Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ дар OIC аз қазияи Фаластин ва фоҷиаи Мянмар гуфт


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз мавқеи Фаластин ҳимоят ва фоҷиаи мусалмонони Мянмарро маҳкум намудааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти ғайринавбатии вазирони умури хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ (СҲИ) мавқеи кишварашро дар мавриди қазияи Сурия, Фаластин ва фоҷиаи мусалмонони Мянмар баён доштааст. Ин нишаст рӯзи душанбе, 13-уми август, дар Ҷидда баргузор шудааст.

Торнамои расмии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон менависад, ҷаноби Зарифӣ гуфтааст, "Тоҷикистон дар мавзӯи ҷавҳарии олами исломӣ мавқеи Фаластинро комилан дастгирӣ намуда, фоҷиаи мусалмонони Мянмарро қотеона маҳкум мекунад."

Дар ин сӯҳбатҳои худ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба қазияи Сурия ҳам дахл карда ва афзудааст, "бӯҳрони Сурия бояд бе дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии ин кишвар аз ҷониби мардуми Сурия ҳалли худро пайдо намояд."

"Нақшаи тарҳрезишудаи намояндаи собиқи муншии Созмони Милали Муттаҳид ва Лигаи давлатҳои араб дар масоили Сурия Кофӣ Анонро нахустқадам барои ҳалли қазияи ин кишвар медонем ва дар ин раванд ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамоем, то ҷонибҳои даргири низоъро ба ин иқдом водор намоянд ва кафолати ҳаёти ҳар як шаҳрванди Сурия таъмин карда шавад",-таъкид кардааст Ҳамроҳхон Зарифӣ.

Бояд гуфт, имрӯз, 14-уми август ва фардо нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Макка идома меёбад. Дар ин нишаст раисиҷумҳури Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ, намояндагӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG