Пайвандҳои дастрасӣ

Башор Асад ба зери соя меравад


Қадрӣ Ҷамил, муовини нахуствазири Сурия

Қадрӣ Ҷамил, муовини нахуствазири Сурия

Як мақоми баландпояи Cурия аз омодагӣ барои гуфтугӯ бо мухолифон дар бораи канор рафтани Башор Асад аз қудрат хабар дод.

Қадрӣ Ҷамил, муовини нахуствазири Сурия, рӯзи сешанбе дар посух ба суоле дар бораи канорагирии Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар, аз қудрат гуфт, "дар ҷараёни гуфтугӯ метавон ҳама чизро ба баҳс гузошт. Ҳар пешниҳоде, ки яке аз тарафҳои гуфтугӯ онро матраҳ мекунад. Ҳатто ин мавзӯъро ҳам метавон ба баҳс гузошт."

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҷаноби Ҷамил, ки дар нишасти хабарӣ дар поёни дидораш бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, сухан мегуфт, афзуд, “аммо қарор додани масъалаи канорагирии Асад аз қудрат ба унвони пешшарте барои гуфтугӯҳо ба маънии бастани роҳ дар муқобили гуфтугӯ пеш аз оғози он аст.” Муовини нахуствазири Сурия инчунин дар бораи ҳушдори Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ба давлати Сурия дар бораи ҷобаҷоӣ ё истифода аз силоҳи кимиёӣ гуфт, “таҳдидҳои Обама танҳо таблиғҳое барои интихоботи раёсати ҷумҳури Амрикост.” Аз сӯи дигар, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, таъкид кард, ки кишварҳои хориҷӣ бояд танҳо барои омода кардани замина барои оғози гуфтугӯ миёни тарафҳои даргир дар Сурия талош кунанд. Ӯ афзуд, “оштии миллӣ роҳи поён додани сареъ ё зуд ба ҳаммоми хун дар Сурия аст. Бояд шароитро барои нишастани суриягиҳо пойи мизи музокирот фароҳам кард, то сарнавишти кишвари худро бидуни дахолати хориҷиҳо таъйин кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки дар Порис Абдулбосит Сайдо, раиси
Шӯрои миллии интиқолӣ, ки дар он бахшҳои густурда аз мухолифон ҳузур доранд, эълом кард, ки талошҳои ҷиддӣ барои эъломи ҳарчӣ зудтар аз ташкили давлати интиқолии Сурия дар ҷараён аст.

Сайдо бо таъкид бар ин ки машварати ҷиддӣ бо гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Сурия дар брораи ташкили давлати интиқолӣ дар ҷараён аст, изҳор дошт, "умедворем, ҳарчӣ сареътар ба дохили ватан нақли макон кунем, то ин давлат ба вазифаҳои худ аз дохил бипардозад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG