Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи писари раиси ҲНИТ ба додситонӣ рафт


Муҳаммади Тиллозода

Муҳаммади Тиллозода

Пулис тафтиши парвандаи Муҳаммади Тиллозода, писари раиси ҲНИТ-ро анҷом дода, ба додситонии Ваҳдат фиристодааст.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеи писари Муҳиддин Кабирӣ ба "Озодй" гуфт, ки бо хулосаи таҳқиқи муфаттишон ошно шудааст, ки тибқи он сабаби рух додани ин садама -- бепарвоӣ ва саҳлангории ронанда Муҳаммади Тиллозода буда, ҷурми ӯ дар ҳадди миёна арзёбӣ шудааст. Ба қавли вакили мудофеъ, ҷиноятҳо тибқи Кодекси кайфарии Тоҷикистон ба се бахш -- ҷинояти вазнин, миёна ва аз ҳама вазнин тақсимбандӣ мешаванд, ки амали Муҳаммади Тиллозода дар ҳади миёна мансуб мешавад.

Муҳаммади Тиллозода ҳангоми ҳаракат вақте писарбачаи 12- соларо мебинад, ки қасди аз роҳ гузаштанро дорад, сигнали мошинро баланд мекунад, вале вай ба ин аҳамият намедиҳад. Вакили мудофеи Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, тафтишот нишон додааст, ки ҳангоми вуқӯи ҳодиса суръати мошини Муҳаммади Тилозода 42 километр дар соат, яъне камтар аз нишондоди суръате мебошад, ки дар ин ҷода таъйин шудааст. Суръати ҳаракат дар ин ҷода 60 километр дар соат аст иҷоза дода шудааст.

Ба ҳар сурат, барои ин амал қонуни ҷиноии Тоҷикистон то се соли маҳрумият аз озодӣ нишон додааст, вале ба қавли Бузургмеҳри Равшан, азбаски волидони Муҳиддин Ортиқов аз додситонӣ дархост кардаанд, ки даъвое дар нисбати Муҳаммади Тиллозода надоранд ва аризаи худро ба ин мазмун пешниҳод кардаанд, аз ин рӯ парвандаи мазкур бояд қатъ карда шавад. Аммо додситонии ноҳияи Ваҳдат ҳанӯз мавқеи худро дар мавриди парвандаи мазкур шарҳ надодааст.

Хотиррасон мекунем, ки писари 21-солаи раиси ҲНИТ, рӯзи 3-юми май бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG