Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳ нисбати бародари муовини раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва яке аз шарикони бонуфузи ӯ дар ҳоле баромад, ки баъзеҳо ба пайдо шудани як xунин як ҳалнома шубҳа доштанд.

Бо назардошти ин хешовандӣ, гуфта мешуд, парванда то додгоҳ нахоҳад расид.

Аммо Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фаридун Умаровро, ки аз рӯйи вазифа муовини сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири ноҳияи Фархор дар вилояти Хатлон буд ва «Пантера» лақаб дошт, бо иттиҳоми ширкат дар қочоқи маводи мухаддир ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Бо ҳукми додгоҳ Фаридун Умаров, аз рутбаи низомии афсар маҳрум шуда ва давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард. Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ собит шудааст, ки ин афсари милиса, ки масъулияти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бар ӯҳда доштааст худ дар қочоқи ин навъи мавод ширкат кардааст.

Сулаймон Қосимов, додраси Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии Фаридун Умаров ва се шарики ӯро бар ӯҳда дошт, гуфт, бо ин парванда ҳамчунин Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба «Хаммер», роҳбари ин гурӯҳи ҷиноӣ, ба 24 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳайитов ё «Хаммер», ки гуфта мешавад ба унвони яке аз қочоқчиёни умдаи маводи мухаддир аз чанд сол ба ин сӯ таҳти ҷустуҷӯи мақомот қарор доштааст, моҳи январи соли равон бо 42 кило геройин дар шаҳри Душанбе тавассути Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дастгир шуд.

Аммо боздошти ӯ дар сояи хабари ҳабси Фаридун Умаров монд, ки бародараш на танҳо муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллист, балки солҳо роҳбари муҳофизони шахсии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин робита коршиносон ҳадс мезананд, ки эҳтимолан наздик будан бо доираҳои бонуфузи ҳокимият сабаби он шудааст, ки чунин афрод даст ба ҷиноят зананд.

Раҷаби Мирзо, масъули маркази таҳлилии «Бозтоб» мегӯяд, сабаби дигар дастрасии осони онҳо ба ин навъи мавод аст, ки дар сурати ба роҳ мондани тиҷораташ зуд соҳиби сарват ва пули зиёд мешаванд: «Дар Тоҷикистон то кунун як фарҳане роиҷ нашудааст, ки имкон дорад ҳама новобаста аз онки дар кадом масъулият нишастааст, метавонад,дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Вале агар дар мавриди маводи мухаддир хосса бигӯем, маълум аст, ки рӯз то рӯз доираи ҳамин гуна тиҷорат маҳдуд шудан дорад. Ва имрӯз чун на ҳама имконияти дастрасӣ ба ин гуна маводу ин гуна тиҷоратро дорад, албатта онҳое бештар ба қавле ҷасорат пайдо мекунанд, ки дар ин ё он идораи масъул нафарони хешу табор доранд ва метавонанд аз онҳо пуштибонӣ кунанд».

Аммо як нуктае дигар, ки дар қазияи мазкур суолбарангез аст ин аст, ки боздошти ин афрод, аз ҷумла Рустам Ҳайитов тавассути Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон сурат гирифта ва тафтишоти парвандаи ин гурӯҳро ҳам ҳамин ниҳод анҷом додааст. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ниҳодҳои махсуси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир амал мекунанд. Умар Эгамбердиев, вакили дифои Фаридун Умаров аз шарҳи ин паҳлуи масъала дар қазияи мазкур худдорӣ кард. Аммо гуфт, мутмаин аст, ки дар ин ҷо меъёрҳои Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии Тоҷикистон нақз шудааст:

«Мувофиқи тартиби баррасии тафтишоти пешакӣ дар Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ, парвандаҳое, ки вобаста ба муомилоти маводди мухаддир амалӣ мегардад мақомоти Оҷонсии назорати маводди мухаддири назди Президент ва вазорати корҳои дохила машғул мешаванд. Ин кори мақомоти коррупсия нест. Коррупсия худаш ҷиноятҳое, ки вобаста ба коррупсия мебошанд онҳоро бояд баррасӣ кунад. Ба маводди мухаддиру ба контрабанда кору алоқамандӣ надорад».

Вакили дифои Фаридун Умаров афзуд, ки ҳанӯз нусхаи ҳукми додгоҳ ба дасти ӯ ва нафари мавриди ҳимояташ нарасидаст ва танҳо баъди дастрасӣ ба он ва низ хоҳиши худи Умаров метавонад дурустии онро дар зинаҳои болоии додгоҳ мавриди шубҳа қарор диҳад. Вай афзуд, онҳо барои шикоят далелҳои кофӣ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG