Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М. Кабирӣ: "Писарам бояд омодаи ҳамагуна ҳукм бошад"


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Боздошти дубораи писари Шуморо баъд аз як тасодуми автомобилӣ ба фаъолиятҳои сиёсии шумо марбут медонанд. Назари худи Шумо чист: кадом алоқа ва иртиботе байни ин боздошт ва фаъолиятҳои сиёсии Шумо, фикр мекунед, вуҷуд дорад?

Муҳиддин Кабирӣ: "Фикр намекунам, ин кор ба фаъолияти сиёсии банда рабт дошта бошад. Шояд мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ далеле доштанд, ки чунин тасмим гирифтанд. Ман аз ҳуқуқшиносҳо ва адвокатҳо суол кардам, ки дар ҳолатҳое, ки чунин тасодуф мешавад, то рӯзи мурофиа гумонбаршуда чи вазъият хоҳад дошт. Онҳо гуфтанд, ки маъмулан нисбат ба ин гуна корҳо, то рӯзи баргузории додгоҳ, бо гирифтани забонхат дар бораи набаромадан аз ҳудуди кишвар иктифо мекунанд. Вале ҳарчанд ин ҳодиса саволҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст, аммо фикр мекунам ҳеҷ рабт ба фаъолияти сиёсии мо надорад."

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки боздошти такрории писаратон фишор болои Шумост?

Муҳиддин Кабирӣ: "Фикр намекунам, фишор ба мо бошад. Касоне, ки моро хуб мешиносанд, медонанд, ки фишор таъсир нахоҳад дошт. Рӯзе, ки аз ин ҳодиса огоҳӣ ёфтам, ба аёдати хонадони он писарбачаи шаҳид рафтем. Он ҳолате, ки мо ва падари он шаҳид доштем, фақат худамон медонему Худо. Бале, дар натиҷаи ин тасодуф инсон аз дунё рафт ва инро бо ҳеҷ таъзияе ва хамдардие ҷуброн карда намешавад. Худованд ва волидайни марҳум медонанд, ки ин тасодуфи фоҷиаборе беш нест ва бахшидани онҳо муҳимтар аз ҳама аст. Вале, қонун бояд риоя шавад ва адолат ҳар чизеро тақозо намояд, мо бояд итоаткор аз он бошем. Инсонҳоро дар чунин ҳолат метавон шинохт. Волидайни ин шаҳид ба синни ҷавонии худ нигоҳ накарда, ибрати воқеии як мусалмон ва тоҷики боимону ҳимматбаландро нишон доданд. Ба писарам ҳам ҳамон рӯз гуфтам, ки аз ин ба баъд ҳарчи ба сарат омад, бояд аз Худованд бидонӣ ва сабру таҳаммул пеша намоӣ ва интизор набош, ки ба ҷое занг мезанам ва талош хоҳам кард барои сабук кардани вазъият. Зарур надонистам, ки ҳатто ба аёдаташ биравам ё занг бизанам. Ҷавонмард аст, бояд худаш дарк намояд ва омодаи ҳамагуна ҳукм бошад."



Радиои Озодӣ: Ҳоло дар боздоштгоҳ аст?

Муҳиддин Кабирӣ: “Бале.”

Муҳаммад Тиллозода (Кабирӣ)

Муҳаммад Тиллозода (Кабирӣ)

Радиои Озодӣ: Дар ин чанд моҳи ахир мушоҳида мешавад, ки фишорҳо болои ҲНИТ зиёд шудааст ва гуфта мешавад, ҳодисаи ба сари писаратон омада боиси бештар шудани чунин фишорҳо мегардад. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки шояд дар чунин маврид Кабирӣ аз мақоми раҳбарии ҳизб ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи фишорҳо истеъфо диҳад. Чун гуфта мешавад, ин шахсияти Шумост, ки боиси фишорҳо болои ҳизб шудааст...

Муҳиддин Кабирӣ: “Бубинед, ҳамон рӯз дар шаҳри Ваҳдат чаҳор садамаи автомобилӣ рух додааст, ки натиҷааш ба шаҳодат расидани инсонҳо буд. Аз ин чор ҳодиса танҳо дар яктоаш чораи ҳабси пешакӣ татбиқ карда шуд. Ҳеҷ кадоме аз мо замонати онро надорем, ки ба чунин ҳодиса нахоҳем афтод. На писари ман, на худи ман ва на каси дигар. Ҳар касе, ки аз мусибати шахси дигар сиёсат метарошад ва мехоҳад истифода барад, дониста бошад, ки рӯзе натиҷаи онро хоҳад дид, ин суннати ҳаёт аст. Вале агар воқеан ҳам вазъияти ба вуҷуд омада ба ҳизб латма ворид кунад, барои ман воҷиб мешавад, ки истеъфо бидиҳам. Манфиати ҳизб болотар аст ва агар зарур шавад, чаро не?”

Радиои Озодӣ: Аз чаҳор ҳодисаи рухдода дар он рӯз танҳо алайҳи писари Шумо чораи ҳабси пешакӣ татбиқ шудааст. Агарки падари ӯ як шахси сиёсӣ набуд, шояд бо ӯ низ муносибат амсоли бақия мешуд. Пас, ин як навъ фишор нест?

Муҳиддин Кабирӣ: “Ин савол бояд ба касоне дода шавад, ки чунин ҳукмро содир кардаанд. Чун ман ба худ қавл додам, ки дар рафти мурофиа ба рафтори мақомот баҳогузорӣ нахоҳам кард. Ҳар гуна баҳогузорӣ метавонад дахолат арзёбӣ шавад, ки хуб нест. Чаро мо нисбати коре, ки ба натиҷа нарасидааст, пешзеҳният ба вуҷуд биёварем ва довариҳое кунем, ки шояд дуруст набошад? Суд ниҳоди ғайри сиёсӣ бояд бошад ва умедворам чунин ҳам мешавад.”

Радиои Озодӣ: Рӯйхатеро иборат аз размандагони пешини ИНОТ барои афв ба ҷаноби раисиҷумҳур пешниҳод кардед, ки дар бораи он дар расонаҳо сару садоҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Шумо аз ин рӯйхат қаблан огоҳӣ доштед ва ба худи Шумо мувофиқа шуда буд?

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ: “Инҷо мехоҳам, як каме муфассалтар дар бораи ин нома ва ин рӯйхат сӯҳбат намоям, чун аз вокунишҳо огоҳам. Вақте бахшида ба бистсолагии истиқлолият қонуни афв қабул карда шуд, мо ин масъаларо дар ҳамон вақт матраҳ кардем, ки каме доираи афвро васеътар кунед ва иштирокчиҳои муқовиматҳои низомӣ-сиёсиро ҳам бояд аз ҳарду тараф ворид кард. Ҳам аз Фронти Халқӣ ва ҳам аз ИНОТ. Вале масъулони қонуни афв гуфтанд, ки як каме дер шуд ва хуб мебуд, ки шахсан худи Шумо ин пешниҳодро ба раҳбарияти кишвар дар арафаи 15-солагии имзои Созишномаи умумии сулҳ кунед ва афви ин афрод барои он ҷашн муносибтар аст. Ҳатто, ваъда ҳам шуд, ки агар он вақт Шумо пешниҳод намоед, мо дар амалӣ шудани он мусоидат хоҳем кард. Вақте мо номаро омода мекардем, боз як фикри дигар ба вуҷуд омад, ки шояд барои кӯмак расонидан ба мақомот, бахусус, сохторҳое, ки лоиҳаи қонунро омода мекунанд, як рӯйхат пешниҳод намоем, сабуктар шавад. Онҷо касоне ворид шуданд, ки худашон ё пайвандонашон хаттӣ ба мо муроҷиат намудаанд, то дар озод шуданашон мусоидат намоем. Мо агар рӯйхати собиқ аъзои Фронти Халқиро ҳам медоштем, шояд онро ҳам ворид мекардем. Вале, мутаассифона, дар ихтиёр надорем. Ҳатто, рӯйхати собиқ размандагони ИНОТ ҳам пурра нест. Маънои онро надорад, ки агар қонуни афв қабул шуд, танҳо ҳамин 161 нафар афв мешаванду дигарҳо не. Ин танҳо кӯмакест барои онҳое, ки дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва ё Маҷлиси Намояндагон рӯйхати афвро омода хоҳанд кард."

Радиои Озодӣ: Шумо чанд навбат дар бораи сулҳ ва Созишномаи сулҳ сӯҳбат кардед. Аммо имрӯз чунин ба назар мерасад, ки ҲНИТ - як ҷониби ин сулҳ дар вазъияти на он қадар хуб қарор дорад. Ниҳодҳо ва мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо фишорро болояш зиёд кардаанд. Муносибат комилан тағйир хӯрдааст. Фикр мекунед, чаро?

Муҳиддин Кабирӣ: "Чаро Шумо фикр мекунед, вазъияти ҲНИТ бад аст. Мо чунин эҳсос намекунем ва баръакс фикр мекунем вазъияти ҳизби мо хуб аст. Ҳизб рушд мекунад ва пойгоҳи иҷтимоиаш қавитар шуда истодааст, сафи аъзои ҳизби мо аз ҳисоби ҷавонон ва рӯшанфикрон рӯзбарӯз зиёд мешавад. Агар касе болои мо фишор меорад, маънои онро надорад, ки вазъи мо бад аст. Шояд вазъи касе бад аст, ки болои мо фишор меоварад."

Радиои Озодӣ: Манзурам он аст, ки ҳукумати феълӣ ҳам як ҷониби сулҳ аст ва ҲНИТ ҷониби дигари он ки даст додаву оштӣ шудаанд, вале ҳоло муносибати ҳукумат ба унвони як ҷониби сулҳ ба ҷониби дигари он дигар шудааст...

Муҳиддин Кабирӣ: "Сабаб дар он аст, баъзеҳо омода набуданд, ки баъд аз имзои Созишномаи сулҳ Наҳзат дар ҷомеа нуфуз пайдо мекунад ва ҷойгоҳи мардумиаш қавӣ мегардад ва як каме саросема шуданд. Вале ин як марҳилаи муваққатӣ ва гузаранда аст. Оҳиста -оҳиста ба ин воқеиятҳои нав одат хоҳанд кард ва бояд созиш кунанд, роҳи дигар нест. Чун бо фишору таъқиб ва эҷоди маҳдудият ҳеҷ гоҳ масоили сиёсиро намешавад ҳал кард. Ҳамеша омода ҳастем, медонем, ки болои як ҳаракати мардумӣ ва адолатпеша ва озодихоҳ ин фишорҳо ва маҳдудиятҳо бояд биёянд. Он чи ҳизб ё ҳаракати мардумӣ аст, ки болояш фишор набошад? Барои ҳамин, бояд ҳамеша омодаи чунин вазъият буд."

Радиои Озодӣ: Яъне аз онки як ҷониби сулҳ дар сари қудрат боқист ва аз имконоти иқтисодиву низомиву сиёсӣ бархӯрдор аст, тарафи дигарро комилан аз сафҳа берун андохтанист...

Муҳиддин Кабирӣ: "Намедонам, ҳадафи дигарон чӣ аст, вале як нерӯи сиёсиро танҳо мардум метавонад аз саҳна берун кунад, на нерӯи амниятӣ, на пулис, на артиш. Таҷриба исбот кард. Ҳатто баъзе нерӯҳои сиёсиро аз кишварҳояшон пурра ронданд. 20-30 сол онҳо дар хориҷа, дар ғурбат буданд, вале билахира бо сари баланд ба ватан баргаштанд. Мисоли равшани он ҳаводиси кишварҳои арабӣ аст. Наҳзтаи исломии Тунис 22 сол дар кишвараш мамнӯъ буд ва ҳама дар хориҷ аз кишвар буданд, вале бо сари баланд баргашт ва роҳбарии кишварро бар ӯҳда дорад ва воқеан ҳам нишон дода истодааст, ки чи гуна як давлати демократӣ бояд сохт. Пас, мо ҳоло эҳсос накардем, ки касе моро бо воситаи артиш, амният ва ё пулис мехоҳад аз саҳна берун кунад. Он корҳои ҷудогонае, ки анҷом мешавад ва мо онҳоро албатта, эҳсос мекунем, аз тариқи додгоҳ ҳал хоҳем кард ва чунин муроҷиатҳо шуда истодаанд. Аз ин рӯ, мо чандон нигарон нестем."

Радиои Озодӣ: Омода ҳастед, ки ба хориҷа биравед ва аз онҷо ба фаъолият идома диҳед?

Муҳиддин Кабирӣ: "Фикр намекунам, ки кор то ба ин ҳад хоҳад расид. Вале бо ин ҳол, ҳиҷрат кардан ҷузъи эътиқодоти мусалмон ҳаст ва набояд аз ин тарсид. Паёмбарон ҳам дар натиҷаи фишор ҳиҷрат мекарданд ва ҳамин солшумории ҳиҷрии мо ҳам аз соли ҳиҷрати Муҳаммад (с) шурӯъ гашт. Садҳо ҳазор ҳамватани мо ба хотири касби ризқ ба Русия ва хориҷ ҳиҷрат кардаанд. Шояд аз нигоҳи коршиносону таҳлилгарон вазъ чунин буҳронӣ намояд, аз нигоҳи мо оддӣ аст ва бовар дорам, боз беҳтар хоҳад гашт. Агар лозим бошад ва исбот шавад, ки воқеан имрӯз мавҷудияти мо ба зарари манофеи миллату кишвар аст ва дар сурати набудани мо ҳама мушкилоти ҷомеа ҳал хоҳад шуд, ҳиҷрат кардан барои мо воҷиб мешавад. Мо набояд мунтазир бошем, ки касе моро бигӯяд, ки ҳиҷрат кунем. Мо бояд худамон ҳиҷрат кунем ва ҳатто бештар аз ин гуфтаем, ки агар исбот кунанд, ки фаъолияти ҲНИТ қатъ шавад, вазъияти кишвар беҳтару хубтар мешавад, мо омода ҳастем ва бояд фаъолияти ҳизбро қатъ кунем. Вале, ин бояд сари миз ва бо далелу мантиқ исбот шавад, на тариқи фишор ва бо мақолаҳои мустаор."

Радиои Озодӣ: Шояд аз ин суол як кам озурда бишавед. Вале ба маросими ҷанозаи модар иштирок накардани Шуморо ҳар гуна тафсир карданд. Ҳатто дар нашрияи расмии "Ҷумҳурият" матлаб чоп шуд ва таъна ҳам карданд, ки Кабирӣ наомад. Оё сабаб чӣ буд?

Муҳиддин Кабирӣ: "Чунин ба назар мерасад, ки баъзе ҳамватанони мо дар инкубатор таваллуд шуда бошанд ва ҳеҷ гоҳ модар надоштаанд. Манзурам, касоне аст, ки чунин менависанд ва мегӯянд. Ба масоили модариву фарзандии як каси дигар даст задан ва он ҳам бо ғаразҳои сиёсиву дар расонаҳои расмии давлатӣ дигар ҷойи тафсир надорад. Чун ҳар касе, ки модар дошта бошад, чунин наменависад. Ҳатто, агар супориш ҳам гирифта бошед, Кабириро бо тамоми вуҷудатон бад бинед ҳам, набояд чунин навишт. Ҳар чиз меъёр дорад. Писарам ҷавонмард аст, ҳарчӣ мехоҳанд бикунанд, вале модар чизи дигар аст. Шумо медонед, одати ҷавоб гуфтан ба чунин мавод надорам. Фақат ба хотири равшанӣ андохтан ба чанд ҷузъиёт инро мегӯям, ки аввалин суоли мо баъд аз гирифтани хабар он буд, ки парвози аввал ба Тоҷикистон соати чанд аст. Фарқ надорад, Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд. Вақте гуфтанд, ки бегоҳ аст, суроғи наздиктарин парвоз аз тариқи Дубай, Алмаато, Бишкек, Туркия ё ҳарҷои дигар афтодем. Маълум шуд, ки ҳеҷ парвозе ба вақти ҷаноза намерасад, чун пас аз намози пешини ҳамон рӯз муайян кардаанд. Аввалин парвоз ҳам охири шаб ба Душанбе мерасид, ки бо он ҳам омадем. Чун парвоз шабона буд ва мардуми бехабар аз ин мусибат дар толори муайяншуда ҷамъ шуда буданд, лозим донистам, ки ҳадди ақал то парвоз ду вохӯриро қатъ накунам ва фикр мекунам, дуруст ҳам кардам. Агар банда як рӯз пеш бо модарам дидор дида будем, он ҳамватанонамон солҳо боз падару модарашонро надидаанд ва байни онҳо ҳам кам нестанд, ки мисли мо дар ҷанозаи модар натавонистанд ширкат намоянд. Имрӯз баъзеҳо таъна мекунанд, ки мо вохӯрироо қатъ накардем. Магар он муҳоҷир намегуфт, ки мо ҳам модар доштем ё дорем, магар намешуд, ки то парвоз бо мардуми ҷамъшуда аз дуру наздик вохӯрӣ намояд? Бовар кунед, мунтазири таъзия аз баъзе ҷонибҳо набудам, чун медонам, ки фарҳанги сиёсии мо дигар аст, вале сабр мекарданд, ки як муддате мегузашт. Новобаста аз дидгоҳҳоямон, ҳамаамон мусалмон, тоҷик ва ҳамватан ҳастем ва кишвари мо ҳам чандон бузург нест. Ин мақому вазифаву мансабҳо аз сари ҳамаи мо мемонад ва ҳамон инсонигариву одамгариамон боқист, инро набояд аз даст дод. Бо истифода аз ин фурсат, миннатдории худро ба ҳама касоне, ки бо дуояшон бо мо буданд, изҳор мекунам ва Парвардигор ҷои ҳама модарони гузаштаро ҷаннат гардонад, аз ҷумла, азизи дили моро ҳам."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG