Пайвандҳои дастрасӣ

Нуриддин Давронов: “Ба ояндаи дурахшони футболи тоҷик бовар дорам”


Нуриддин ДАВРОНОВ, нимҳимоятгари тими "Истиқлол"

Нуриддин ДАВРОНОВ, нимҳимоятгари тими "Истиқлол"

Нуриддин Давронов, футболбози ҷавону моҳири тоҷик, 16-уми январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандони маъруф Ширинмоҳ Ниҳолова ва Аҳмадбек Давронов ба дунё омадааст.

Вай аз нӯҳсолагиаш ба футбол шуғл меварзад. Дар дастаҳои ҷавонони “Локомотив”-и Маскав, “Минск”-и Беларус, “Амкар”-и Перм ва “Энергетик”-и Душанбе бозӣ кардааст.

Нуриддин феълан нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад. Ӯ дар ҳайати “Истиқлол” ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва Суперкубок ё Ҷоми олии кишвар даст ёфтааст.

Давронов дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Ӯ соли 2007 дар сабқати ниҳоии ҷаҳонии футбол миёни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (дар сабқати гурӯҳӣ) ва Перу (даври ҳаштякниҳоӣ) ду гол задааст.

Бо устоди дараҷаи байналмилалӣ Нуриддин Давронов, узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”, хабарнигори радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф пас аз бозии мавқуфмондаи даври 10-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Гвардия” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат шуд. Ва ҳоло ин мусоҳиба ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.

Нуриддин ДАВРОНОВ ҳангоми бозӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG