Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифли беникоҳ -- даҳшат ва худкушӣ ё хатои бахшиданӣ?


Ин акс аз сафҳаи фейсбуки созмони "Гулрухсор" гирифта шудааст.

Ин акс аз сафҳаи фейсбуки созмони "Гулрухсор" гирифта шудааст.

Таваллуди фарзанди номашрӯъ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон доғе шумурда мешавад, ки барои як умр боқӣ хоҳад монд.

Модари тифле, ки беникоҳ ба дунё меояд, сиёҳном ва худи кӯдак барои тамоми умр "ҳаромӣ" ном мегирад. Оё ҷомеа дар чунин ҳолатҳо раҳм нишон медиҳад ё бераҳмӣ? Аз сари худи модарони "тифли нохоста" чӣ мегузарад?

Ҷамила аз ҳомиладор будани худ вақте огоҳ шудааст, ки аллакай дар батнаш ҷисми зинда метапид ва фигона ё сақти ҷанин (аборт)-и он дигар номумкин буд. Акнун маҷбур аст, ба тақдир тан диҳад ва ҳама сахтиҳоеро, ки аз ин ба баъд ба сараш меояд таҳаммул кунад.

"Дар ҳолати хеле бад қарор дорам. Намедонам, чӣ кор кунам, ҳоло дигар илоҷе ба ҷуз таваллуд надорам. Медонам, ки модарам агар фаҳманд, шояд дигарбора сактаи дил шаванд барои ҳамин метарсаму пинҳон медорам. Хоҳарҳои бузургам аз ин ҳолати ман огоҳанд ва ҳарду ҳам ҳоло муносибаташон хуб нест",-нақл мекунад ҳамсӯҳбати мо. Ҷамила мегӯяд, медонад, ки ҳадафи таъну маломати наздикон ва таҳқири бегонагон қарор мегирад. Вале боз ҳам илоҷи дигаре надорад.

Шунидани хабари ҳомиладории духтари бешавҳар барои аксар волидони тоҷик як фоҷиа ва шармандагӣ дониста мешавад. Духтароне, ки ба ин иштибоҳ роҳ додаанд, дар ҷомеаҳои суннатие мисли Тоҷикистон мавриди ангушти ишораи ҳамсояҳову ҳатто наздикон қарор мегиранд ва ба фарзандони онҳо ҳам ҳанӯз аз батни модар тамғаи "ҳаромӣ" насб мешавад.

Бино ба гуфтаи Сарвиноз Ғаниева, мудири шӯъбаи тибби машваратии ҷавонон дар Маркази саломатии репродуктивӣ, бисёр вақт ин зумра духтарон кӯшиш мекунанд бо ҳар роҳе, ки бошад, ба таврӣ пинҳонӣ аз ҷанин раҳо шаванд. Вале агар кор аз кор гузаштаву дер шуда бошад, бархе аз сари тарсу шарм қасди ҷони худ мекунанд. Хонум Сарвиноз гуфт, "онҳо намедонанд, чӣ кор кунанд, роҳгумзадаанд. Ҳамеша ба ин суолҳо посух меҷӯянд, ки модарам чӣ хел қабул мекарда бошад, падарам чӣ мегуфта бошад. Як чунин ҳолат буд бо духтари 20-сола. Фиреб хӯрда, ҳомиладор шуда ва мӯҳлати исқот гузашта буд. Бисёр метарсид, ки падару модараш ӯро аз хона пеш мекунанд. Падару модарашро мо ба марказ даъват кардем, наомаданд ва баъдан равоншиноси мо ба назди онҳо рафт. Хулоса, ба онҳо фаҳмонд, ки чунин муносибаташон оқибати хуб надорад ва метавонад бо ҳаёти духтарашон анҷом ёбад. Баъдан онҳо қабул карданд духтарро ва ҳоло кӯдаки ӯро тарбия доранд."



Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқ

​Равоншинос Бибикалон Камолова дар таҷрибаи кориаш чунин духтаронро зиёд дидааст. Ӯ мегӯяд, аксаран ба ин иштибоҳ духтарон аз хонаводаҳои носолим, фарзанди муҳоҷирон ва онҳое роҳ медиҳанд, ки дар зиндагӣ эҳсоси танҳоӣ мекунанд. Аммо, ба қавли ӯ, аз тарси вокуниши атрофиён ва ҷомеа онҳо ба депрессия ё афсурдагии равонӣ гирифтор мешаванд. Ба қавли ин равоншинос дар чунин ҳол духтарон бештар аз ҳама ба ёрии волидону наздиконашон ниёз доранд ва падару модар ҳам бояд равоншинос бошанду тавонанд фарзандони худро бахшанд, то кор аз ин бадтар нашавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯҳониён робитаи ҷинсӣ ва ҳомиладории беникоҳро "зино" ва амали ғайриахлоқӣ медонад. Аммо ба андешаи Зубайдуллоҳи Розиқ, як рӯҳонии тоҷик, бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон низоми дунявиро ихтиёр кардааст, касе ҳаққи маҳкум кардани ин падида ва ин гурӯҳи духтаронро надорад. Ҳамзамон ин рӯҳонии тоҷик бархӯрди номатлуб бо ин гурӯҳи занону кӯдаконро аз сӯи ҷомеа нодуруст мешуморад.

Вай мегӯяд, "одам ба ҳар қадар гуноҳи бузург ҳам, ки роҳ дод, вақте гуноҳи худро дарк кард ва пушаймон шуду сӯйи Худо тавба кард, дигар касе ҳақ надорад, ӯро тавҳину оқ кунад. Вазифаи мо танҳо насиҳат кардан аст, ки ба ин иштибоҳҳо роҳ дода нашавад. Шариати исломӣ ин нест, ки касе як гуноҳ кард, ҳама аз ӯ худро канор гирему таҳқир кунем, бигузорем даст ба ҷони худ занад. Баръакс, бояд талош кунем, ки ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят кунем."

Аммо ба ақидаи Гулҷаҳон Бобосодиқова, роҳбари Анҷумани занони маълумоти олидор, беҳтар аст, аслан корҳое кард, ки ба ин амали номатлуб роҳ дода нашавад ва духтарон бо иҷрои расму оин ва суннатҳои миллӣ фарзанд ба дунё оранд: "Аз мактаб сар карда, бештар мо бояд дар байни фарзандон корҳои тарбиявӣ барем. Ба ин чиз бояд роҳ надод. Албатта, тибқи расму оинҳои мо бояд ҳама дар доираи як чаҳорчӯба ва расму русуми худамон сурат гирад."

Ҷамила, мусоҳиби аввалаи мо, ки ғайриинтизори худ ҳомиладор шудааст, мегӯяд, аз ин амали худ мутаассиф асту кӯшиш мекунад, дигар дар зиндагӣ чунин иштибоҳи бузург накунад: "Ҳоло дар фикри тарбияи фарзанди худ ҳастам. Кори шудагӣ шуд. Аммо хуб мебуд, дигар духтарон ҳам талош мекарданд, то ба ин иштибоҳ роҳ надиҳанд, зеро медонанд, ки ҷомеаи мо ин амалро хуб қабул нахоҳад кард."

Хонандаи арҷманд, Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Луфтан, бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG