Пайвандҳои дастрасӣ

Аз замоне, ки Ҳикоят Мирзоева, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, қасди худкушӣ карда, се кӯдакаш фавтида, худаш зинда боқӣ монд, расо ду сол сипарӣ шуд.

Бо гузашти ду сол аз ин ҳодиса, Ҳикоят ҳанӯз ба худ наомада, таҳти муолиҷаи равонпизишкон қарор дорад.

Эҳсоси рашк нисбат ба ҳамсараш Ҳикоятро ба амали худкушӣ таҳрик дода буд. Тобистони соли 2010-ум вай, ки гӯё аз хиёнати шавҳараш хабардор мешавад, сӯзишвории муҳаррики барқдиҳандаро андаруни ҳуҷраи манзилаш пошида, ҳамроҳи се фарзандаш худро оташ мезанад. Дар натиҷа Маҳинаи 7-сола, Абдуллоҷони 5 ва Оминаи 3-сола ҷаҳоратҳои сангини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон реҳлат мекунанд, аммо худи зан ҷон ба саломат мебарад.

Додситонии вилояти Хатлон он замон нисбати ин зан бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи се фарзанди оҷизаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ карда буд, аммо додгоҳ ин занро номукаллаф хонда, ӯро на ба зиндон, балки ба муолиҷаи ҳатмии иҷборӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати пуршиддат равона кард.

Яке аз мушовирони додраси мурофиаи додгоҳӣ мегӯяд, зоҳиран ин зан дарк намекард, ки то кадом ҳад амали сангине содир кардааст: «Вақте мурофиа ҷараён дошт, эҳсос мешуд, ки чандон солим нест. Саволу ҷавоб мекард, мегуфт, ки аз ҳисси рашк нисбати шавҳараш ба ин амали сангин даст задааст. Аммо ҳисси пушаймонӣ ё маъюсӣ дар чеҳрааш дида намешуд, шояд то охир дарк намекард, ки фарзандкуш шудааст…»

Аммо ҳоло, ки аз замони вуқӯи ин ҳодисаи пурсарусадо моҳҳо сипарӣ шудааст, Ҳикоят Мирзоева мегӯяд, ки ҳамакнун ба дарки ҷинояти содиркардааш меравад ва аз қатли фарзандонаш эҳсоси пушаймонӣ мекунад. Ҳарчанд тибқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ, хонум Мирзоева гирифтори бемории рӯҳии маҷзубияти равандаш сустҷараён буда, номукаллаф мебошад, зоҳиран ба суолҳои додситонӣ равшан ва фаҳмо, аммо кӯтоҳ посух мегӯяд:

«Он рӯз намедонам, ки дар чӣ ҳоле қарор доштам. Субҳ аз хоб хестам, ки шавҳарам ба кор рафтааст, аммо телефонаш дар хона буд. Ба телефонаш СМС омад, аз номи Нозанин ном зане. Хашмин шудам, движокро ба хона оварда, бензинашро аз сару рӯям рехтам, духтари калониам омада, аз поям дошт, «Оча, худро насӯз!» гуфта, фиғон бардошт. Аммо дигар худро контрол намекардам ва ба гӯшам танҳо нидоҳои ҷонсӯзи духтари калониам мерасид. Ин амалро анҷом додаму ҳаматарафа азоб мекашам. Пас аз муолиҷа гирифтан ба ман гуфтанд, ки он рӯз фарзандонат кушта шуданд. Дод мезадам, ки дастони фарзандкушамро буред, аммо духтурон ҷанг мекарданд, ки ҳар чӣ шуд, шуд, набояд худкушӣ кунӣ…»

Ҳикоят дар шарҳи сабаби оташзании худ ва фарзандонаш гуфт, ки намехост то онҳо, ба истилоҳ, пеши пойи зани дуюми падар монанд. Ҳамакнун вай фарзандонашро ҳар шаб дар хоб мебинад, ки гиря дошта, аз ӯ илтиҷо мекунанд, то аз коми оташ наҷоташон диҳад.

Ба иттилои мақомоти додситонии Хатлон, ба мисли Ҳикоят Мирзоева даҳҳо мавриди дигари худкушӣ ё сӯйиқасд ба ҷони худ кардани занонро дар заминаи рашку муноқишаи оилавӣ сабтином кардааст. Танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 80 ҳодисаи хукудкушии сокинони вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки аксарашон занону духтарони аз 15 то 35-сола будаанд.

Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик, дар ин иртибот мегӯяд: «Мавриде ки одам дар ҳолати ғазаб мешавад, як энергия, қувваи негативие дар ботинаш пайдо мегардад. Барои бартараф кардани ҳамин энергия одатан одамон ягон чизро мезананд, мешикананд, ё он агрессияеро, ки азобашон медиҳад, ба шахси дигар мепартоянд. Яъне дар ин ҳолат занозанӣ мекунанд, латукӯб ё дашному дигар чизҳо. Худкушӣ бошад, чунин амал ё ҳолате ҳаст, ки ҳамин энергияро одам ба худаш мепартояд…»

Ҳикоят Мирзоева, ки ҳоло дар марказе таҳти муроқибати пизишкони равоншинос қарор дорад, мегӯяд, интизори дидани ҳамсараш аст, ки пас аз ҳодисаи худсӯзӣ ва фавти се фарзандаш, ӯро раҳо карда буд. Аммо ин интизории Ҳикоят шояд ба ин зудӣ бароварда нашавад, зеро собиқ ҳамсараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия бо зани дигаре ба сар мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG