Пайвандҳои дастрасӣ

Чархболи артиши Тоҷикистон хидмати киро мекард?


Акс аз бойгонӣ. Суқути чархболи Ми-8 дар вилояти Олой. Соли 2009.

Акс аз бойгонӣ. Суқути чархболи Ми-8 дар вилояти Олой. Соли 2009.

Чархболе, ки дар вилояти Зобули Афғонистон суқут кард, марбут ба нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон будааст.

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ин чархбол дар анҷоми амалиёти ғайринизомӣ ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба нуқоти дурафтодаи Афғонистон ширкат мекард. Ва ҳарчанд ҳайати хадамаи ин чархбол низ афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буданд, маъмурияти низомӣ надоштанд ва фақат барои барномаҳои ғайринизомӣ ва бозсозии Афғонистон парвоз анҷом медоданд. Аммо бино бар хабарҳо, чархболҳо фармоиши ширкати "Supreme Food"-ро иҷро мекарданд, ки вазифаи асосии он таъмини нерӯҳои НАТО бо маводи ғизост. Аз ин лиҳоз оё ҳавопаймоҳои давлатии Тоҷикистон чӣ гуна бо иҷрои вазифаи тиҷоратӣ машғул буданд, суолбарангез боқӣ мемонад.

Фарҳод Ибодуллоев, аз масъулони дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд: «Дар минтақаи Зобули Афғонистон чархболи Ми-8, ки ба кувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мутааллиқ аст, суқут намуд, ки бар асари он 4 хадамаи он, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, ҳалок шуданд. Айни ҳол сабаби ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Тибқи тахминҳо, он рӯз дар Зобул ҳаво номусоид ва гирбод ва бориши барф будааст, ки ба ин садама сабаб шудааст.»

Мақомоти вазорати дифоъ мегӯянд, ба далели ахлоқӣ ва мулоҳизоти инсонӣ, то замоне, ки ҷасадҳои чаҳор халабони ҳалокшударо дар ихтиёр нагирифтаанд, аз эълони номи онҳо худдорӣ хоҳанд кард. Ҳарчанд номи ин афрод, бино ба маълумоти ҳамкоронашон маълум аст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки писари муовини вазири дифои Тоҷикистон, ки нерӯҳои ҳавоиро фармондеҳӣ мекунад, низ дар миёни ин кушташудагон ҳаст.




Аммо манобеи вазорат инро ҳам тасдиқ ё рад накарданд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ин чаҳор ҷасад ва ҳамчунин лошаи чархболи суқуткарда дар ихтиёри нерӯҳои НАТО дар ҷануби Афғонистон аст. Ва ҷасади халабонҳо аз маҳалли ҳодиса ба Қандаҳор мунтақил шуда, қарор аст, бо фароҳам шудани имкони парвоз, ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Ба гуфтаи масъулони вазорати дифоъ, сабабҳои суқути чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Зобул таҳқиқ мешавад, аммо ҳоло фарзияи аслии суқути чархбол, бо эҳтимоли қавӣ «вазъи номусоиди ҳаво» унвон шудааст.

Саъдӣ Одинаев, яке дигар аз халабонҳои тоҷик, ки аз соли 2001 ба ин сӯ дар Афғонистон бар асоси қарордод кор кардааст, мегӯяд, дар ин муддат борҳо шоҳиди суқути чархболҳои кӯмакрасон ба манотиқи кӯҳистонӣ будааст, аммо ҳаргиз шоҳиди ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва Толибон ба чархболҳои ғайринизомӣ нашудааст.

Ӯ роҷеъ ба фарзияҳои эҳтимолии суқути ин чархбол мегӯяд: «Шароити кор он ҷо мушкил аст, боду ҳаво зуд тағйир мекунад. Ҷое, ки инҳо парвоз мекарданд, ҳамеша зери назари нерӯҳои ҳавоии Амрико буд, ҳавопаймоҳои бесарнишин доим парвоз мекарданд. Ва имкони ҳамла ба ин чархбол тақрибан вуҷуд надорад. Дар ин муддат ягон чархболи ғайринизомӣ зада нашудааст. Фақат ин, ки имкон дорад дар ҳавои номусоид талош кунанд, ки бештар парвоз намоянд, то бештар даромад кунем, ин тарафи масъала ҳам ҳаст. Вагарна касе он ҷо барои парвоз маҷбур намекунад.»

Ба гуфтаи мақомоти вазорати дифоъ, ин чархбол аз моҳи майи соли гузашта то кунун дар Афғонистон бар асоси қарордод парвоз анҷом медод. Ин парвозҳо ба гуфтаи вазорати дифоъ "дар доираи барқарорсозии вазъи баъди ҷангии давлати Афғонистон дар якҷоягӣ бо қувваҳои байналмилалӣ, мусоидат ба амнияти ин минтақа" анҷом мегирифтаанд.

Он рӯз ба гуфтаи манобеи огоҳ, ду ҳайати халабонҳои Тоҷикистон дар осмони минтақаи Зобул парвоз анҷом медод. Чархболи якум чанд дақиқа қабл аз ин ҳодиса дар майдони ҳавои фуруд омад, аммо чархболи дувум то майдони ҳавоӣ нарасида суқут кардааст. Вазорати дифои Тоҷикистон хабари бархе расонаҳо дар мавриди он, ки мегӯянд, яке аз аъзои хадамаи ин чархбол зан аст, рад мекунад ва мегӯяд, ҳар чаҳор ронандаи ин чархбол шаҳрванди Тоҷикистон ва мард мебошанд. Дар ҳоли ҳозир чандин ҳайати дигари халабонҳои тоҷик дар Афғонистон машғули парвоз ҳастанд.

Гуфтанист, соли гузашта низ бар асари як сониҳаи ҳавоӣ дар гарданаи Соланги Афғонистон, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ширкати ҳавопаймоии "Помир" кор мекарданд, ҷони худро аз даст доданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG