ҷамоҳири собиқ пули миллии худро месохтанд, Тоҷикистон ба умеди рубли русӣ монда буд.

Ин даврае буд, ки ба беэҳтиромиҳо ва нописандиҳои имрӯзаи Русия нисбати Тоҷикистон асос гузошт. Он ҳам дар ҳоле ки Русия ба Тоҷикистон бештар ниёз дошт, чун аз тамоми Осиёи Марказӣ рафта буд ва Тоҷикистон охирин ҷои пои он буд, ки агар мерафт, бозгашташ ба минтақа хеле мушкил ва ҳатто номумкин мегашт.

БОЗГАШТИ СИЁСӢ

Он вақт ҳама аҳзоби сиёсии мухолиф аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, ибтидо аслан касе ба фикри тартиб ва танзим додани ҳаёти ҳизбӣ набуд, ҳарчанд ҳизби коммунист талош дошт меваҳои пирӯзияш дар ҷанги Тоҷикистонро бичашад.
Тоҳири Абдуҷаббор раҳбари ҷунбиши мардумии "Растохез" ва муаллифи тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон буд

Дертар Ҳизби халқӣ-демократӣ таъсис ёфт ва чанд ҳизбу ҷунбиши дигаре ҳам, ки мебоист саҳнаи сиёсиро пур мекарданд, аммо дар амал нақшу нуфузе надоштанд.

Аз сӯи дигар дар ҳаёти сиёсии кишвар қисме аз неруи сиёсӣ ба мисли аъзои Ҳизби демократ, Созмони мардумии "Растохез", "Лаъли Бадахшон" ба сурати умум чеҳраҳои маъруфи сиёсии кишвар ҳузур надоштанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин мегӯяд, агар мухолифин дар Афғонистон ба муқовимати мусаллаҳона ва сиёсии худ идома намедоданд, бозгашти онҳоро дар дохил ҳеҷ гурӯҳе намехост. Ҳатто кишварҳои ҳамсоя ба мисли Узбакистон ва Русия ин бозгаштро тавони дидан надоштанд: "Муқовимати мо ба бозгашти шарафмандонаи нерӯҳои мухолифини тоҷик ва мардуми фирорӣ ба Тоҷикистон сабаб шуд. Ҳамчунин ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон боис гардид. Ин сулҳро баъзе аз кишварҳои ҳамсоя, масалан, Узбакистону Русия намехостанд ва муқовимати мо онҳоро маҷбур кард, ки эътироф кунанд ва дар натиҷа Созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шавад."

20 СОЛ БО ЁДИ ШӮРАВӢ


Ин бозгашт танҳо як бозгашт набуд, ин бозгашти сиёсие буд, ки бояд дар раванди ислоҳталабии сиёсии кишвар нақши калидӣ мебозид. Ҳоло дигар Тоҷикистон дучори анарахияи солҳои 1992- 1993 набуд. Дигар як ҳукумат бо низоми демократӣ, дунявӣ ва Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон фаъол буд. Вале бо ин ҳол, агар бархе аз таҳлилгарон бо назардошти вуҷуди 8 ҳизби расмӣ ва даҳҳо нашрияҳои ғайриҳукуматии сиёсӣ ва вуҷуди порлумони касбӣ аз Тоҷикистон ба унвони кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд ёд кунанд, вале бархеи дигар бар инанд, ки тайи ин 20 соли зиндагии пасошӯравӣ ин кишвар дубора ба арзишҳои сиёсии замони Шӯравӣ пайравӣ мекунад.

Иброҳими Усмон
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иброҳими Усмон, мегӯяд, на танҳо Тоҷикистон балки аксари кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ба системаи яккаҳизбии замони Шӯравӣ баргаштанд: "Мутаассифона, дар системаи пасошӯравӣ, системаи яккаҳизбӣ бо қолаби дигар бозгашт. Пас, ин ислоҳи дигаре мехоҳад. Ин ислоҳ дар чаҳорчӯбаи қонун ва роҳҳои қонунии вобаста ба фазои пасошӯравӣ баррасӣ карда шавад, вале бе иштироки Созмони Милал баррасӣ кардан мушкил аст."

ШАХСПАРАСТӢ, МАҲАЛГАРОӢ, ХУДКОМАГӢ...


Аксари сиёсатмадорони кишвар таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон роҳи 20 соли истиқлолиятро ба ҷон паймудааст, мебоист як низоми воқеан демократӣ ва ҳуқубунёдро пайравӣ мекард. Вале шахспарастӣ, маҳалбозӣ, худкомагӣ дар низоми ҳукумати Тоҷикистон афзалтар аз арзишҳои демократӣ ба назар мерасад.

Агар дар ибтидои истиқлолият майдоннишиниву гуруснанишинӣ, ки ҷузъи сиёсатанд, як чизи оддӣ ва ҳаррӯза ба шумор мерафтанд, акнун бино бар қонунҳои ҷории Тоҷикистон мамнӯъ ҳастанд.
Гуруснанишинӣ ҳамчун як шакли эътирози иҷтимоӣ нахустин бор дар қонунгузории Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2011 ба расмият дароварда шуд.

Нафаре, ки бештар аз дигарон дар гирдиҳамоӣ фаъол аст ва одамонро ташвиқу тарғиб мекунад, қонун барои ӯ аз 15 то 30 дарсади ҳадди ақали маош ҷарима муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG