Пайвандҳои дастрасӣ

Умед Ҳабибуллоев: “Орзу дорам, ки писаронам футболбоз шаванд”


Умед Ҳабибуллоев, футболбози 33-солаи тоҷик, ҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон мебошад.

Вай нахуст дар дастаи “Чашма”-и ноҳияи Шаҳритус бозӣ кардааст. Баъдан дар дастаҳои “Ситора”-и Душанбе, “Варзоб”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе 5 бор ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфта, 3 бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Умед Ҳабибуллоев дар ҳайати дастаи “Истиқлол”, инчунин, барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии кишвар шудааст. Умед оиладор аст ва ду писару як духтар дорад.

Бояд тазаккур дод, ки оилаи Ҳабибуллоевҳо дар рушди футболи тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Дар ин оила чаҳор футболбози ҳирфаӣ дар дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Ба ҷуз Умед, дар айни ҳол бародаронаш – Ҷамшед дар бошгоҳи ССКА ”Помир”-и Душанбе, Беҳрӯз дар тими “Гвардия”-и Душанбе ва Идибек дар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бо Умед Ҳабибуллоев, узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”, хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф пас аз бозии мавқуфмондаи даври 23-юми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Шодмон”-и Ҳисор ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG