Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба дарди афғонҳо дар Шӯрообод даво мебахшанд


Сокинони вулусволии Хоҳони Афғонистон аз ин ба баъд дар беморхонаҳои ноҳияи Шӯрообод табобат хоҳанд гирифт.

Бар пояи як созишномаи миёни Кобулу Душанбе, тайи ду моҳи охир 15 бемор аз Хоҳони Афғонистон барои табобат ба Шӯроободи Тоҷикистон оварда шудаанд. Абдулбошир Қурбонов, пизишки беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и Шӯрообод, мегӯяд, аксари беморони интиқолёфта занон буданд, ки дар ҳолати вазнин қарор доштанд. Инчунин, ду кӯдак ва як ҷавон, ки аз зарбаи тир ҷароҳат бардошта буданд, дар Шӯрообод сиҳат ёфта, дубора ба зодгоҳи худ баргаштаанд.

Ҷаноби Қурбонов афзуд, "онҳо бисёр миннатдоранд. То Кобулу марказҳои ободтар роҳ надоранд, барои онҳо наздиктарин ҷой Шӯрообод аст. То кушода шудани ин роҳ, аз ҷиҳати бемордорӣ ҳоли нохуб доштаанд ва ҳоло бисёр миннатдоранд, ки барояшон иҷозаи овардани беморонашонро додаанд." Барои овардани як бемор аз марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон, яъне аз соҳили рӯдхонаи Панҷ камтар аз як соат вақт лозим аст.

Созишномаи овардани беморон аз Афғонистон дар ҳоле баста шуд, ки соли гузашта Бунёди Оғохон дар мавзеи Шоҳони Шӯрообод сохтмони як пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ миёни ду кишварро оғоз кард. Шоҳвалӣ валади Мирзохон, як сокини вулусволии Хоҳон мегӯяд, вазъи хидматрасонии тиббӣ дар деҳоти наздимарзӣ хеле бад аст ва то кунун садҳо ҳолате сабт шудааст, ки аз нарасидани пизишкон сокинон ҷони худро аз даст додаанд.

"Ин амбулонс (мошини ёрии таъҷилӣ)-е, ки раисиҷумҳури Шумо ба мо додааст, хидмати зиёд кард ва умед дорем, дар оянда низ хоҳад кард. Мардуми мо ниёз ба кӯмаки аввалияи тиббӣ дорад, ки танҳо бо ин роҳ имконпазир аст. Ҷони инсонҳоро аз марг раҳонидан савоби хеле баланд дорад, ки инро барои мо бародарони тоҷик арзонӣ доштаанд",-илова кард ӯ. То бунёди ин пули иртиботӣ ҳоло сокинон тариқи як дастгоҳи обгузар рӯди Панҷро убур мекунанд.

Таҳкурсии ин пул, ки дар моҳи ноябри соли гузашта гузошта шуда буд, ба нисфи худ расидааст. Давлат Файзимадов, муовини раиси ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, бо чунин раванди корҳо умед аст, ки то моҳи октябри соли ҷорӣ сохтмони ин пул пурра ба анҷом бирасад: "Ҳоло коргарон хеле хуб кор мекунанд. Ҳамаи корҳо дар доираи нақшаи пешакӣ таҳияшуда анҷом меёбанд. Аз ду тараф роҳҳо сохта шуданд. Дар кори пулсозӣ як чизро апора мегӯянд, ки ҳоло мо онҳоро арматурбандӣ мекунем."

Ҳукумати Олмон ба Хазинаи Оғохон барои бунёди ин пул (купрӯк), ки 162 метр дарозӣ дорад, беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин нахустин пули иртиботӣ дар минтақаи Кӯлоб аст, ки сокинони ду соҳили рӯдхонаи Панҷро ба ҳам мепайвандад. То пурра ба анҷом расидани сохтмони ин пул, яъне то моҳи ноябр, беморон аз вулусволии Хоҳони Афғонистон тариқи дастгоҳи обгузар ва як мошини ёрии таъҷилӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тӯҳфа шудааст, ба беморхонаҳои Шӯрообод оварда хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG