Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти ду варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Лондон


28-ӯми июл Сергей Бабиков ва Собирҷон Назаров-ду варзишгари тоҷик бозиҳои тобистонаи олимпии 2012 дар Лондон дар рақобат бо ҳарифони худ ба шикаст рӯбарӯ шуданд.

Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз зинаи 44-умро ишғол кард. Дар ин навъи рақобатҳо Чин Чжон О аз Кореяи Ҷанубӣ бо 688,2 имтиёз ғолиб ва бо медали тило сарфароз гашт.

Дар мусобиқоти бокс дар даври 1/16 ниҳоӣ Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто аз Намибия аз рӯи холҳо бо ҳисоби 8:11 мағлуб ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.

Варзишгарони тоҷик боз рӯзи 30-юми июл рақобат мекунанд. Дар ин рӯз Расул Боқиев дар вазни то 73 кило дар риштаи дзюдо дар даври 1/4 ниҳоӣ мубориза мебарад. Муштзан Ҷаҳон Қурбонов, дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Яхия Элмекагари аз Тунис қувва меозмояд.

Рақиби Анвар Юнусов-муштзани тоҷик 28-уми июл муайян шуд. Оскар Валдес аз Мексика, ки дар вазни то 56 кило Шива Тҳани ҳиндустониро бо ҳисоби 14:9 мағлуб сохт, дар даври ҳаштякниҳоӣ якуми август бо Анвар Юнусов рақобат хоҳад кард. Дар ин рӯз инчунин Парвиз Собиров дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG