Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лондон рӯзи дувуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ поён ёфт.

Варзишгарон барои 14 маҷмӯи ҷоизаҳо талош карданд. Аз рӯи натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот варзишгарони 30 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин бо касби 12 медал - 6 тило, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 11 медал – 3 тило, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Италия бо касби 7 медал - 2 тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷои севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 14 кишвар дар ду рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд. Чин 6 медали тилло, ИМА 5 медали тилло, Африқои Ҷанубӣ, Фаронса, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон ҳар кадом 2 медали тилло, Русия, Австралия, Бразилия, Маҷористон, Нидерланд, Гурҷистон ва Африқои Ҷанубӣ ҳар кадом як медали тилло ба даст оварданд.

Натиҷаи умумидастаӣ баъд аз ду рӯзи мусобиқот:

1. Чин 6+4+2
2. ИМА 3+5+3
3. Италия 2+3+2
4. Кореяи Ҷанубӣ 2+1+2
5. Фаронса 2+1+1
6. Кореяи Шимолӣ 2+0+1
7. Қазоқистон 2+0+0
8-10. Австралия 1+1+1
8-10. Бразилия 1+1+1
8-10. Маҷористон 1+1+1
11. Нидерланд 1+1+0
12. Русия 1+0+3
13-14. Гурҷистон 1+0+0
13-14. Африқои Ҷанубӣ 1+0+0
15. Ҷопон 0+2+3
16. Бритониёи Кабир 0+1+1
17-21. Колумбия 0+1+0
17-21. Куба 0+1+0
17-21. Лаҳистон 0+1+0
17-21. Руминия 0+1+0
17-21. Тайван 0+1+0
22-30. Белгия 0+0+1
22-30. Канада 0+0+1
22-30. Молдавия 0+0+1
22-30. Норвегия 0+0+1
22-30. Озарбойҷон 0+0+1
22-30. Сербия 0+0+1
22-30. Словакия 0+0+1
22-30. Узбакистон 0+0+1
22-30. Украина 0+0+1.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 16 варзишгар дар ҳафт риштаи варзиш - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот, 28-уми июл, ду варзишгари тоҷик - тирандоз Сергей Бабиков ва муштзан Собирҷон Назаров қувваозомӣ карданд.

Сергей Бабиков дар сабқати интихобии тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз мақоми 44-умро касб кард. Дар ин навъи рақобатҳо Чин Чжон О (Кореяи Ҷанубӣ) бо 688,2 имтиёз бо медали тилло сарфароз гашт. Лука Тескони (Италия) бо 685,8 имтиёз бо медали нуқра мукофотонида шуд. Андриа Златич (Хорватия) бо 685,2 имтиёз соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Собирҷон Назаров дар сабқати бокс дар даври 1/16 ниҳоӣ дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.

Имрӯз, 30-юми июл, Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, дар вазни то 73 кило дар риштаи дзюдо дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Даниел Виллямс (Бритониёи Кабир) рақобат мекунад. Муштзан Ҷаҳон Қурбонов бошад, дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Яхия Элмекагари (Тунис) қувва меозмояд.

Рӯзи якуми август Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, дар сабқати бокс дар вазни то 56 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ бо Оскар Валдес (Мексика) рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ин рӯз, инчунин, Парвиз Собиров дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад. Рақиби ӯ дар даври 1/16-ниҳоӣ Мелони Робертои итолиёвӣ мебошад.

Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, бар асоси қуръакашӣ дар сабқати бокс миёни занон дар вазни то 60 кило аз даври чаҳорякниҳоӣ ширкат меварзад. Рақиби ӯ рӯзи 5-уми август муайян мешавад. Мавзуна бо ғолиби ҷуфти Михаэла Лакатус (Руминия) ва Чэн Дун (Чин) рӯзи 6-уми август қувваозмоӣ хоҳад кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

30-юми июл
Дзюдо. 14.33. Расул Боқиев (то 73 кг, 1/16 финал).
Бокс. 18.45. Ҷаҳон Қурбонов (то 81 кг, 1/16 финал).

1-уми август
Дзюдо. 13.12. Парвиз Собиров (то 90 кг, 1/16 финал).
Бокс. 17.30. Анвар Юнусов (то 56 кг, 1/8 финал).

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

6-уми август
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG