Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчиён дар мақомоти Тоҷикистон "одам" доранд?


Нерӯҳои интизомӣ дар ноҳияи Шӯрообод алайҳи қочоқчиён, ба истилоҳи сокинон "амалиёти тобистона"-ро шурӯъ кардаанд. Дар рӯзҳои нахустини амалиёт, мақомот аз қочоқчиён беш аз сад килограмм маводи мухаддир ва чанд адад тиру туфанг мусодира кардаанд.

Дар рӯзҳои нахустини амалиёт, мақомот аз қочоқчиён беш аз сад килограмм маводи мухаддир ва чанд адад тиру туфанг мусодира кардаанд.

Соли аввал нест, ки дар ноҳияи Шӯрообод, ки марзи душворназорат бо давлати исломии Афғонистон дорад, чунин амалиёт сурат мегирад. Ҳар навбат мақомот тоза кардани қочоқчиён аз ҳудуди ин ноҳияро ваъда медиҳанд, аммо ин ваъда пас аз як моҳи амалиёт дубора кӯҳна мешавад.

Ҷалолиддин Садриддинов, як масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, манфиати гурӯҳҳои ҷиноии қочоқчӣ имкон намедиҳад, ки Шӯрообод пурра аз қочоқчиён тоза карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, марзи душворназорат, бо доштани кӯҳу ҷангалҳои мушкилгузари ин ноҳия қочоқчиёнро барои убур ҳавасманд мегардонад ва бо вуҷуди амалиёти ҷиддӣ онҳо дубора ба ин нуқтаи ҳасоси марз бармегарданд.

Ӯ гуфт, "Шӯрообод, ки марзи душворназорат дорад, барои ин ҷинояткорон мавзеи муносиб аст. Аз ин ҷо барои онҳо, ба назарам, ба дигар ҷо интиқол додани маводи мухаддир осонтар менамояд, вале бо талошҳои шабонарӯзии кормандони вазорати умури дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ на ҳамеша ба мақсад мерасанд."

Амалиёти Шӯрообод кай ниҳоӣ мешавад?

Амалиёти навбатии мақомоти қудратии кишвар бо огаҳии он, ки ба ҳудуди Шӯрообод гурӯҳи калони қочоқчиён ворид шудааст, шурӯъ гардид. Ба бархе тахминҳо дар ин гурӯҳ 70 ва ба бархе тахминҳои дигар дар он ба таври пароканда беш аз сад қочоқчӣ шомил аст.

Солҳои гузашта, аммо танҳо дар тобистону тирамоҳ чунин амалиёт барои маҳви гурӯҳҳои қочоқчӣ доир мегашт, вале ин амалиёт кай ниҳоӣ мешаванд, номаълум аст. Аммо як манбаъ аз Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ бидуни зикри номаш гуфт, ҳеҷ гоҳ марзшиканӣ ба мисли дигар давлатҳои дунё поён намеёбад, вале дар Шӯрообод марзшиканӣ замоне коҳиш меёбад, ки роҳ бунёд шавад ва марзбонон бо чархбол таъмин гарданд.

Ӯ бидуни зикри номаш гуфт, "аз Баҳорак то дидбонгоҳи сарҳадии Сари Ғор роҳи доимӣ нест. Инҷо ба мисли Дарвозу Ҳамадонию Фархор роҳ қад-қади дарё нест. Ҳатто дар замони ҳукумати Шӯравӣ роҳ набуд. Дидбонгоҳҳо аз лаби дарёи Панҷ дур ҷойгир шудаанд. Бовар дорам, агар роҳ сохта шавад ва сарҳадбонон бо чархбол таъмин шавад, дигар қочоқчиён бо чунин теъдод вориди хоки Тоҷикистон наҳоҳанд шуд."

Роҳе, ки танҳо қочоқчиён медонанд?

Ба қавли коршиносони маҳаллӣ дар зимистон ҳудуде аз ноҳияи Шӯрообод пурра ба қочоқчиёни маводи мухаддир тааллуқ мегирад, ки дар шароити зимистони ин ноҳия гузаронидани амалиёти ҷиддӣ тақрибан номумкин мегардад. Барот Низомов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, тавре ӯ шоҳид будааст, аксари амалиёти мақомот алайҳи қочоқчиён бенатиҷа анҷом меёбад.

"Одам"-и қочоқчиён кист?

Дар ин миён бархе коршиносон ҳам бо назардошти баъзан ошкоро гаштугузор кардани қочоқчиён тахмин мекунанд, ки онҳо шояд дар мақомоти кишвар "одам" дошта бошанд. Самад Рауфов, як коршиноси дигар мегӯяд,
"онҳо агар восита надошта бошанд, дар Шӯрообод чӣ мекунанд? Онҳо дар ин сӯи марз дар дохили бархе идораҳо шояд "одам" дошта бошанд. Агар мо шиносу воситаҳои онҳоро пайдо кунем, инҳо худашон гум мешаванд, зеро дигар бо кӣ ҳамкорӣ мекунанд?"

Гуфтанист, Шӯрообод бо доштани беш аз саду панҷоҳ километр хатти душворназорати марз ва пайваста рух додани ҳодисаҳои марзшиканӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад. Ҳоло амалиёти нерӯҳои интизомӣ зидди қочоқчиён дар ноҳияи Шӯрообод ва дар бархе аз қисмҳои ноҳияи Ҳамадонӣ ба тозагӣ шурӯъ шудааст ва анҷоми он маълум нест.
XS
SM
MD
LG