Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафарбеки Солеҳ: “Синамо пуштибонӣ мехоҳад”


Сафарбеки Солеҳ
Сафарбеки Солеҳ

Хабарнигори Озодӣ ин дафъа бо Сафарбеки Солеҳ, коргардони синамо дар Тоҷикистон, ба гуфтугӯ нишаст ва нахуст дар бораи руйи чӣ филме кор кардани ӯро пурсид:

-Аввалан, мутаассуфам, ки имкони тамоми рӯз машғул будан ба филмофариро надорам. Аммо, баъд аз кори расмӣ ҳатман дунболи кори синамогарӣ меравам. Порсол мо наворбардории як филми тозаро шурӯъ карда будем ва то имрӯз бандубаст ва сабти садои он идома дорад. Воқеъан, хеле душвор аст барои мо, чун дар Тоҷикистон мушкили фаннии фаровоне дорем…

-Аммо агар махфӣ нест, мегӯед, ки ин филм дар бораи чӣ баҳс мекунад ва ҳам чӣ унвон дорад?

-Ин як достони содда аст, вале ба истилоҳ, саҳли мумтанеъ. Дар бораи зиндагии имрӯзаи мо баҳс мекунад, ки танҳо зебоӣ, муҳаббат ва эҳтироми якдигар метавонад инсонҳоро наҷот бахшад. Ва ҳамагуна мушкилот, ҳамагуна ихтилофоте, ки ҳаст танҳо аз тариқи муколама, аз тариқи мусоидат метавонанд ҳал шаванд. Ҳамин хел филм аст дар бораи як хонаводаи тоҷик, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунанд. Ва дар ин филм мебинед, ки онҳо мувоҷеҳи чӣ мушкилоте мешаванд, аз лиҳози равонӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ. Унвонаш “Дастмонаи маҳтобӣ” аст.

ФИЛМСОЗӢ КОРИ АРЗОН НЕСТ

-Ба ҳар ҳол, Шуморо ба унвони як коргардони муваффақ дар даҳсолаи ахир ном мебаранд. Ба далели ин ки пайваста филмҳоятон наворбардорӣ ва то ҷашнвораҳои ҷаҳонии синамо роҳ меёбанд. Дар ҳоле ки аксари коргардонҳои тоҷик ба мушкили молӣ печидаанд, Сафарбеки Солеҳ аз куҷо барои таҳияи филмҳояш маблағ дарёфт мекунад?

-Муваффақ будан ё набудани мо ин суол аст. Зеро филмҳои дар Тоҷикистон офаридаи мо ҳам аз лиҳози кайфияти техникӣ ва ҳам аз лиҳози маънӣ ба ҳадде нестанд, ки мо гӯем онҳо дар сатҳи ҷаҳониянд. Ба хотири он ки синамо кори дастаҷамъист, кори техникист. Дар ҳар бахше аз он мутахассис бояд кор кунад.

Ҳаддалимкон мо ин талошҳоро кардем. Аксари онҳое, ки бо ман кор карданд, маҷҷонӣ кор карданд. Албатта, дӯстони зиёде ҳам бо мо ҳамкорӣ ва кӯмаки худро дареғ надоштанд. Банда ҳам хонаву мошини худро фурӯхтам. Вақте Шумо мехоҳед,филм созед, филм сохтан аз корҳои арзон нест. Аз ин рӯ, то ҷое имкон буд, кӯшиш кардам, ки филмҳоямро худам сармоягузорӣ кунам.
Филмҳои дар Тоҷикистон таҳиякардаи мо ҳам аз лиҳози кайфияти техникӣ ва ҳам аз лиҳози маънӣ ба ҳадде нестанд, ки гӯем дар сатҳи ҷаҳонианд


Саволе, ки Шумо додед, ҷолиб аст. Чунки дар бисёр дидору сӯҳбатҳо ба ман мегӯянд, ки “шумо ҳам продюсери филматон ҳастед, ҳам сенария менависед ва ҳам худатон бандубаст мекунед”. Мехоҳам илова кунам, дар охирин филме, ки мо ба навор гирифтем, нақшҳоро писаронам, хонаводаам ва дӯстони хеле наздикам бозӣ мекунанд. Фақат ба як иллат, ки мо маблағ надорем ва инҳо барои ман маҷҷонӣ кор мекунанд. Яъне барои сенария пул намедиҳам, барои коргардониям ва ҳунармандонам пул намепардозам.

Кори синамо кори сангин аст, вале лаззатбахш. Ва агар дар филматон боз паёме ҳам дошта бошед, ки барои бинандаҳо бирасад, воқеъан ба як коре ноил шудаед.

-Вақте барои офаридани як филм ин қадар талош мекунед, пас, чаро намехоҳед аз кори расмӣ даст кашеду танҳо ба коргардонӣ машғул бошед. Шояд он вақт имкони бештари филмофариро дошта бошед…

-Ин суоли Шумо суол нест, ин орзуи ман аст. Ба ин хотир, ки то пош хӯрдани Шӯравӣ дар синамо кор мекардам. Коргардони “Тоҷикфилм” будам ва он муддат 20 филми мустанад ва як филми хурди ҳунарӣ офаридам. Он вақт имкон доштам, ки пурра ба синамогарӣ машғул бошам, чунки маблағҳое, ки барои мо тахсис дода буданд, маблағҳои хуб буд ва мо метавонистем оромона кор кунем. Бачаҳое, ки бо ман кор мекарданд, ҳич мушкил надоштанд. Масалан, садобардор, филмбардор, оҳангсоз ва ё наққоши саҳна маоши хуб мегирифтанд. Имрӯз аз ин корам равам, наметавонам ба бачаҳое, ки бо ман кор мекунанд, маош диҳам.

Агар паёми ман то масъулони давлатӣ расад, воқеъан ҳам мехоҳам, ки як “Тоҷикфилм”-и хуб дошта бошем. “Тоҷикфилм”-е, ки мабно ба кори устодони ин бахш ва омӯзиши ҷавонон бошад. Ба хотири ин ки корро ҳамеша ҳирфаиҳо анҷом диҳанд. Нафари ҳирфаӣ ё проффесионал набошад, ҳич вақт кори синамо пеш намеравад.

СИНАМОИ ТОҶИК ДАР ХАТАР

-Пас, дар бораи иддаои мақомоти расмӣ барои пуштибонияшон аз бахши синамогарӣ дар Тоҷикистон чӣ мегӯед? Дар баробари ин ки мехоҳанд бояд филмҳои мондагор ва ҷаҳонӣ офарида шаванд, фикр мекунед, талошҳояшон ночиз аст?

-Хоҳишҳоро ҳамчун воқеъият нишон додан ба мо расм шудааст. Ман ҳам хеле орзуҳо дорам, аммо амалӣ шудани онҳо хеле мушкил аст. Онҳое, ки дар мавриди синамо даъво доранд, аз кӯчаи синамо нагузаштаанд. Як дафъа ҳақиқатро бигӯед. Бунёди синамо маблағ мехоҳад. Синамо ҳунар аст. Синамо санъати хеле волост, ки аз чандин бахш таркиб ёфтааст.

Ба як қарору ба як супориши даҳонӣ филм хуб намешавад. Филм заҳмат мехоҳад. Мо бояд ҳар технологияи муосире, ки ҳаст, дошта бошем. Мо бояд филмбардорони ҳирфаӣ дошта бошем. Хуб, агар мо ин қадар синамои хуб дошта бошем, пас, чаро як филми моро дар ягон ҷо як кас суроғ намекунад? Ё худи мо бинанда надорем? Барои мисол, имрӯз дар ҳар кӯчаву бозор ҳама филми “Юсуф-паёмбар”-ро ҷустуҷӯ мекунанд. Чаро? Ин хеле ҷолиб аст. Маънояш ин аст, ки мардуми мо, тоҷикҳо, воқеъан завқ доранд, воқеъан мехоҳанд, ки филми хубро бубинанд.

Бо ишора ба ҳамаи ин, бо таассуф мегӯям, ки вазъи синамои мо дар як ҳолати хатарбор қарор дорад. Ва мо дар ҳолате ҳастем, ки аз фазои синамои ҷаҳонӣ берун шавем. Чунки бо таъриф вазъи синамо, филмофарӣ хуб намешавад. Филм ҳамон вақт хуб аст, ки онро дар ягон ҷашнвораи байнулмилалӣ мепазиранд. Он филмро дар ягон ҷо пахш мекунанд.

Имрӯз агар мо даъвои давлати милливу фарҳанги миллиро дорем, бояд ки таваҷҷӯҳи махсусе ба синамо кунем. Зеро бахши хусусии мо ҳоло то он ҳадде нест, ки синаморо пуштибонӣ ва дастгирӣ кунад.

“МО КОРГАРДОН НАДОРЕМ”

-Медонед, вақте бо коргардони театр Барзуи Абдураззоқ сӯҳбат мекардам, вай гуфт, ки театри тоҷик ҳунарманд, толор ва таҷҳизот дорад, аммо идея надорад. Вале бахши синамо, ба назари Шумо чӣ надорад?

-Ба фикри ман, мо дар Тоҷикистон ҳунарпеша дорем, чеҳраҳо дорем. Бадбахтии мо набудани коргардон аст. Яъне, коргардон надорем. Коргардонҳои хуб буданд, аммо рафтанд. Барои ҳамин бори дигар мегӯям, то замоне бахши синамо маблағгузорӣ нашавад, коргардонҳо намешаванд ва филми ҷиддӣ низ рӯйи кор нахоҳад омад.
Бо таъриф филмҳои мо хуб намешаванд. Филм ҳамон вақт хуб аст, ки онро дар ягон ҷашнвораи байнулмилалӣ бипазиранд


Бубинед, дар Русия вазорати фарҳангу синамогарияш барои филмсозӣ алоҳида маблағгузорӣ мекунанд. Бахшҳои хусусӣ ва бахшҳои дигар ҳам метавонанд саҳм гиранду маблағгузорӣ кунанд. Барои сохтани як филм бошад, дар Русия се миллион доллар медиҳанд. Дар мо аз куҷо миллион доллар? Барои ҳадди ақалл маблағе бошад, ки бачаҳо ва ҳунарпешаҳо маош гиранд, мо розӣ ҳастем, ки кор кунем. Ва ман медонам, ки агар давлат хоҳад, барои рушди ин бахш маблағ пайдо мекунад.

Мутаассифона, мо имрӯз фақат мерақсему мерақсем. Яъне фарҳангро оварда фақат дар рақс ҷо кардем. Аммо бидуни рақс мардуми мо метавонанд дигар корҳои хуберо ҳам кунанд. Ҳоло мо метавонем, мисли пештара ҳам набошад, филм офарем. Мо метавонем, ки дар як сол ду филми хуби ҳунарӣ ва даҳ-дувоздаҳ филми мустанад созем. Инҳо маблағҳои зиёдеро талаб намекунанд, албатта.

Аммо ба ҷойи талош барои беҳбудӣ қонунеро баровардаанд, ки барои таҳияи филм бояд коргардон иҷоза дошта бошад. Як нафар хориҷӣ меояд дар вазорати умури хориҷӣ сабтином мекунад ва ҳар гуна филме, ки хоҳад мебардорад. Вале ҳар нафаре, ки инҷост, ҳатман бояд иҷоза дарёфт кунад. Бародари азиз, мо бо ин корамон синамои бе ин ҳам дар сурати мурдаи худро бӯғӣ кардем, куштем...

“ТОҶИКФИЛМ” ДАР “МОСФИЛМ”

-Ҷаноби Солеҳ аз миёни коргардонҳое, ки имрӯз мо дорем, бештар киро эътироф мекунед. Оё мо чунин коргардонҳои хубу тавоное ҳам дорем?

-Албатта, мо беҳтарин коргардонҳои хуби тоҷик дорем. Вақте ба Маскав меравам, ҳатман аз “Мосфилм” дидан мекунам. Он ҷо як бахше ҳаст, ки ҳама бачаҳои тоҷик нишастаанд, кор мекунанд. Ҳама онҳоро “Тоҷикфилм” дар “Мосфилм” мегӯянд. Дар он ҷо Рустам Аҳадов, Бахтиёр Худоназаров, Марям Юсуфова, Толиб Ҳомидов, Фарҳод Абдуллоев ва дигарон ҳастанд, ки воқеъан филмбардорони ҳирфаиянд. Аммо бори дигар мегӯям, ки ҳич кас барои гапи хушку холӣ кор намекунад. Агар мо мехоҳем, ки ин ҷо синамо рушд кунад, барои онҳое, ки даъват мекунем, бояд шароити хубу маблағи хубе диҳем.

Дар Душанбе ҳам мо чунин коргардонҳоро дорем. Масалан, Орзу Шарифов, Носир Раҳмонов. Инҳо диди хуб доранд. Мисли инҳо мондаанд се-чор нафари дигар. Агар мо имрӯз думи ин корро нагирем, инҳо низ раванд ва ё аз ин бахш даст кашанд, ҳама даъвои мо пуч мешавад.

-Аммо даъватҳое ҳам аз берун буданд, ки бояд Шумо он ҷо раведу кор кунед ва филм офаред. Дар ҳоле ки мегӯед, ин ҷо мехоҳед филм офаред, аммо бастаи мушкилҳо доред?

-Аз ин даъватҳо ман хеле зиёд дорам. Ҳамчунин даъват шудам, ки дар мактаби синамои Лондон дарс гӯям. Аммо мехоҳам, ки ин ҷо кор кунам. Фикр мекунам, агар ҳамаи мо аз ин ҷо равем, пас чӣ мешавад? Мардуми мо ҳарчанд чизе надоранд, аммо ҳиммат доранд. Ба хотири ҳамин ҳиммату инсонияту қаноаташон ин мардумро дӯст медорам ва ин ҷо мемонам.

Ин ватан инҳисори як гурӯҳ нест. Ватани ҳамаи мост. Ватани ҳамаи онҳоест, ки Тоҷикистонро дӯст медоранд. Ва ин Ватанро мо бояд бо ҳама сангу пуштааш дӯст дорем ва талошҳое кунем барои беҳ шуданаш. Барои ҳамин, бояд аз камбудҳоямон низ бигӯем. Вагарна бо дурӯғу таъриф аз ин ҳам бадбахттар мешавем…
XS
SM
MD
LG