Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Халабони ҳавопаймои ҷангии Сурия дар асорати мухолифон


Чирикиҳои Сурия мегӯянд, рӯзи душанбе халабони ҳавопаймои ҷангии нерӯҳои давлатиро асир гирифтаанд.

Чирикиҳо иддао доранд, ки ин ҷангандаро дирӯз дар шарқи кишвар суқут додаанд. Чирикиҳо навори видеоиеро нашр карданд, ки дар он се силоҳбадаст мардеро, ки халабон Муфид Муҳаммад Сулаймон муаррифӣ мешавад, асир мегиранд. Ин мард мегӯяд, муносибат нисбат ба ӯ хуб аст, ва аз нерӯҳои давлатии Сурия даъват мекунад, то аз баҳри режими Башор Асад бигзаранд. Ин асир дар навор мегӯяд, ки рӯяш ҳангоми берун ҷастан аз ҳавопаймо лат хӯрдааст: "Ман аз ҳавопаймо берун ҷастам, бод хеле тунд буд ва чатр маро рӯи сангу рег поён кард."

Таъйиди мустақилонаи воқеияти наворе, ки телевизиони Ал-Арабия нашр кард, ғайримумкин менамояд, вале ин навор дар пасманзари гузоришҳои зиддунақиз дар бораи суқути як ҷангандаи артиши Сурия дар вилояти шарқии Дайруззор нашр шуд. Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, ҳавопаймо рӯзи душанбе дар ҷараёни "парвози муқаррарии тамринӣ" бар асари мушкилоти фаннӣ суқут кардааст ва ҷустуҷӯи сарнишинаш идома дорад.

Аммо фаъолони суриёӣ қаблан навори видеоиеро нашр карданд, ки чигуна як ҳавопаймои сохти Шӯравии навъи МИГ дар пайи асобати тир аз замин оташ гирифта, суқут мекунад. Агар иддаои чирикиҳо дар бораи суқути ҳавопаймо дуруст бошад, пас ин аломати ташдиди низоъ дар ин кишвари ошӯбзадаи арабист.

Рӯзи душанбе Деннӣ ал-Боҷ, яке аз аввалин дипломатҳои Сурия дар Аврупо шуд, ки тарки режими Асад кард. Ал-Боҷ эътироф кард, ки чанд муддат боз рӯи мавзӯи тарки режим фикр мекард ва аз қабл бо як гурӯҳи мухолифини Асад дар Порис тамос барқарор карда буд. Бо ин ҳол, Бабакар Гайе - раҳбари ҳайати нозирони СММ дар Сурия дирӯз гуфт, яқинан низои Сурия шадидтар мешавад: "Рӯшан аст, ки хушунат дар бисёре аз қисматҳои Сурия афзоиш меёбад. Истифодаи беибои давлат аз силоҳҳои сақил ва ҳамлаҳои ҳадафмандонаи мухолифин дар манотиқи шаҳрӣ мунҷар ба талафоти сангин дар байни мардуми мулкии бегуноҳ мешавад."

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Валерӣ Амос – раҳбари идораи ҳамоҳангсозии кумакҳои башарии СММ рӯзи душанбе эълон кард, ки байни рӯзҳои 14-16-уми август ба Сурияву Лубнон сафар хоҳад кард. Амос вазъи паноҳҷӯён дар Сурия ва кишварҳои ҳамсояро таҳқиқ хоҳад кард. Ба ҳисоби СММ, буҳрони Сурия то кунун ба ҳудуди 2 миллион нафар осеб расонда, танҳо дар дохили кишвар шумори беҷошудагон аз марзи 1 миллион нафар гузаштааст. Тақрибан 140 000 нафари дигар аз ҷангу хушунатҳои Сурия ба Лубнону Урдуну Туркия ва ҳатто ба Ироқ паноҳ бурдаанд. Ҳамин тавр, шумори кушташудаҳо тайи якуним соли ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия зери 20 000 нафар гуфта мешавад.

Рӯзи сешанбе созмони Конфронси кишварҳои исломӣ низ дар як нишасти дурӯза бо ширкати намояндагон аз 57 кишвари узви ин бузургтарин иттиҳодияи давлатҳои мусалмонӣ дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ба баррасии вазъи Сурия хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG