Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ боздошт шуд


Акс аз торнамои "Тоҷнюз".
Акс аз торнамои "Тоҷнюз".

Муҳаммади Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ -- раиси ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон дар боздошт аст.

Муҳаммади Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ -- раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққати шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат нигоҳ дошта мешавад.

Бино ба иттилои мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, писари 21-солаи раиси ҲНИТ, рӯзи 3-юми май бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кардааст, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтидааст.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, бовар дорад қазия дар чаҳорчӯби қонун ҳалли худро меёбад ва ғаразҳое, ки ахиран алайҳи ҳизб ва раҳбараш буруз кардаанд, ба ин қазия таъсир нахоҳад кард.

Дар як соли пеш фарзанди 24 солаи Нусратулоҳ Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон бар асари як садами ронандагӣ, корманди як ширкати роҳсозии Чинро кушта буд. Фарҳод Абдуллоев, бо ҳукми додгоҳ панҷ сол равонаи зиндон шуд ва бар асоси қонуни афви соли 2011 аз ҷазо озод шуд.

Дар соли 2008 Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як садамаи ронандагӣ як нафаро ба ҳалокат расонда буд. Ӯ низ бар тибқи моддаи 212 қонуни ҷиноии Тоҷикистон панҷ сол равонаи зиндон шуда, се соли баъд аз зиндон раҳо ва аз ҳаққи ронандгӣ маҳрум карда шуд. Бобур Азимов замони рух додани ҳодиса ба ҳайси муфаттиши додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифои вазифа менамуд.

Бар тибқи иттилои вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ бар асари садамаи ронандагӣ 13 ноболиғ кушта шуда ва 76 ноболиғи дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 346 садами ронандагӣ рух дода бар асари ин ҳодисаҳо бештар аз 10 нафар кушта ва 378 нафар захмӣ шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин дар ҳолест, ки дар муқоиса ба чаҳор моҳи соли гузашта 44 дарсад ҳодисаҳои ронандагӣ коҳиш ёфта ва шумораи кушташудагон бар асари ин ҳаводис 33 нафар камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG