Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳавонавардони "Тоҷик Эйр", ки дар Кобул дармондаанд, қурбонии баҳси молиявии мақомоти афғон бо як ширкати хориҷӣ шудаанд.

Раёсати таҳлил ва иттилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандони ин кишвар ба хотири баҳси молиявии миёни вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон ва ширкати байнулмилалии Supreme Food Service дар Кобул нигоҳ дошта мешаванд. Манбаъ афзуд, ҳоло сафорати Тоҷикистон дар Кобул барои раҳоии ҳавонавардон бо мақомоти Афғонистон гуфтушунид дорад.

Худи ҳавонавардон, ки дар манзиле дар маҳаллаи Шаҳринави Кобул нигоҳдорӣ мешаванд, изҳори умедворӣ мекунанд, мушкил ба зудӣ ҳал мешавад ва онҳо ба ватан бармегарданд. Мушкил замоне ба миён омад, ки мӯҳлати кори чаҳорсолаи 12 корманди ширкати "Тоҷик Эйр" дар Афғонистон моҳи май ба поён расид ва онҳо мебоист, 1-уми июн ба Тоҷикистон бармегаштанд. Дар муддати чаҳор сол дар ду чархболи МИ-8-и ширкати "Тоҷик Эйр" барои нерӯҳои НАТО маводи ғизоӣ мекашонданд. Аммо дар поёни ин давра ҳодисаи ғайричашмдошт ба вуқӯъ пайваст.

Илҳом Қаюмов, ки муҳандиси яке аз ин ду чархбол аст, мегӯяд, охири моҳи май, вақте ҳайати онҳо тамоми расмиёти фурудгоҳи Кобулро гузашта, мехост бо чархболҳои худ ба Тоҷикистон баргардад, мақомоти амниятӣ расида, нагузоштаанд, ки онҳо парвоз кунанд. Вай афзуд, дар оғоз мақомот онҳоро ба рабудани чархболҳо муттаҳам карданд, аммо сипас маълум шуд, ки сабаб дигар аст: "Ҳамон ширкате, ки моро киро карда буд, аз ҳисоби андоз қарздор будааст. Мо иҷрокунанда ҳастем. Кори мо чӣ? Саҳар мехезем, меравем, парвоз мекунем ва бармегардем. Корамон хавфнок аст. Моро тирборон ҳам мекунанд."



Фаридун Маҳмадалиев

Фаридун Маҳмадалиев

Ба гуфтаи ин манбаъ, Хадамоти амнияти Афғонистон шиносномаи 5 узви дастаро гирифтааст, аммо касе онҳоро озор намедиҳад ва онҳо метавонанд дар шаҳр гаштугузор кунанд. Мақомоти Афғонистон дар тамос бо мо асли қазияро шарҳ надоданд. Аммо ин танҳо мавриди расонаӣ шудани фаъолиятҳои чархболҳои Тоҷикистон дар Афғонистон ва ҳамкориҳои онҳо бо ширкати Supreme Food нест. Моҳи феврали соли равон дар пайи суқути як чархболи МИ-8-и ин ширкат дар вилояти Зобули Афғонистон чор корманди вазорати дифои Тоҷикистон, аз ҷумла як зан ба ҳалокат расиданд. Ин ҳайати халабонҳоро писари муовини вазири дифои Тоҷикистон сарварӣ мекард.

Сэм Гад, раҳбари маркази матбуотии ширкати Supreme Group-и амрикоӣ, ки Supreme Food ҷузъе аз он аст, зимни тамоси катбӣ ба "Озодӣ" гуфт, дар пайи омӯзиши қазия аст ва дар наздиктарин фурсат вокуниш нишон хоҳад дод. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир бо ширкати Supreme Food танҳо "Тоҷик Эйр" ҳамкорӣ дорад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ширкати Supreme Food бар пояи шартномаҳои Тоҷикистон бо НАТО сурат мегиранд: "Ин пеш аз ҳама дар сатҳи ҳукумат ҳал мешавад. Раҳбарони кишварҳо бо НАТО дар оғоз ба иттифоқи назар мерасанд, сипас ба мақоми дахлдор супориш медиҳанд. Масалан, агар вазорати дифоъ бошад, ин масъулиятро ин вазорат ба зимма мегирад, агар "Тоҷик Эйр" бошад, "Тоҷик Эйр".

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Қаюмов мегӯяд, аз кашол ёфтани қазияи онҳо дар Кобул нигарон ҳастанд, зеро то ба ҳол таҳқиқе дар ин маврид сурат нагирифта, касе вазъи онҳоро намепурсад ва онҳо дар як ҳоли номуайянӣ ба сар мебаранд.

Зимнан, охири соли гузашта ду халабони ширкати русии "Ролкан", ки бо Supreme Food ҳамкорӣ мекарданд, дар шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон боздошт шуданд. Ин боздошт ҷанҷоли сиёсиеро миёни Тоҷикистон ва Русия ба миён овард. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қазияи ҳавонавардони Тоҷикистон бамаротиб соддатар аст, зеро онҳо ҷурме надоранд ва ба ҳамин наздикӣ озод хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG