Пайвандҳои дастрасӣ

Омили кушторҳои Норвегия дар додгоҳ


Андерс Беринг Брейвик дар роҳ ба сӯи додгоҳ

Андерс Беринг Брейвик дар роҳ ба сӯи додгоҳ

Рӯзи душанбе дар додгоҳи шаҳри Ослои Норвегия шахси муттаҳам бо куштори беш аз 90 нафар барои аввалин бор зуҳур намуд.

Додраси додгоҳи Осло Ким Ҳегер дастур дод, ки муҳокимаи пешакии рӯзи душанбе пушти дарҳои баста сурат гирад, то Андерс Беринг Брейвик муҳокимаро ба минбари тарғиботи ростгароҳои ифротӣ ва зиддиисломӣ табдил надиҳад.

Брейвик масъулияти бомбгузорӣ дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати Норвегия ва куштори дастаҷамъӣ дар урдугоҳи ҷиноҳи ҷавонони ҳизби кори ин кишвар дар ҷазираи Утояро бар дӯш гирифтааст. Бар асари бомгузорӣ дар маркази Осло, камаш ҳафт нафар ва бар асари тирандозӣ дар Утоя камаш 86 каси дигар кушта шудаанд.



Геир Липпестад, вакили мудофиаи Брейвик мегӯяд, номбурда кушторҳояшро амали одилона мешуморад: “Брейвик бар ин назар аст, ки амалаш бераҳмона, вале зарурӣ будааст.”

Муҳокимаи пешакии рӯзи душанбе ҳамагӣ 35 дақиқа идома дошт. Дар арафаи он, аҳли Норвегия ва кишварҳои дигари нимҷазираи Скандинавия ба ёди қурбониҳо як дақиқа хомӯшӣ риоя намуданд.

Расонаҳои маҳаллӣ Брейвикро ҳамчун як ифротгарои насронӣ ва душмани ислом арзёбӣ мекунанд. Ба навиштаи онҳо, Брейвик аз муҳоҷирати рӯзафзуни мусулмонон ба Аврупо ба ғазаб омадааст.

Гуфта мешавад, Брейвик ҳадаф доштааст, ки дар ҷазираи Утоя собиқ сарвазири ин кишвар хонум Гру Ҳарлем Брунтландро ба қатл расонад. Брунтланд се муддат ба ҳайси сарвазири Норвегия ифои вазифа кардаву ба ақидаи ифротгароҳо, маҳз сиёсати нарми ӯ дар муқобили муҳоҷирон, боиси афзоиши шумораи мусулмонон дар ин кишвар шудааст.

Рӯзи ҷумъа дар арафаи ҳамлаҳо Брейвик як эъломияи иборат аз 1500 саҳифаро дар интернет ҷо дода, барномаҳову диди сиёсии худро ошкор кардааст.

Рӯзноманигорон навиштаанд, ки тӯли солҳои ахир Брейвик дар сомонаҳои мухталифи интернетӣ дини Ислому сиёсати муҳоҷирати ҳукумати ин кишварро мавриди интиқод қарор додааст.

Тибқи иддаои Брейвик, ӯ ин ҳамлаҳоро танҳо тарҳрезиву иҷро кардааст. Рӯзи якшанбе полиси норвегӣ шаш нафарро дар иртибот бо ҳамлаҳои Брейвик боздошт намуд, вале баъди муддати кӯтоҳе онҳо озод шуданд.

Рӯзи душанбеи 25-уми июл ҳазорон нафар аз сокинони Норвегия дар гиромидошти хотираи қурбониёни ҳамлаҳои маргбори 22 июл, ки беш аз 90 кушта бар ҷой гузошт, гирдиҳам омаданд. Сарвазири кишвар Йенс Столтенбергер ва мақомоти дигар ба китоби бузурги ҳамдардиҳо имзо гузоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG