Пайвандҳои дастрасӣ

Сардори гумруки гузаргоҳи Панҷи поён ба гумони "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" дастгир шудааст.

Сарҳанг Абулхайр Мӯъминов, сардори Идораи гумруки Панҷи поён дар асоси қисми аввали моддаи 316-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне бо иттиҳоми «берун рафтан ҳадди ваколатҳои хидматӣ» аз сӯи мақомоти амниятӣ боздошт шудааст.

Дастури ҳабси пешакии Абулхайр Мӯминов, сардори Идораи гумруки Панҷи поён тавассути додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир шудааст.

Вакили мудофеи ӯ, Сайидкомил Комилов, гуфт, ки нафари зери ҳимояташ барои иҷозаи ғайриқонунии убури мошини борбар аз нуқтаи гумрукӣ ва ҳамчунин додани дастури ғайриқонунӣ ба тобеон дастгир шудааст.

"Гӯё ба зертобеаш фармони ғайриқонунӣ додааст, ки як мошинро ҷавоб деҳ. Аммо ин гап нодуруст аст".

Сардори Идораи гумруки гузаргоҳи марзии Панҷи поён рӯйихатти як қатор мансабдорони баландпояи боздоштшударо идома дод. Дар чанд моҳи охир чандин нафар аз афсарон ва мансабдорони кишвар бо итттиҳомоте назири ширкат дар қочоқи маводи мухаддир ва ё фасоду тамаъҷӯӣ дастгир шудаанд.

Дар авоили соли ҷорӣ боздошти ҷонишини сардори шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири пулиси ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, бо лақаби “Пантера”, ки бародари муовини Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст ва Зафар Мирзоев, раҳбари шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилӣ сарусадои зиёд ба бор овард. Дафъатан тахмине садо дод, ки давлат ба поккории мақомоти интизомӣ ба таври ҷиддӣ иқдом кардааст. Зеро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ мақомоти тоҷикро ба он айбдор мекунанд, ки ҷилави чунин афроди хилофкорро намегирад ва ё шояд бо онҳо ҳамдастӣ дорад.

Аммо Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин гумонҳоро бепоя меҳисобад. Ҷаноби Азимов, ки солиёни зиёд ба ҳайси дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон фаъолият кардааст, мегӯяд, давлат ҳама вақт барои раҳоӣ аз мансабдори хилофкор мубориза кардааст ва ҳамин мавридҳои боздошти ахир далели ин гуфта мебошад:

"Новобаста аз он ки, кӣ имрӯз дар маҳбас аст, кӣ боз ҷавобгар мешавад, ин боз як огоҳӣ аст, ки он супоришое, ки роҳбари давлат додааст, он супоришҳо супоришҳои қавианд. Яъне беамал намемонанд, дар ҳолати иҷро накардан, ба ҳамин ҳолатҳо гирифтор мешаванд".

Вале генерал Нуралишо Назаров, фармондеҳи пешини ситоди Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иллати зиёд шудани мавридҳои боздошти афроди баландрутба дар ниҳодҳои қудратӣ дар ин авохирро то ҷое натиҷаи беназоратӣ ва камтаваҷҷӯҳии фаъолияти онҳо аз сӯи мақомоти вижаи интизомӣ мешуморад. Ҷаноби Назаров гуфт, ки вақте зиндагӣ ва рифоҳу маишати хонаводагии як масъули баландрутба бо маоши мегирифтаи ӯ мувофиқ намеояд ва касе манобеи молии ӯро суол намекунад, дар ниҳояти кор чунин мавридҳо бештар мешавад.

Дар сурати таъйиди иттиҳом ба ин навъи ҷиноят қонунгузории кишвар ҷарима аз 500 то 1000 ҳадди ақали маош ва ё то чаҳор соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG