Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Брейвикро "солим" дарёфт ва маҳкум ба зиндон кард


Додгоҳи Норвегия Андерс Беҳринг Брейвикро солим дарёфта бо ҷурми қатли 77 нафар ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Панҷ қозии додгоҳи ноҳиявии Осло рӯзи ҷумъа бо иттифоқи оро ҳукм карданд, ки Брейвики 33-сола ҳангоми анҷоми ин ҳамлаҳо ақли солим дошт ва аз нигоҳи равонӣ қобили маҳкумият ба зиндон ҳаст.

Бисту як сол ҳукми зиндон баландтарин ҷазо дар Норвегия аст, ки дар қонуни ҷазоияш ҳукми абад надорад. Аммо агар Брейвик ҳамчунон барои ҷомиа хатарнок боқӣ бимонад, ҳукми ӯро баъдан метавонанд боз тамдид кунанд. Андерс Брейвик эътироф кард, ки ду ҳамлаи рӯзи 22 июли соли 2011-ро, ки мунҷар ба ҳалокати 8 нафар дар назди қароргоҳи ҳукумати Норвегия дар пойтахташ – шаҳри Осло ва кушта шудани 69 тани ағлаб наврас дар урдугоҳи тобистонаи ҳизби ҳоким дар ҷазираи Утойя шуд, ӯ анҷом додааст.

Қозӣ Венч Элизабет Арнтзен рӯзи 24 август дар додгоҳ ҳангоми қироати ҳукми Брейвик гуфт: “Ин ҳукм бо иттифоқи оро қабул шуд ва хулосааш чунин аст: Андерс Беҳринг Брейвик бо ҷурми нақзи бандҳои 147, 148, 233, 49 ва 60-уми қонуни ҷиноӣ маҳкум шуда, давраи аввалаш 10 солро ташкил медиҳад ва 445 рӯзе, ки дар боздошт сипарӣ кардааст, бояд аз ин ҳукм кам карда шавад.”

Ҳамлаҳои 22 июли соли гузашта бадтарин ва хунинтарин хушунат дар Норвегия аз замони Ҷанги дуввуми ҷаҳон шинохта мешавад.

Брейвик дар ҷараёни мурофиа талош кард, даст заданаш ба қатли омми мардумро бо ин тавҷеҳ кунад, ки ҳизби ҳокими коргарӣ бо ташвиқи муҳоҷирати мусалмонон ба ин кишвари Скандинавия Норвегия ва мероси фарҳангиашро ҳадафмандона тахриб мекунад. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ ҳатто гуфт, “ман аз кори кардаам ҳимоят мекунам ва бори дигар ҳам даст ба чунин кор хоҳам зад.” Брейвик то ҳол мӯътақид аст, ки тамаддуни масеҳии Аврупоро аз ҳамлаи Ислом дифоъ мекард.
Рӯзи ҷумъа дар додгоҳ аз эҳсосоти зоҳирии Брейвик маълум буд, ки ӯ аз ҳукми хондаи қозӣ Арнтзен розист.

Додситонҳо мехостанд, ки додгоҳ Брейвикро носолим бароварда, ӯро барои табобат ба бемористони амрози рӯҳӣ равон кунад. Аммо худи Брейвик исрор дошт, ки ӯро “солим” бишуморанд. Ӯ мегуфт, ки мехоҳад, то ҳамлааш ҳамчун
Аксари қурбониён дар як урдугоҳи тобистона ҳадафи тири Брейвик қарор гирифтанд.
Аксари қурбониён дар як урдугоҳи тобистона ҳадафи тири Брейвик қарор гирифтанд.
иқдоми сиёсӣ алайҳи гуногунфарҳангӣ арзёбӣ шавад. Ӯ қаблан гуфта буд, ки агар девонааш бароранд, аз ин ҳукми, ба таъбири ӯ, "бадтар аз марг” шикоят хоҳад бурд. Агар додгоҳ чунин мекард ва Брейвик аз ҳукм шикоят мебурд, тамоми мурофиаро бояд аз нав доир мекарданд.

Эълони ҳукми Андерс Брейвикро аксари мардуми Норвегия хуш истиқбол карданд. Синдра Ҳоугланд, як сокини Осло аз ҷумла гуфт: “Вақте ин фоҷиа рух дод, мисли як шок буд барои аксари мардуми Норвегия. Ба назарам, ҳама чунин фикр доранд. Фикр мекунам, ҳукми ӯ ҳам як хабари мусбат барои аксарияти кулли норвегиҳост.”

Аксари пайвандони қурбониёни ҳамлаи Брейвик низ алайҳи ҳукме буданд, ки Брейвикро “носолим” эътироф кунад. Ба гуфтаи онҳо, чунин ҳукм Брейвикро аз масъулият маоф карда, барои боз як мурофиаи тӯлонии дигар роҳ хоҳад кушод.
Ташхисҳои алоҳидаи равоншиносоне, ки додгоҳ таъйин карда буд, дар бораи вазъи сиҳҳати Брейвик хулосаҳои мухталиф доданд. Яке аз ин тимҳо ӯро солим ва дувумӣ носолим шинохтааст.

Вакили мудофеъи қурбониён Фрод Элгесем бо истиқбол аз ҳукми рӯзи ҷумъа гуфт, бо ин нуқтаи таммат дар додгоҳи Брейвик хонаводаҳое, ки азизони худро аз даст доданд, оҳи сабук хоҳанд кашид.

Аммо зиндонҳои Норвегия аз боқӣ маҳбасҳои дунё фарқ мекунад. Андерс Брейвик дар боздоштгоҳ барои мисол дар камерае қарор дошт, ки ҳуҷраи алоҳидаи хоб, ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо компутар ва ҳам як фитнесс- зали кӯчак дошт. Шароите ки дар зеҳни бисёриҳо ба зиндон ва ба макони муҷозоти нафаре, ки 77 нафарро куштааст, чандон монанд нест.


Шароити нигаҳдории Брейвик дар зиндон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG