Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳимӣ эҳтимолан ҷойгузини Анон мешавад


Ахзар Иброҳимӣ, қарор аст ҷойгузини Кофӣ Анон шавад.

Ахзар Иброҳимӣ, қарор аст ҷойгузини Кофӣ Анон шавад.

Эҳтимол дорад, ки Ахзар Иброҳимӣ -дипломати кӯҳнакори алҷазоирӣ ба унвони намояндаи вижаи СММ барои Сурия мансуб шавад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дипломатҳо дар Шӯрои Амнияти СММ гуфтаанд, ки Ахзар Иброҳимӣ ҷониши Кофӣ Анон хоҳад шуд то ба талошҳо барои ҳалу фасли бӯҳрони Сурия идома диҳад.

Кофӣ Анон, ки пештар ба унвони фиристодаи вижаи СММ ва Иттидодияи Араб барои ҳалли бӯҳрони Сурия интихоб шуда буд, чанде пеш эълом кард, ки наметавонад ба маъмурияти худ идома диҳад ва бештар аз муддати замони эъломшуда барои ин маъмурият дар ин мақом боқӣ нахоҳад монд. Маъмурияти Кофӣ Анон ҳудуди 20 рӯзи дигар поён хоҳад пазируфт.

Дипломатҳое, ки нахостанд номашон фош шавад ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки ҳафтаи оянда баёнияе дар бораи ҷойнишини оқои Анон содир хоҳад шуд. Ахзар Иброҳимӣ пештар намояндаи СММ дар Ироқ ва Афғонистон буд.

ИНТИХОБИ НАХУСТВАЗИР ВА ИДОМАИ ДАРГИРИҲО ДАР ҲАЛАБ

Рӯзи панҷшанбе дар ҳоле, ки хабарҳо дар бораи задухӯрдҳо дар Ҳалаб пахш мешуданду Эрон як нишасти байналмилалиро ба хотири ҳалли бӯҳрони Сурия раҳандозӣ намуд, президенти Сурия Башор Асад Воил Халқиро ба мансаби сарвазири ин кишвар таъйин кард.

Воил Халқӣ собиқ вазири беҳдошти Сурия ба ҷои Риёз Ҳиҷоб, ки ҳафтаи гузашта ба Урдун фирор кард, ба ин мансаб пешбарӣ шудааст. Халқӣ зодаи вилояти ҷанубии Даръои Сурия мебошад. Ошӯби 17-моҳа бар зидди ҳукми Асад маҳз аз ҳамин устон шурӯъ шудааст. Халкӣ аз соли 2000-ум то 2004-ум раҳбарии шӯъбаи ҳизби ҳокими Баъс дар вилояти Даръоро бар дӯш доштааст. Соли 2010-ум ӯро раиси Иттиҳодияи табибони Сурия интихоб карданд. Дар ҳамин ҳол аз шаҳри Ҳалаб ахбори зидду нақиз дар бораи назорати минтақаи Салоҳуддини ин шаҳри бузургтарини Сурия пахш мешавад.

Рӯзи чоршанбе расонаҳои давлатии Сурия иттилоъ доданд, ки нерӯҳои режими Асад минтақаи Салоҳуддинро таҳти тасарруф дароварданд. Вале ошӯбгарон мегӯянд, ки дар он ҷо бархӯрдҳо хотима наёфтаанд. Хабаргузори Франс пресс гузориш додааст, ки Артиши Озоди Сурия аз минтақаи Салоҳуддин пурра берун шуд. Ин хабаргузорӣ аз нақли яке аз раҳбарони ошӯбгарон бо номи Ҳусам Абу Муҳаммад овардааст, ки беруншавии ошӯбгарон аз минтақаи Салоҳуддин амали тактикиӣ мебошад.

НИШАСТИ ТЕҲРОН ДАР БОРАИ СУРИЯ

Дар ҳамин ҳол рӯзи панҷшанбе ҳомии асосии режими Асад дар арсаи байналмилалӣ - Эрон вазирони Русия, Чин, Покистон, Венесуэла, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як идда мамолики арабро ба Теҳрон барои баррасии вазъи Сурия даъват кард. Дар ин нишаст Теҳрон тақозо кард, ки ҳукумат ва мухолифини Сурия музокироти ҷиддиву фарогир раҳандозӣ намоянд.

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз минбари нишаст гуфт:
“Тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ки ба навъе дар бӯҳрони Сурия нақш доранд, бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки вазъи ҷуғрофиёиву сиёсии Сурия ба шаклест, ки ҳалли бӯҳронро танҳо аз тариқи гуфтугӯи дохилӣ ва сиёсӣ имконпазир месозад."

Дар идомаи суханрониаш Солеҳӣ таъкид кард, ки Теҳрон аз иқдомҳои СММ дар Сурия дастгирӣ мекунад: “Ҷумҳурии исломии Эрон зимни радди ҳар гуна мудохилаи хориҷиву низомӣ дар ҳалли бӯҳрони Сурия, аз иқдоми дабири кулли СММ барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрон ин кишвар ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад".

Коршиносон мегӯянд, эҳтимол нишасти Теҳрон ба ҳалли бӯҳрони Сурия қодир набошад, вале он нишон медиҳад, ки дар иртибот бо ошӯби 17-моҳа Теҳрон дар як ҷабҳа бо режими Асад қарор дорад.
XS
SM
MD
LG