Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Нерӯҳои Сурия даст ба ҷиноёти ҷангӣ задаанд"


Муфаттишони СММ мегӯянд, нирӯҳои давлатии Сурия ва шибҳанизомиҳои гурӯҳи Шабиҳа, даст ба ҷиноят алайҳи башарият задаанд.

Ҳайъати СММ рӯзи чоршанбе гуфт, чирикиҳое, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, низ ба ҷиноёти ҷанг роҳ додаанд, вале ҷиноёти ин ҷониб «аз нигоҳи умқу мизон ва миқёс» бо он чӣ ки нирӯҳои амниятӣ анҷом медиҳанд, қобили қиёс нест.

Гузориши муфаттишони мустақиле, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ таъйин карда буд, дар ҳоле нашр шуд, ки гузоришҳои дирӯза ҳоки аз даргириҳо дар саросари Сурия буда, бар асари ҳамлаи ҳавоии давлат дар як шаҳри таҳти назорати чирикиҳо дар шимоли кишвар дастикам 20 нафар кушта шуданд ва даргириҳо ва таркишҳо дар пойтахт –Димишқ – низ сурат гирифтаанд.

Гузоришгарони СММ нирӯҳои амниятии Сурияро ба қатли беш аз 100 мулкӣ дар рустои Ҳуло дар моҳи май айбдор карданд. Нисфи кушташудаҳо дар ин русто кӯдакон будаанд. Гузориш нирӯҳои амниятиро ҳамчунин масъули мавридҳои
дигари «нақзи бепардаи қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла куштору шиканҷа, боздоштҳои худсарона, қатлҳои ғайриқонунӣ ва ҳамлаҳои бетарҷеҳ алайҳи мардуми мулкӣ» меномад.

Димишқ ба ин ҳайъати муфаттишони СММ иҷозати вуруд ба Сурияро надода буд. Гузориш ба ин далел рӯйдодҳои аз моҳи феврал то поёни моҳи июлро бар пояи сӯҳбатҳо бо садҳо паноҳандаи суриёӣ дар кишварҳои ҳамҷавор пайгирӣ кардааст.

Муфаттишон ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ тавсия додаанд, то ин гузоришро ба дабири кулли Милали Муттаҳид Бан Ки Мун ироа кунад, ки ӯ битавонад онро дар маърази таваҷҷӯҳи Шӯрои Амният бигузорад.

Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Маскав Ғарбро айбдор кард, ки тарҳи сулҳи Сурияро пушти по зада, бо ташвиқи чирикиҳо ба идомаи хушунатҳо мусоидат мекунад: «Бояд тамоми бозигарони беруна рӯи кулли ҷонибҳои Сурия фишори тамом биоранд, таҳрику ташвиқи мухолифин ба идомаи муборизаи мусаллаҳонаро бас кунанд ва бо ин ҳукуматро ба иҷрои тарҳи сулҳи иборат аз 6 банд ва ёддошти Женева маҷбур кунанд. Гуфтанист, ки ҳукумат ба ин розӣ шуд бо ин шарт, ки мухолифин низ чунин кунанд. Вале мухолифин ҳанӯз ба ин розӣ нашудаанд.»

Вазирони умури хориҷии Русия ва Сурия.
Вазирони умури хориҷии Русия ва Сурия.
Фаъолони Сурия мегӯянд, тайи 17 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Асад дар ин кишвар беш аз 20 000 нафар ҷон бохтаанд. Танҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоии дирӯза дар шаҳри Азаз дар шимоли Сурия, ки дар дасти чирикиҳост, дастикам 20 нафар кушта шуданд. Рӯзи чоршанбе як таркиши сангин дар Димишқ дар наздикии як таъсисоти низомӣ ва меҳмонхонае рух дод, ки нозирони СММ ба сар мебаранд. Матбуоти давлатӣ гуфт, дар ин маҳал бомб таркида, 3 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Масъулияти ҳамла дар пойтахтро Артиши ҳуррияти Сурия – як ташаккули умдаи чирикиҳо бар ӯҳда гирифт.

Дар бораи даргириҳо байни нирӯҳои амниятӣ ва чирикиҳо дар Димишқ низ гузоришҳо мерасанд. Фаъолон мегӯянд, даргириҳо замоне рух доданд, ки чирикиҳо ба посгоҳҳои амниятӣ дар минтақаи Мазза дар ғарби Димишқ, ки макони идороти давлатӣ ва ҳам сафорати Эрон аст, ҳамла бурданд. Матбуоти давлатӣ мегӯяд, дар ҷараёни набардҳо чандин ҷангӣ кушта ё боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG