Пайвандҳои дастрасӣ

Агар пештар танҳо занон аз "зулму ситам" ва "ҷабр"-и ҳамсари худ ба пулис шикоят мебурданд, ҳоло мардон низ истисно нестанд.

Ҳар вақте дар Тоҷикистон дар бораи хушунати хонаводагӣ сӯҳбат мешавад, пеши назари ҳар кас ҳатман чеҳраи зан ва он ҳам бо ҳама заъфу оҷизияш падид меояд.

Аммо, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, солҳои ахир бахусус дар қаламрави вилояти Хатлон ҷараёни наве ба мушоҳида мерасад, ки мардон ҳам мавриди хушунату зӯроварии оилавӣ қарор мегиранд.

Ахиран додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Дилдода Шоева, як сокини ин ноҳияро барои лату кӯби шавҳар ва ба худкушӣ таҳрик додани ӯ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Дилдода Шоева бо шавҳараш Нуралӣ Ҳимматов 35 сол зиндагии муштарак дошта, соҳиби 4 фарзанду 5 набера будааст.

ТОҚАТ НАОВАРДУ ХУДКУШӢ КАРД

Хушунати оилавӣ нисбат ба Нуралӣ Ҳимматов пас аз ба нафақа баромаданаш шиддат гирифтааст, чун аҳли хонавода аз ҷиҳати моддӣ вобастаи ӯ будаанд. Ба иддаои муфаттишон, хонум Шоева бо паст задани шаъну эътибори шавҳараш пайваста ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор медодааст. Масъулони додгоҳ мегӯянд, ба ин кирдорҳои завҷааш тоқат накарда, Ҳимматов худро дар шохи дарахти назди ҳавлияш овехта ва ба ҳалокат расидааст.

Дилдода Шоева дар сӯҳбат ба мо гуфт, "ман ӯро бисёр назадам. Дастафшонӣ кардем, ки дастам ба сараш расид. Зиқ шудам, бисёр пушаймон шудам аз корҳои кардаам. Агар медонистам, ки вай худашро ба дор меовезад, умуман ба ӯ наздик намешудам. Таҳқиру ҷанҷол намекардам."

ГАҲЕ ПУШТИ ЗИНУ...

Абдураҳмон Бузмаков

Абдураҳмон Бузмаков

Ду ҳафта қабл дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон як марди дигар, ки 54 сол дошт, дар натиҷаи сӯитафоҳум ва ҷанҷол бо ҳамсараш ба худкушӣ даст зад. "Ин мард, ки дар бозори маҳаллӣ ба ҳайси посбон кор мекард, дар пайи ҷанҷоли оилавӣ як нӯги сими барқро ба даҳон гузошта, ними дигарашро ба "розетка" васл карда, ба ҳалокат расидааст",-мегӯянд дар Идораи пулиси Хатлон.

Полковник Абдураҳмон Бузмаков, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, мегӯяд, дар ин авохир муроҷиати мардон ба милиса, ки аз "зулму ситам"-и ҳамсаронашон ранҷ мебаранд, афзудааст. Ӯ гуфт,
"худи ҳамин сол чанд ҳолате буд, ки мардҳо омада аз занҳои худ норозигӣ баён кардаанд, ариза навиштаанд. Ҳаст ҳолатҳое, ки хешу табори зан шавҳарашро лат кардаанд. Ин ҳолатҳо бисёр ҳаст, баъзе парвандаҳо кушода шуда, тафтишот бурда мешавад. Баъзе мардон шикоят овардаанд, ки дар вақти дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданашон завҷаҳояшон бо мардони бегона робита пайдо кардаанду ҷанҷолҳо сар шудааст."

ЗАНОН ХАШМГИН МЕШАВАНД?

Ба иттилои мақомоти милиса, имсол дар қаламрави вилояти Хатлон 23 марди болиғ бар асари муноқишаҳои оилавӣ даст ба худкушӣ зада, тақрибан 20 нафари дигар сӯйиқасд ба ҷони худ кардаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин мисолҳо, ки мардҳо аз "ҷабр"-и ҳамсаронашон худкушӣ мекунанд, зиёд шудааст ва ин раванд аз бештар хашмгин шудани занҳо ва афзоиши зӯроварӣ нисбат ба мард дар хонавода гувоҳӣ медиҳад.

Таҳлилгари масоили гендерӣ Саодат Қурбонова мегӯяд, хушунат нисбат ба мард барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки бештар мардсолор асту сарпарастии оила ба дӯши мардон мебошад ва ҳарфи охирро ҳам дар ҳама гуна тасмимгириҳои рӯзгор, албатта, марди хонавода мегӯяд, ин як тамоюли ғайрианъанавӣ ба назар мерасад.

Мукаррама Эгамназарова

Мукаррама Эгамназарова

Аммо ба иддаои хонум Қурбонова, чанд сабаби ҷиддӣ ҳам дар миён ҳаст, ки занҳо болои шавҳаронашон ба истилоҳ, аз "зулму ситам" кор мегиранд.

ҶАНГИ "КӢ ЗӮР?"

Саодат Қурбонова мегӯяд, "вақте мард дар хона кор намекунад, дароз кашида хоб меравад, нисбат ба зану фарзандонаш бепарво аст, албатта, зан зӯроварӣ мекунад нисбат ба мард. Инро фаҳмидан мумкин. Лекин аз ҷиҳати дигар, ҳоло занҳои тоҷик бисёр хашмину асабонӣ шудаанд, шояд ба сабаби он ки моҳҳо ва солҳои дароз мардҳояшон дар муҳоҷиратанд, худашон танҳо бори зиндагиро мекашанд. Аз ин рӯ, занҳо ҳам бисёр вақт худашон ҷалҷолҳои оилавиро сар мекунанд."

Коршиноси дигар - Мукаррама Эгамназарова, раиси созмони ҷамъиятии "Занони деҳот" аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ин воқеиятро ҳам истисно намекунад, ки дар баъзе маврид занҳо аз рӯйи ночорӣ даст ба латукӯби ҳамсари худ мезананд, амале, ки барои ҷомеаи мазҳабие чун Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст.

"Ҳафтае пеш ду мард ба созмони мо аз болои занҳои худ шикоят карданд. Шавҳари Адолат ном зане, ки роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст, аз мунтазам лату кӯб шудан аз дасти занаш шикоят кард. Мо дар натиҷаи таҳқиқот фаҳмидем, ки ин мард бисёр майзада будааст, ба кори хона ба занаш кӯмак намекардааст. Адолат мегӯяд, вақте аз кор хаста шуда ба хона меояд, шавҳараш мағалу ҳаёҳу барпо мекунад, меҳнаташро қадр намекунад. Зан маҷбур шуда, шавҳарашро бо ҷорӯб задааст",-гуфт хонум Эгамназарова.

СИРРИ МАРДОН ПӮШИДА БЕҲ

Қамариддини Афзалӣ

Қамариддини Афзалӣ

Вале таҳлилгарони мавзӯи хушунати хонаводагӣ нисбат ба мард ҳамчунин таъкид мекунанд, ки дар аксар маврид занҳо нисбат ба шавҳарони худ на аз зӯри бозу ва зарбу лат, балки аз фишорҳои равонӣ кор мегиранд, ки барои рӯҳияи мард таъсири манфии бештар доштааст. Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд: "Зери хушунати ҷисмӣ қарор гирифтан осонтару сабуктар аст аз зери хушунати равонӣ қарор гирифтан. Фишори равонӣ, таҳқиру пастзании шаъну шарафи мард аз сӯйи ҳамсари худ ин барои мард хеле сахт аст. Баъзан дар хушунати мард хешу табори завҷаашон низ даст доранд."

Коршиносон мегӯянд, дигар набояд танҳо занҳо ҳамчун объекти хушунати хонаводагӣ нишон дода шаванд, зеро мавридҳои "зулму ситам"-и занон нисбат ба шавҳаронашон низ фаровон аст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба менталилету мардсолорӣ дар фарҳанги рӯзгордории тоҷикон, дар аксар маврид далели вуҷуди хушунати оилавӣ нисбат ба мард аз ҷониби худи мардон пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG