Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табъизи мусалмонон дар Аврупо ва вазъи беҳтари Русия


Amnesty International мегӯяд, як мояи табъизҳо таассуб ва бардоштҳои манфӣ нисбат ба пайравони Ислом дар Аврупост.

Афви байналмилалӣ гузоришаш дар бораи вазъи мусалмонон дар Иттиҳодияи Аврупоро “Интихоб ва таассуб: табъизи мусалмонон дар Аврупо” ном дода, мегӯяд, як мояи ин табъизҳо таассуб ва бардоштҳои манфӣ нисбат ба пайравони Ислом дар Аврупост.

Марко Перолинӣ, аз муаллифони ин гузориш мегӯяд, дар кишварҳои аврупоӣ занони мусалмонро амдан ба кор намегиранд, духтаронро танҳо барои пӯшидани либоси суннатӣ, барои мисол, ҳиҷоб, ба дарсҳо роҳ намедиҳанд ва мусалмонони мардро фақат барои риш доштан, ки низ ба Ислом пайвандаш медиҳанд, аз кор меронанд. Ӯ меафзояд, аҳзоби сиёсӣ ва сиёсатмадорони давлатӣ ба ҷои мубориза бо чунин таассубҳо баръакс, дар бештари маворид ба хотири касби орои бештари мардум худ дунболи ин ақоид мераванд.

Дар Швейтсария манора манъ шуд, дар Фаронса –бурқаъ

Афви байналмилалӣ дар гузоришаш аз Швейтсария ёдовар шудааст, ки тавассути як раъйпурсии саросарӣ сохтани манораҳои масоҷидро манъ кард, ва ҳам аз Белгияву Фаронса, ки ҳарду комилан пӯшидани рӯйро барои мусалмонон манъ ва барои пӯшидани бурқаъ ҷаримаҳои сангин эъмол кардаанд. Аз устони Каталонияи Испания ҳам ёд шуда, ки мусалмонон ба маҳзи тангии масоҷид маҷбур будаанд, намози худро ҳатто дар кӯча адо кунанд.

Марко Перолинӣ мегӯяд, пӯшидани либоси мазҳабӣ як ҷузъи озодиҳои аслии инсон, аз ҷумла озодии эътиқод ва дин аст, ки бояд дар қиболи тамоми мазоҳиб муроот шавад. Ба ақидаи ӯ, манъи қонунии сатр, ки кишварҳои дигари Аврупо низ дар фикраш шудаанд, ҳаққи мардуми мусалмони ин қора ба озодии баён ва озодии динро поймол карда, ҳаққ ва имкони таҳсилро барои духтарони мусалмон шадидан маҳдуд мекунад: “Он чӣ ки мо зери суол қарор медиҳем, то куҷо ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мувофиқат кардани ин манъкуниҳост.”

Коркобӣ бо ришу бо ҳиҷоб

Масъалаи дигари матраҳшуда дар гузориши Афви байналмилалӣ ҳақ ва имкони занони мусалмон ба ҷои кор дар Аврупост. Бино ба омори ин созмон, дар Фаронса 61 фоизи занон бо ҷои кор таъминанд, вале ин рақам барои занони марокашие, ки дар Фаронса ба сар мебаранд, 25 ва дар байни занони турки сокини ин кишвар ҳатто зери 15 дарсад будааст. Дар Ҳолланд 56 дарсади занони маҳаллӣ ҷои кор доранд, аммо занони мусалмон аз Туркияву Марокаш дар ин ҷо мутаносибан 31 ва 27 дарсад бо кор таъмин будаанд.

Омил, як зани муқими Порис аз ҷумла шикоят кардааст, ки ӯро бо вуҷуди таҷрубаи кофӣ ба маҳзи ин ки ҳиҷоб дошт, ба кор нагирифтанд. Як зани дигар дар Швейтсария аз мавриде ёд кардааст, ки як мард дар кӯча аз ӯ талаб мекард, то ҳиҷобашро биандозад. Ба гуфтаи ин зан, ӯ худро сидқан швейтсарӣ медонад, вале мардуми муттаассиб ҳар ончиро ки дар Ховари миёна ё Африқои шимолӣ мегузарад, аз мусалмонони маҳаллӣ мебинанд.

Масҷид дар зери боми маркази исломӣ

Як паноҳҷӯи қазоқ, ки ба далели пайравии равиши салафии дини Ислом тарки Қазоқистон карда, инак 6 сол боз дар Ҷумҳурии Чех ҳаққи паноҳандагӣ мехоҳад, ба Радиои Озодӣ гуфт, мавориди табъизро дар инҷо бештар занони мусалмон эҳсос мекунанд – ҳам дар нигоҳи мардум ва ҳам дар муносибати мақомот: “Ман худ дар Ҷумҳурии Чех табъизи мусалмонҳо ба далелҳои мазҳабиро кам мушоҳида кардаам, вале чунин бархӯрд нисбат ба занони мо бештар дида мешавад. Занҳо либосе мепӯшанд, ки ошкоро исломист ва аз ин рӯ, ба бархӯрди манфӣ бештар дучор мешаванд. Дар ҳар куҷо – ҳам дар бемористон, ҳам дар ягон идораи давлатӣ ва ҳам дар навбати мағоза. Дар ин бора занҳо нисбат ба мардон хеле зиёдтар шикоят мекунанд.”

Ин ҳамсӯҳбати мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, мақомоти расмии Чехия ҳам нисбат ба мусалмонон сахтгиртаранд ва як сабаби 6 сол тӯл кашидани баррасии дархости паноҳандагии ӯ низ пойбандиаш ба ақидаҳои исломист. Зимнан қонунҳои Ҷумҳурии Чех таъсиси масҷидро низ иҷозат намедиҳанд ва мусалмонони ин сарзамин намозгоҳҳои худро маъмулан таҳти номи “Марказҳои фарҳанги исломӣ” сабти ном мекунанд.

Чархиши Аврупо аз намунаи озодӣ то бегонабадбинӣ

Аврупо дар тӯли даҳсолаҳои охир дар дунё як тимсоли пешрафту шукуфоӣ ва ҳам як намунаи ҳадди аксари ҳусни таҳаммули ақидатӣ ва як улгуи озодӣ, аз ҷумла озодии эътиқод, ба ҳисоб меомад ва фавҷи бузурги муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони мусалмон, аз кишварҳои фақиру худкома ба умеди натанҳо зиндагии беҳтар, балки бо орзуи расидан ва чашидан аз ин озодиҳо низ ба Аврупо мерезанд.

Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ
Аммо дар солҳои охир дар ин қора тамойюли баръаксе боло мегирад ва аҳзоби қавмгаро дигар дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ба як нирӯи собити севум табдил ёфтаанд. Дар Ҳолланд, барои мисол, ҳизби барандаи интихобот мулзам шуд, ба хотири ташкили ҳукумат бо ҳизби Озодӣ, ки қавмгарост, эътилоф бандад ва акнун ба иллати саркашии ин ҳизб аз тасвиби як паймони зиддибуҳронӣ ин ҳукумати зӯракӣ пош хӯрд ва кишварро роҳии интихоботи пеш аз мӯҳлат кард.

Буҳрони молӣ ва кӯтоҳ шудани дасти ҳукуматҳо аз иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ сафи онҳоеро, ки дар бадбахтиҳои кишвари худ аз байни мардуми омада гунаҳкор меҷӯянд, боз ҳам афзуд ва акнун мебинем, ки сиёсатмадорони мӯътадиле, чун раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, низ ҳамон шиорҳои шабеҳи аҳзоби қавмгароро баланд мекунанд, ки орое чанд бештар ба даст биоранд.Ин шиорҳо барои Саркозӣ дар даври аввали интихобот чизе надод ва ӯ қабл аз даври дувум бо вуҷуди умедворӣ аз орои пайравони ақидаҳои қавмӣ боз ҳам маҷбур шуд, ҳар навъ имкони муомила бо Ҷабҳаи миллии Марӣ Ле Пен дар ивази эътои курсиҳои вазириро қатъан радд кунад.

Сергей Никитин, раҳбари намояндагии Афви байналмилалӣ дар Маскав мегӯяд, як далели мавзӯи гузориши ахири ин созмон қарор гирифтани вазъи мусалмонон низ ҳамин тамойюли хатарноки Аврупо ба сӯи ақидаҳои тунди рост ва дидгоҳҳои зидди муҳоҷирону зидди мусалмонон буд: “Чунин чархиш ба самти дидгоҳҳои қавмгароёна дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Аврупо мушоҳида мешавад. Ҳамла ба муҳоҷирон ва боқӣ мардуми ғайр шояд дар кӯтоҳмуддат ба ин ё он ходими сиёсӣ фоизи каме бештаре бидиҳад, вале ин ҳаракат аз як масири хеле хатарнок аст. Ин, албатта, мояи нигаронии мост ва як аломати ин нигаронӣ ҳамин гузориш аст. Аммо мо қабл аз ин гузориш низ мавридҳои табъизи мусалмонон дар Аврупоро интиқод мекардем.”

Андерс Брейвик
Андерс Брейвик
Ҳоло дар Норвегия додгоҳи Андерс Брейвик идома дорад, ки соле пеш дар ду ҳамлаи ҳадафмандона 77 нафарро кушт. Ин қазия дунёро таккон дод, вале Брейвик то ҳол мӯътақид аст, ки ҷиноят накардааст, балки тамаддуни масеҳии Аврупоро аз ҳуҷуми Ислом дифоъ мекард.

Дарси Ислом дар мактаби миёна

Сергей Никитин мегӯяд, Афви байналмилалӣ ҳанӯз таҳқиқоти хосе дар бораи вазъи мусалмонони Русия анҷом надодааст. Вале дар интихоботи ахири раёсати ин ҷумҳурӣ низ як қартаи асосӣ муҳоҷирон шуд. Ин ва афзоиши пайвастаи шумори гурӯҳҳову аҳзоби қавмгаро дар Русия ҳокист, ки бозори бегонабадбинӣ ва қавмгароӣ дар Русия низ солтосол пурхаридортар мешавад.

Аммо Худойдод Зокирӣ, хабарнигори рӯзномаи “Имрӯз Нюс”-и чопи Душанбе дар Маскав мегӯяд, бо ин вуҷуд, ҳусни таҳаммул нисбат ба ақалияти мусалмонӣ дар Русия хеле болотар аз Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди 97 дарсад аҳолии мусалмонаш, то ҳол, барои мисол, ҳатто як мактаби миёнаи динӣ надорад: “Сиёсати давлати мо беҳтар аст дар муқоиса бо кишварҳои ба ном мусалмони мо. Ҳатто шароити хуби мактабӣ ҳам барои фарзандони мусалмонон омода кардаанд. Мактаб нест ба ному лекин дар асл, ба кӯдакон ҳам барномаи расмии Русияро тадрис мекунанд ва бар изофа, дарсҳои динӣ, ба мисли омӯзиши Қуръон, дарси ахлоқ, таърихи паёмбарон. Рӯзҳои ҷумъа барои толибилмон намоз ҳам ташкил мекунанд. Яъне сиёсати давлати Русия беҳтар аст дар муқоиса бо Аврупо ё бо худи мардуми Русия. Ва ҳатто аз Тоҷикистони мо беҳтар аст.”

Муносибати ҷомеаи Русия ба “хоҳарони сатрӣ”

Худойдод Зокирӣ аммо мегӯяд, муносибати ҷомеаи Русия нисбат ба мусалмонон фарқ мекунад ва бахусус дар қиболи заноне, ки сатри исломӣ ба тан доранд: “Ҳамон мушкилотеро, ки дар Аврупо ҳаст, дар Русия низ метавон мушоҳида кард. Дар метро ҳар рӯз мебинем, ба хоҳароне, ки сатрӣ ҳастанду шарти ҳиҷобро риоя мекунанд, бо як нигоҳи тунду сард нигоҳ ва муомила мекунанд. Вале чунин муносибат аз дидгоҳи мардум аст, на дар сиёсати расмии давлати Русия.”

Ба назари бисёриҳо, чунин бардошт ва бархӯрди манфӣ нисбат ба занони ҳиҷобпӯш натиҷаи дар чанд ҳамлаи ҷудоиталабони чечен истифода шудани занони ҳиҷобдор ҳам ҳаст, ки мардуми Русия дигар аз сӯи ҳар зани сарӯ рӯяш пӯшида эҳсоси таҳдиду хатар мекунад. Дар ҳамлаи маъруфи тирамоҳи соли 2002 ба театри “Норд-Ост” қариб нисфи гаравгонгирон занони ҳиҷобпӯш буданд.

Гулхумор, як зани тоҷик, ки 15 сол дар Русия ба сар бурдааст, мегӯяд, баъд аз ҳамлаи “Норд-Ост” занони мусалмон метарсиданд ҳатто ҳиҷоб ба сар кунанд, вале ба сурати умум, ба фарқ аз Душанбе, дар тамоми муддати зиндагиаш дар Маскав касе ба ҳиҷобпӯшии ӯ эрод нагирифтааст: “Мо дар наздикии Новогиреево зиндагӣ мекардем, ки ба он театр ҳамла шуд. Баъд ман ба ҷои ҳиҷоб кӯлоҳ пӯшидам дар сарам. Лекин дарбонҳои бинои мо гуфтанд, ки бепарво ҳамон либоси худатонро пӯшидан гир. Хариди хонаро худам, ки мекардам, ҳама ҷо мерафтем. Бозори Новогиреево мерафтем, супермаркети “Седмой континент” мерафтем. “Аваско” мерафтем. Аз автобусҳо ҳатто сарашонро бароварда, бо ҳавас нигоҳамон мекарданд. Ягон кас ягон бор барои тарзи либоспӯшиамон чизе нагуфтааст.” Мусоҳиби мо мегӯяд, аммо дар Душанбе гоҳ-гоҳе ину он ба ҳиҷоби ӯву духтаронаш эрод мегиранд ва дар чунин лаҳазот дилаш дигарбора ба ёди Маскав гум мезанад, ки кош онҷо мемонд.

Арҷи бештари Маскав ба калисои православӣ

Русия собиқаи қариб 20 соли ҷанг алайҳи чирикиҳои исломӣ дар Қафқози шимолиро дорад ва дар чаҳорчӯби тааҳҳудоташ дар созмонҳое, чун Паймони амнияти дастаҷамъӣ, фаъолияти гурӯҳҳои тундравии исломии бархоста аз Осиёи Марказӣ, назири Ҳаракати исломии Узбакистону Ҳизб-ут-Таҳрир ва пайравони рӯҳонии турк Саид Нурсиро дар қаламраваш манъ кардааст ва аъзои чунин гурӯҳҳоро бо дархости кишварҳои ҳампаймони худ таъқиб мекунад.

Вазорати адлияи Русия ҳам як рӯйхати сиёҳи тӯлонии иборат аз 1124 адабиёту наворҳои мамнӯъро тартиб додааст, ки як бахши аъзамаш адабиёти исломист. Танҳо додгоҳи ноҳияи Бугуруслани вилояти Оренбург 5 сол пеш бо як ҳукм фурӯши 15 китобу маҷаллаи динӣ, аз ҷумла “Асосҳои ислом”-у “Зиндагии паёмбар” ва “Рисолаи нур”-и Саид Нурсӣ ва ҳам маҷаллаи “Ваъй” ва рӯзномаҳои “Ҳидоят”-у “Ҳикмат”-ро манъ кард. Ин қазия феълан дар дасти Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар қарор дорад. Муборизаи як гурӯҳи занони тотор барои ҳаққи бо ҳиҷоб акс гирифтан дар шиноснома низ то ҳол натиҷае надодааст.

Дар гузориши ахири Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ низ таъкид шуда буд, ки ҳарчанд Русия дини давлатӣ надорад, вале мақомоташ ба калисои православӣ тарҷеҳ ва имтиёз медиҳанд, то ба намояндагони динҳои дигар. Вале ба сурати умум, бисёриҳо дахолати давлати Русия дар умури диниро мисли кишварҳои Осиёи Марказӣ густарда намедонанд ва мегӯянд, дар Русия ба фарқ аз Тоҷикистон, барои мисол, масҷидҳоро намебанданд ва мисли Узбакистон афродро танҳо бо ҷурми адои фаризаҳои мазҳабӣ ба зиндон намеандозанд.
XS
SM
MD
LG