Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири умури дохилии Тоҷикистон сардори шӯъбаи БДА (ГАИ)-и ноҳияи Ваҳдатро аз мақомаш барканор кардааст.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Сӯфӣ Хокироев -- майори милиса ва сардори шӯъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (БДА) дар шаҳри Ваҳдатро ба сабаби ронандагии маргбор аз мақомаш барканор кардааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, як масъули дафтари матбуоти ВУД, ин хабарро тасдиқ карда ва гуфт, Хокироев рӯзи 16-уми июн зимни ҳаракат дар яке аз хиёбонҳои Душанбе “меъёрҳои бехатарӣ”-ро риоят накарда ба мошини дигаре бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи ин мошин Сироҷиддин Солеҳови 48-сола ҳалок мешавад.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, Сӯфӣ Хокироев тақрибан як сол инҷониб дар мақоми раиси шӯбъаи БДА-и ноҳияи Ваҳдат ифои вазифа мекард. Ӯ ба суоли мо дар ин бора, ки оё "муҷозот"-и Сӯфӣ Хокироев бо барканорӣ аз мақомаш анҷом шудааст, гуфт, бақияи кор дар дасти додситонист, ки оё нисбат ба ӯ парванда боз хоҳад кард, ё на. Аммо мақомоти Додситонии кул аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки тайи тақрибан ду моҳи охир дар пайи як садамаи маргбор Муҳаммад Тиллозода -- писари раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳи рақами яки пойтахт нигоҳдорӣ мешавад. Писари 21-солаи Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи 3-юми май бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтид.

Дар як соли пеш фарзанди 24-солаи Нусратулоҳ Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бар асари як садами ронандагӣ, корманди як ширкати роҳсозии Чинро кушта буд. Фарҳод Абдуллоев, бо ҳукми додгоҳ панҷ сол равонаи зиндон шуд ва бар асоси қонуни афви соли 2011-ум аз ҷазо озод шуд.

Дар соли 2008-ум Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва ҳоло узви порлумон дар як садамаи ронандагӣ як нафарро ба ҳалокат расонда буд. Бобур Азимов замони рух додани ҳодиса ба ҳайси муфаттиши додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифои вазифа менамуд.

Аз оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 350 садами ронандагӣ рух дода, ки бар асари ин ҳодисаҳо бештар аз 10 нафар кушта ва ҳудуди 400 нафар захмӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG