Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон "брейвик"-ҳои Русия


Тазоҳуроти натсионал-сотсиалистҳои Русия.

Тазоҳуроти натсионал-сотсиалистҳои Русия.

Ин нома бо имзои Шӯҳрат Латифов ва ба забонҳои англисӣ ва русӣ ба дасти мо расид. Ташбеҳи рӯйдоди Норвегия ва аъмоли фашистҳои рус то куҷо қобили қабул аст, худ бо хондани ин нома ва дидани навори видео, ки Шӯҳрат ба навиштаи худ пайвастааст, хулоса кунед.

Ҷанобони мӯҳтарам!

22-юми июл дар Норвегияи ором, сарватманд ва демократӣ ҳамлаҳои мудҳиши террористие ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи онҳо на камтар аз 76 нафар ба ҳалокат расид.

Ин аъмоли ҳайвонӣ аз тарафи тундрави миллатгарое анҷом шуд, ки на танҳо одамони “ранга”-ро чашми дидан надорад, балки ҳамаи онҳоеро бад мебинад, ки пешбарандаи андешаҳои башардӯстона, бародарии умумибашарӣ ва эҳтироми тарафайн ҳастанд.

Зӯроварии то ин ҳад бераҳмона аз тарафи тундгароёни радиколи дастиростӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба ин сӯ дида нашудааст. Аммо барои сокинони зоҳирашон ғайриславянии Русия чунин падидаҳо нав нестанд.

Ҳамасола садҳо, шояд ҳазорҳо инсони зоҳираш ғайриславянӣ аз тарафи нажодпарастони рус ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Онҳо латукӯб мешаванд. Сари онҳо бурида мешавад. Оилаҳои тамом қатл мешаванд.

Яке аз чунин тазоҳури ғайриинсонӣ эҳтимолан дар ҳамон лаҳзаҳое рӯй дод, ки Андерс Брейвик бомбаи худро месохт ё ба силоҳи хеш тир ҷой мекард.

Дар зер пайванди видеоро мегузорем. Огоҳ мекунем, ки дар он аъмоли ғайриинсоние тасвир ёфтааст, ки шарафи инсонро тавҳин мекунад:

Навори видеои латукӯби тоҷик дар Русия

Мо, мардуми Тоҷикистон, ба халқи Норвегия таслият ва ҳамдардӣ баён мекунем ва аз Шумо хоҳиш мекунем, вокуниши фаврии хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро ба ин ҷиноят талаб намоед.

Мо бар инем, ки дигар набояд таҳдиди фашистон ба Русия нодида гирифта шавад ва барои пешгирӣ аз чунин рӯйдодҳо дар оянда чораҳои шадид роҳандозӣ шавад.

Шӯҳрат Латифов

Радиои Озодӣ:
Барои нашри видеои зӯроварӣ аз хонандагони арҷманд узр мехоҳем, аммо зарур донистем, он мунташир шавад, зеро бидуни он номаи Шӯҳрат Латифов аҳамияти хешро аз даст медиҳад. Зимнан чунин наворҳо дар шабакаи интернет зиёданд ва муаллиф ба нуктаи ҷолиб ишора мекунад, ки Русия дар пайи муҷозоти ҷиддии нажодпарастони худ нест. Ин ҳам дар ҳоле ки қазияи Брейвик ҳукуматҳои тамоми Аврупоро водор кардааст, ба ҷустуҷӯи чунин аносир ва ҷилавгирӣ аз аъмоли онҳо рӯй оранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG