Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик қарордодашро бо "Андиҷон" лағв кард


Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон
Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, қарордодашро бо тими "Андиҷон"-и Узбакистон лағв кард.

Дар ин бора худи футболбоз ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

“Ман аз дастаи “Андиҷон” меравам ва ин тасмими гирифтаам қатъист. Вале ҳоло дар куҷо бозӣ карданамро муайян накардаам. Ва аммо ба Тоҷикистон бармегардам. Ман омодаам, ки таклифҳои дастаҳои лигаи олии Тоҷикистонро баррасӣ намоям”,-гуфтааст Тоҳиров.

Ёдовар мешавем, Фарҳод Тоҳиров аз тими “Истиқлол”-и Душанбе баъд аз анҷоми бозиҳои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК дар Непал ба бошгоҳи футболи “Андиҷон” гузашта буд.

“Дрогба”-и тоҷик дар ҳайати “Андиҷон” дар дивизиони олии мусобиқаи қаҳрамонии Узбакистон танҳо дар як бозӣ муқобили "Нефтчӣ"-и Фарғона як гол задааст. Дастаи “Андиҷон” баъд аз натиҷагирии давраи аввали мусобиқот бо 11 имтиёз аз 13 бозӣ дар ҷадвал дар ҷойи 13-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG