Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Идораи ҳукумати маҳалҳо дар дасти як авлод аст"


Саид Раҳмон, хабарнигори тоҷик

Саид Раҳмон, хабарнигори тоҷик

Саид Раҳмон, хабарнигори тоҷик, дар бораи хешутабории раҳбарони ҳукумати навоҳии вилояти Хатлон таҳқиқоте анҷом додааст.

Саид Раҳмон, рӯзноманигори собиқадори тоҷик, дар бораи пайвандҳои хешутабории раҳбарони ҳукуматҳои маҳал дар вилояти Хатлон таҳқиқоте анҷом дода, ба ин натиҷа расидааст, ки "идораи аксар ҳукуматҳо дар дасти як хонавода ва хешовандони наздики онҳост." Ҷаноби Раҳмон мегӯяд, ин мавзӯъ тӯли тақрибан шаш моҳ таҳқиқ намудааст.

Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳангоми вохӯриҳои раиси вилояти Хатлон, Ғайбулло Афзалов дар бархе аз шаҳру навоҳии минтақа мушоҳида кардааст, ки раиси вилоят ба ҷои ҳимоя аз сокинони оддӣ раисони навоҳиро пуштибонӣ мекунад. Барои мисол, гуфт ӯ, Шамси Зариф, як сокини ноҳияи Восеъ, аз Султон Валиев, раиси ин ноҳия интиқод кардааст, ки ба далели маъюб будану хешутаборбозияш наметавонад раҳбари ҳукумат бошад. Вале ҳам раиси ноҳия ва ҳам раиси вилоят ӯро ноҳақ шумурданд.

"Ман дар ҳамин маврид таҳқиқ кардам, ки ӯ ҳақ аст ва воқеан, беш аз даҳ сол Султон Валиев нафақа гирифтааст ва чор сол ӯ ҳамчун маъюбӣ гурӯҳи дуюм нафақа гирифтааст, ки мувофиқи қонун дар бораи "хизматчии давлатӣ" ҳаққи кор кардан дар ниҳодҳои давлатиро надорад. Лекин ӯ дар ин муддат муовини вазири кишоварзӣ, раиси ноҳияи Ховалингу Восеъ кор кардааст",-мегӯяд рӯзноманигор Саид Раҳмон.

Ғайбулло Афзалов

Ғайбулло Афзалов

Ин рӯзноманигор мегӯяд, ҳангоми дастрас кардани иттиллоъ ва сӯҳбат бо шоҳидон фаҳмидааст, ки Султон Валиев бо раиси вилоят Ғайбулло Афзалов пайванди хешутаборӣ дорад. Аз ин рӯ, худаш дар ноҳияи Восеъ ва бародарзодааш Қодир Валиев дар ноҳияи Ховалинг вазифаи раисиро ба ӯҳда доранд ва дар бештари маврид ба арзи сокинон намерасанд.

Саид Раҳмон илова кард, "дар ин ду ноҳия вақте бо шоҳидон ва ҳуҷҷатҳо шинос шудам, дар ҷамоатҳо, тақрибан аксари Идораҳои зертобеъ хешутабори ҳам кор мекунанд. Масалан, дар Идораи Ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб сардори он Қурбонов, ки то чанд моҳ маълумоти нафақаи Валиевро пинҳон мекард, кор мекунад, ки хеши наздики Валиев ҳаст ва хоҳари калони ин шахс раисии яке аз ҷамоатҳои ноҳияро ба ӯҳда дорад. Ҳангоми таҳқиқ ба ман фишор оварданд ва баъд фаҳмидам, ки дар мақомоти интизомии маҳаллӣ, бонкҳо, андоз ва ҳамаи ҷо ба истилоҳ "одами худӣ" доранд."

Ин хешутаборбозӣ дар маҳал ба он оварда расонидааст, ки ба гуфтаи Саид Раҳмон касе ба доди сокинони оддӣ намерасад. Аммо ин хабарнигори собиқадор мегӯяд, ин таҳқиқ, ки дар чаҳорчӯби қонун ва бо далелҳои зиёд нигошта шуда буд, ягон нашрияи давлатӣ ва хусусӣ нашр накард. Яке аз кормандони нашрияҳои хусусӣ, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, воқеан, чунин мақолае ба дасти онҳо расида буд, вале аз сабаби баҳсбарангез будан, онро ба дасти чоп насупурдаанд.

Султон Валиев

Султон Валиев

Мусоҳиби мо гуфт, "дар ҳақиқат далелҳо зиёд буд, аммо ин нукта ҳам ҷой дошт, ки шояд пас аз нашри он судбозӣ шавад. Далелҳо рост буданд ё дурӯғ, инаш кори муаллиф аст, вале пеш аз ҳама сари нашрия дар бало мемонад."

Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ, ки аз ин таҳқиқ огоҳ буд, дар охирин нишасти матбуотиаш гуфт, воқеан, ӯ аз соли 2001-ум то 2011-ум нафақаи маъюбӣ мегирифт, вале ҳоло бинобар солим шуданаш аз гирифтани он даст кашидааст. Аммо ӯ ба дигар ҳарфҳои рӯзноманигор дар ин нишаст розӣ нашуд ва гуфтаҳои рӯзноманигорро ғаразе беш донист.

Дар ҳамин ҳол, Саид Раҳмон ба ин назар аст, ки Идораи ҳукумат дар маҳалҳо аз ҷониби хешу таборон бар пояи давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳад зад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG