Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳии писари Кабирӣ мавқуф гузошта шуд


Муҳаммади Тиллозодаро ба додгоҳ меоранд

Муҳаммади Тиллозодаро ба додгоҳ меоранд

Субҳи имрӯз, 22-юми июн, дар додгоҳи шаҳри Ваҳдат муҳокимаи парвандаи Муҳаммад Тиллозода, писари раҳбари ҲНИТ шурӯъ шуд.

Хабарнигори "Озодӣ" иттилоъ дод, ки мурофиа бо роҳбарии додрас Парвина Раҷабова оғоз гардид ва аммо ба хотири ҳузур надоштани намояндаи айбдоркунандаи давлатӣ то 25-уми июн мавқуф гузошта шуд.

Аммо намояндагони додситонии шаҳри Ваҳдат сабаби ҳузур надоштани айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаро огоҳӣ нашудан аз замони баргузории ин ҷаласа унвон карданд. Онҳо мегӯянд, мебоист додрас панҷ рӯз қабл аз баргузории ҷаласаи додгоҳ тарафҳои дахлдори қазияро огоҳ мекард.

Дар оғози мурофиа айбдоршаванда Муҳаммади Тиллозода худро донишҷӯйи донишгоҳи исломии Малайзия муаррифӣ кардааст. Аммо вакили мудофеи вай Бузургмеҳр Равшан ба додгоҳ санадеро пешниҳод намуд, ки тибқи он Муҳаммад аз ин донишгоҳ хориҷ шудааст. Бо ин ҳам, Муҳиддин Кабирӣ -- раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, дар ин мурофиа ширкат накарда, аммо ҳамсари ӯ -- модари айбдоршаванда ҳузур доштааст.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеи писари Муҳиддин Кабирӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо хулосаи таҳқиқи муфаттишон ошно шудааст, ки тибқи он сабаби рух додани ин садама -- бепарвоӣ ва саҳлангории ронанда Муҳаммади Тиллозода буда, ҷурми ӯ дар ҳадди миёна арзёбӣ шудааст. Ба қавли вакили мудофеъ, ҷиноятҳо тибқи Кодекси кайфарии Тоҷикистон ба се бахш -- ҷинояти вазнин, миёна ва аз ҳама вазнин тақсимбандӣ мешаванд, ки амали Муҳаммади Тиллозода дар ҳадди миёна мансуб мешавад.

Муҳаммади Тиллозода ҳангоми ҳаракат вақте писарбачаи 12- соларо мебинад, ки қасди аз роҳ гузаштанро дорад, сигнали мошинро баланд мекунад, вале вай ба ин аҳамият намедиҳад. Вакили мудофеи Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, тафтишот нишон додааст, ки ҳангоми вуқӯи ҳодиса суръати мошини Муҳаммади Тилозода 42 километр дар соат, яъне камтар аз нишондоди суръате мебошад, ки дар ин ҷода таъйин шудааст. Суръати ҳаракат дар ин ҷода 60 километр дар соат иҷоза дода шудааст.

Ба ҳар сурат, барои ин амал қонуни ҷиноии Тоҷикистон то се соли маҳрумият аз озодӣ нишон додааст, вале ба қавли Бузургмеҳри Равшан, азбаски волидони Муҳиддин Ортиқов аз додситонӣ дархост кардаанд, ки даъвое дар нисбати Муҳаммади Тиллозода надоранд ва аризаи худро ба ин мазмун пешниҳод кардаанд, аз ин рӯ парвандаи мазкур бояд қатъ карда шавад.

Хотиррасон мекунем, писари 21-солаи раиси ҲНИТ, рӯзи 3-юми май бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG