Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, барои санҷиш дар бошгоҳи «Энерги»-и Котбус аз Бундеслигаи дувуми Олмон қарор дорад.

Ин футболбози 21-сола макони ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби Тоҷикистонро дар Туркия тарк намуда, ба Олмон омадааст.

Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи «Истиқлол», мегӯяд, "Нуриддин Давронов ҳоло дар ихтиёри бошгоҳи «Энерги» мебошад. Тақдири минбаъдаи ӯ то рӯзи чоршанбе ҳал хоҳад шуд. Агар ӯ аз санҷиш бомуваффақият гузарад, бо бошгоҳи олмонӣ қарордод мебандад. Мо хушнуд мешудем, агар шогирди футболи тоҷик дар Олмон бозӣ мекард."

«Энерги» дар ҳамин ҳол дар мусобиқаи Бундеслигаи дувуми Олмон дар ҷойи 11-ум қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки Ангела Меркел, канслери Олмон, узви фахрии фан-клуби «Энерги» маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов авохири ин ҳафта Нуриддин Давронов ба Тоҷикистон меояд ва дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 29-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд дар бозии охирини сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Куриёи Шимолӣ иштирок хоҳад кард. Инчунин дар назар аст, ки Давронов дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал ширкат варзад.

Нуриддин Давронов писари овозхони маъруфи тоҷик Ширинмоҳ Ниҳолова мебошад. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2007 дар Куриёи Ҷанубӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Вай аз соли 2009-ум дар дастаи «Истиқлол», ки ду бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, бозӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG